logo

иқтисод

МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Дар даврони   соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкатҳои ватании сохтмонию лоиҳакашӣ ва сохтмончиёну меъморони баландихтисоси дорои донишу малакаи замонавӣ дар ҷумҳурӣ ба арсаи созандагӣ омаданд. Имрӯзҳо меъморони ватанӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ фаъолияти пурсамар доранд ва беҳтарин тарҳҳои биною иншоотро омода ва амалӣ месозанд.
Баробари  ин, барои рушду инкишофи соҳаи меъморию сохтмон дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола бо заҳмати меъморону сохтмончиёни ватанӣ иншооти муҳташаму хуштарҳ дар гӯшаю канори мамлакат бунёд меёбанд. Сохтмони  манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, бахусус дар шаҳри Душанбе, васеъ ба роҳ монда шудааст. Тайи ду соли охир намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва боҳашамат гардида, Душанбе ба шаҳри замонавии беназир табдил ёфт.  Чунин дигаргуниҳои хушҳолкунанда на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру навоҳии кишварамон ба амал омада истодаанд.
Ташаббускори азнавсозиҳо ва илҳомбахши сохтмони иншооти муосир дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, соҳаи сохтмону меъморӣ  ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Бовар аст, ки  сарзамини хуршедии мо таҳти сарварии Пешвои миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамсафи кишварҳои тараққикарда  мегардад.
Бунёд  ва ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз таҳияи мукаммали нақшаҳои генералӣ вобастагӣ дорад. Дар асоси рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила нақшаҳои генералӣ аз нав таҳия гардида, барои бо низоми муайян бунёд намудани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васею хиёбонҳои зебо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби кумита ба татбиқи босифати нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияи мамлакат нақшаи генералии 57 шаҳру ноҳия пурра таҳия гардида, тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат мавриди амал қарор доранд.
Мутахассисони кумита дар ин давраи соли 2018 дар  шаҳру ноҳияҳои мамлакат назорати сифати корҳои сохтмон ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозиро боз ҳам пурзӯр карда, сохтмони 680 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор доданд ва 1403 санҷиш гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 701 амрнома пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, кормандони кумита вазифаҳоеро, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ва  сафарҳои кории Сарвари давлат  ба шаҳру ноҳияҳо ба фаъолияти онҳо вогузор шудааст, самтҳои асосии кори худ қарор дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо талош менамоянд.
Дар рафти омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ барои масъулони кумита ва меъморону лоиҳакашони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  марҳилаи нави созандагиҳо оғоз меёбад. Иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП1059 24 ба ифтихори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ самти муҳими фаъолияти сохтмончиёну меъморон қарор гирифтааст. Аллакай аз ҷониби мутахассисону кормандони кумита, лоиҳаҳои намунавии синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ва майдончаҳои варзишӣ барои  ҳар як деҳу маҳали аҳолинишини мамлакат таҳия гардидаанд.  Масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони дигари воқеию ҳуқуқӣ имкон доранд, ки  вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намоянд.
Ҷамшед АҲМАДЗОДА,
раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2018    №: 158    Мутолиа карданд: 167

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед