logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»),
бо пайравии устувор ба Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 15 марти соли 2007, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 13 августи соли 2007, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И. Алиев аз 12 июли соли 2012, Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 октябри соли 2014
доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор дода,
бо итминони комил, ки таҳкими дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон ва саъйи Тарафҳо ҷиҳати баровардани муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан беҳтар ба таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тарафҳо мусоидат хоҳад кард ва омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва рушд хоҳад буд,
бо риояи устувори меъёрҳо ва принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳуҷҷатҳои дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ қабулгардида,
бо таъкид ба азми қавии худ ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнидавлатӣ бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии онҳо, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда,
бо таъкид ба омодагии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар асоси волоияти қонун, демократия, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ,
бо мақсади сифати нав бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, истеҳсолот, илму техника, кишоварзӣ, иттилоот, гуманитарӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии он, изҳор менамоянд:
1. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати баровардани робитаҳои дуҷониба ба сатҳи баландтари ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии онҳо, баробарҳуқуқӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, иҷрои содиқонаи уҳдадориҳо, инчунин, дигар меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ баён менамоянд.
2. Тарафҳо омодагии худро барои таъмиқи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар ҳамаи сатҳҳо, баргузории сафарҳои мутақобила, рушди таҷрибаи машваратҳои дуҷониба вобаста ба сиёсати хориҷӣ ва дигар машваратҳо дар сатҳҳои гуногун доир ба масъалаҳои дорои манфиати мутақобила изҳор менамоянд.
3. Тарафҳо минбаъд низ ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин, табодули таҷриба доир ба фаъолияти қонунофарӣ, дар соҳаи ташаккул ва амалкарди институтҳои демократӣ мусоидат мекунанд.
4. Тарафҳо бо мақсади таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, барои афзоиши ҳаҷми гардиши савдо, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат мекунанд.
5.  Тарафҳо минбаъд низ ҷиҳати инкишофдиҳии шароити мусоид барои амалисозии фаъолияти мутақобилан судманди иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштарак ва иттиҳодияҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, инчунин, ташвиқи робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидорӣ иқдом хоҳанд кард.
6. Тарафҳо фаъолияти муштаракро доир ба як қатор лоиҳаҳои мушаххас, ки ба робитаҳои дуҷониба устуворӣ ва хислати дарозмуддат мебахшанд, идома медиҳанд ва зарурати фаъол гардондани корҳоро дар самти тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳои кооператсионӣ ва таҳкими ҷузъҳои инноватсионии рушд бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолии Тарафҳо эълом медоранд.
7. Тарафҳо зарурати таҳкими минбаъдаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун абзори густариш ва такмили ҳамкориҳои дуҷониба зикр намуданд.
8. Тарафҳо омодагии худро барои густариш ва таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, ки ҷиҳати анҷом додани амалиётҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ тавассути бандаргоҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, шабакаҳои роҳҳои оҳан ва автомобилгарди воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шароити мусоид фароҳам меоранд, иброз медоранд.
9. Тарафҳо такмили инфрасохтор ва баррасии масъалаи беҳтар намудани низоми тарофаҳоро бо мақсади тавсеаи имкониятҳои мавҷуда барои анҷом додани боркашонии мултимодалӣ дар доираи дастгирии лоиҳаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва ҷалб намудани ҳаҷмҳои иловагии борҳо барои таъмини фаъолияти фарогири Долони АвруОсиёии нақлиётӣ муҳим арзёбӣ менамоянд.
10. Тарафҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама гуна фаъолияти ғайриқонунии тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ - таҳсилӣ ва дигар фаъолиятҳоро бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии онҳо, ки манфиатҳои қонунии Тарафи дигарро нақз мекунанд, пешгирӣ ва бартараф намоянд, аз ҷумла фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро новобаста аз шаклҳои моликият ва пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, минҷумла амалиёти бонкӣ ва дигар амалиёти молиявӣ, ки ба риояи ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Тарафҳо мухолифат мекунанд, масдуд намоянд.
11. Тарафҳо муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди амалҳои таҷовузкорона, ки ба сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ таҳдид мекунанд, ҷонибдорӣ менамоянд.
12. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амиқ ва созанда дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалии дорои хусусияти универсалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Комиссияи байниҳукуматии долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Қафқоз -Осиё (ТРАСЕКА) таъйид менамоянд.
13. Тарафҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба Рӯзномаи байналмилалии обии СММ дар соҳаи рушди устуворро тасдиқ намуда, дар ин росто аҳамияти бузурги ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани солҳои 2018 - 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” иброз намуданд.
14. Тарафҳо ҷудоихоҳиро бо тамоми зуҳуроташ маҳкум менамоянд ва уҳдадор мешаванд, ки ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаро дастгирӣ накунанд, инчунин, бунёд ва фаъолияти ташкилот ва гурӯҳҳо, ашхоси алоҳидаро, ки бар зидди соҳибихтиёрии давлатӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тарафи дигар равона гардидааст, манъ ва пешгирӣ намоянд.
15. Тарафҳо зарурати ҳалли сареи низои арманиву озарии Кӯҳистони Қарабоғро мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои дар ин робита қабулшудаи Шӯрои амнияти СММ ва қарорҳои САҲА, дар асоси риоя ва таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, зикр мекунанд.
16. Тарафҳо бо ишора ба талошҳо дар доираи САҲА, ки ба ҳалли осоиштаи низои арманиву озарии Кӯҳистони Қарабоғ равона шудаанд, инчунин, бо ишора ба фаъолияти Гурӯҳи Мински САҲА, аҳамияти роҳандозии иқдомҳои муассиртар ва қатъитарро дар ин самт зикр менамоянд.
17. Тарафҳо кӯшишҳои ҳамоҳангшударо ба манзури таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, фурӯши одамон, дигар чолишҳо ва таҳдидҳои муосир роҳандозӣ хоҳанд кард ва дастгирии худро ба иқдомҳои ду давлат дар арсаи байналмилалӣ доир ба муқовимат бо терроризм баён намуданд.
18. Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории дарозмуддати дуҷониба дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои таъмини амнияти ду кишвар мебошад, муқобили давлатҳои сеюм равона нагардидааст ва бо уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мухолифат намекунад, иброз намуданд.
19. Тарафҳо ба таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, ки ба анъанаҳои деринаи эҳтироми ҳамдигар байни мардумони онҳо, мероси умумии таърихӣ ва фарҳангӣ асос ёфтаанд, афзалият мебахшанд ва аҳамияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, варзиш ва сайёҳӣ тасдиқ менамоянд.
20. Тарафҳо дар сатҳи давлатӣ ба омӯзиш ва паҳншавии забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва забони озарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
21. Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илм, инчунин, дар соҳаҳои низомҳои миллии маориф тавассути татбиқи барномаҳои муштараки таҳсили донишҷӯён ва хонандагон, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон, табодули барномаҳои таҳсил баён намуданд.
22. Тарафҳо ҳамкориҳои байни академияҳои илмҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҳар ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ташвиқ менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мутмаинанд, ки ин Изҳорот ба пешбурди ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон шиддат мебахшад ва ба рушди тамоюлҳои мусбати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки ҷавобгӯи манфиати миллии Тарафҳо мебошад, саҳм мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва кулли мардуми Озарбойҷон барои меҳмоннавозӣ, пазироии самимона ва гарм миннатдорӣ баён намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Замони мушаххаси сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид.
Дар шаҳри Боку 10 августи соли 2018 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва русӣ ба имзо расид.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Ҷумҳурии Озарбойҷон
Илҳом Алиев

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 89

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед