logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТИ САТҲИ БАЛАНДИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН, ШАҲРИ БОКУ 10 АВГУСТИ СОЛИ 2018

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бароям гуворост, ки бо сафари расмӣ дар сарзамини дӯстонаи Озарбойҷон ҳузур дорам ва меҳмоннавозии самимонаи мардуми Озарбойҷонро эҳсос мекунам.
Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои муҳим қарор дорад ва мо ҳавасманди рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон  мебошем.
Имрӯз дар доираи муколамаи сиёсии мо оид ба масъалаҳои дуҷонибаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкори муфид ва мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Мо бо Илҳом Ҳайдарович дар мавриди истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкории зич дар тамоми соҳаҳо ҳамфикр будем.
Афзоиши гардиши мол байни кишварҳоямон ва густариши доираи ҳамкориҳоямон дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Дар ин самт мо нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобилаи ду кишвар зикр намудем. Мо дар мавриди он ки иҷрои амиқи созишномаҳои дар доираи комиссия бадастомада ва татбиқи санадҳои байнидавлатии баимзорасида омили рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии мо мебошанд, ҳамфикр будем. Мо бар он назарем, ки мувофиқаҳои имрӯза ба рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт, чун саноат, энергетика, нақлиёт, аграрӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
Изҳори назар карда шуд, ки барои афзоиши назарраси гардиши моли дуҷониба ва такмили сохтори номенклатураи молӣ ҷоннокгардонӣ ва беҳтар намудани ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн зарур мебошад.
Зимни ин сафар мо корро оид ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба идома додем.
Санадҳое, ки имрӯз мо аз рӯи натиҷаи музокирот ба имзо расондем, талаботи замон буда, тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро фаро мегиранд.
Зимни музокирот, ки дар фазои анъанавии ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, мо дурнамои ҳамгироиямонро дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ намудем.
Мо мушкилоти Афғонистонро муҳокима кардем, ки нисбат ба он кишварҳоямон мавқеи ҳамсон доранд. Мо ҷонибдории худро ба ҳадафҳои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон тасдиқ намудем. Ҳамчунин, ҷонибдориамонро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, идеологияи радикалии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои амниятӣ баён намудем.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки доир ба ҳамаи ин масъалаҳо мавқеи мо ҳамсон аст, ки он заминаи мусоиди  ҳамкорӣ ва ҳамгироии зич дар ин самт мебошад.
Мо, ҳамчунин, доир ба равандҳои дар Қафқози Ҷанубӣ ҷараёндошта табодули афкор намудем. Мо ба принсипи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва низоъҳои мавҷуда дар чаҳорчӯби меъёрҳои байналмилалии умумиэътирофшуда изҳори ҷонибдории қавӣ менамоем.
Муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ, ба назари мо, самарабахштарин роҳи ҳалли чунин мушкилоти мураккабест ба монанди мушкилоти Кӯҳистони Қарабоғ.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ зоҳир гардид.
Муҳимияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гашт.
Дар маҷмӯъ, мехоҳам изҳор дорам, ки мо аз муколамаи баргузоргардида қаноатмандем. Мутмаинам, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза кишварҳо ва халқҳои моро боз ҳам наздиктар менамоянд. Онҳо барои ҳамгироии мутақобилаи муваффақона, ки тайи даҳсолаи охир сол ба сол бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ пур мешаванд, шароити иловагӣ ва замина фароҳам меоваранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон аз ҷониби худ барои ҳамаҷониба рушд ва таҳким ёфтани муносибатҳои байнидавлатиамон ба манфиати халқҳоямон ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. Мутмаинам, ки кори имрӯз аз ҷониби мо анҷомдода барои ба зинаи баланди афзоиш баровардани шарикии бисёрҷонибаамон мусоидат менамояд.
Барои идома додани муколамаи созандаи байнидавлатӣ ман аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.
Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович ва дар шахсияти Шумо ба мардуми бародари Озарбойҷон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва анъанавии озарӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 261

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед