logo

фарҳанг

ВАО ВА ТАҲКИМИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Гурӯҳи калони кормандони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки нашрияю расонаҳои электронии ин кишварро дар ҷумҳурии мо намояндагӣ доранд, ҷиҳати шиносоӣ  бо ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Тибқи барнома дар оғози сафар журналистони кишвари ҳамсоя  бо шароити кории ҳамкасбони худ шинос шуда, дар бинои “Кохи матбуот” бо аҳли қалам, адибон, устодони макотиби олӣ мулоқот доир карданд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳайати меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз густариши ҳамкориҳо миёни ду мамлакати ҳамсоя ва дӯст сухан гуфт.
- Маҳз иқдоми хирадмандонаи ду сарвари давлат буд, ки шурӯъ аз моҳи марти соли равон марзҳо кушода шуда, омадурафти бемонеаи мардум таъмин гашт, - таъкид  дошт Рустам Раҳматзода. - Имрӯзҳо садҳо нафар ҷиҳати  ҳамкорӣ дар бахши соҳибкорӣ, шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар анҷом медиҳанд. Ҳамоишҳои муштараки иқтисодиву фарҳангӣ баргузор шуда, иқдомҳои мазкур аз таҳкими қавии минбаъдаи муносибатҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Шарофат Эрматова, раиси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Ориён", аз истиқбол ва пазироии гарму самимии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипос  кард.
- Дар Ӯзбекистон низ мардум аз густариши дӯстиву ҳамкорӣ миёни ду мамлакат  самимона изҳори шодмонӣ доранд, - иброз дошт Ш. Эрматова. Дӯстии ин ду халқро, сарфи назар аз баъзе мушкилиҳо, ҳеҷ чиз халалдор сохта наметавонад, садсолаҳо мо бо ҳам будему дӯстиву рафоқату бародарӣ бо мо буд. Ҳоло дар  245 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ӯзбекистон таълим бо забони тоҷикӣ буда, аз оғози соли нави таҳсил дар бисёр донишгоҳҳои минтақаҳои гуногун, ки  аҳолии тоҷикнишин доранд, риштаҳои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз мекунанд, ки аз тасмимҳои ҷиддии роҳбарияти ҷумҳурии мо дарак медиҳад.
Ҳайати журналистони кишвари ҳамсоя дар ҷараёни сафар, ҳамчунин, аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, бозори машҳури “Панҷшанбе”,  масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳитдини шаҳри Хуҷанд, шаҳру навоҳиии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон боздид ба амал оварданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2018    №: 158    Мутолиа карданд: 171

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед