logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОКТОРИ ФАХРИИ АКАДЕМИЯИ ДИПЛОМАТИИ ОЗАРБОЙҶОН

11 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён мулоқот карданд.
Академияи дипломатии Озарбойҷон соли 2006 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи олии таълимӣ мутахассисонро дар соҳаи дипломатия, равобити ҷамъиятиву байналхалқӣ, соҳибкорӣ, илмҳои гуманитарӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода мекунад.
Ҳайати омӯзгоронро дар факултаҳои донишгоҳ олимон ва шахсони кордида аз Озарбойҷон ва коллеҷу донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ташкил медиҳанд.
Ҷамъомадро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сухани муқаддимавӣ ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар унвони олии Доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён сухан ронда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии академия бо унвони олии Доктори фахрӣ қардшиносӣ гардидан изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми ин муассисаи олии таълимӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир баҳои баланд доданд.
Зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи ба даст овардани истиқлолият, сар задани ҷанги таҳмилӣ дар рӯзҳои нахустини эълон гардидани соҳибистиқлолӣ, оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ, хисороти ҷонию молӣ, гурезагони иҷборӣ, талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таъмини сулҳу субот, ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати ояндасози Сарвари давлат, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, рушду тараққиёти бахшҳои гуногуни кишвар, болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам, робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷ, бахусус бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таҳлилҳои амиқ андеша ронданд.  
Таъкид гардид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо монеаҳои зиёд боиси қафоравии иқтисодиёти кишвар ва фалаҷ гардидани шохаҳои давлатдорӣ шуд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хисороти зиёд ба бор овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон халқи тамаддунофари тоҷикро қаҳрамони сулҳу ваҳдат хонда, таъкид доштанд,  ки маҳз ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат буд, ки мардум ба рӯзи пур аз саодат расиданд. Дар як муддати хеле кӯтоҳи таърих оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, ҳазорҳо нафар гурезаҳо ба Ватан баргаштанд. Сохти конститутсионӣ барқарор ва шохаҳои давлатдорӣ мустаҳкам карда шудаанд.
Барои расидан ба ҳадафҳои созанда Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби Сарвари давлат нақши муҳим гузошт.
Зикр шуд, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии Роҳбари интихобкардаашон баъди бартараф кардани оқибатҳои ҷанги бемаънӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар камар баста, ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намуданд. Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои ояндадори асосиро қабул карда, дар ҳама соҳаҳо ислоҳот ворид намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди ба низом даровардани сохти давлатдорӣ бо кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардида, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра шуд.
Акнун Тоҷикистон на танҳо барои пешрафти худ, балки барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон, таъмини амну субот, пешгирию аз байн бурдани таҳдиду хатарҳо ташаббус нишон медиҳад. Пешниҳодҳои асосноку ҳалкунанда боиси нуфузи Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи олам гардиданд.
Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, норасоии оби нӯшокӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомии ҳамсоякишвари Афғонистон, пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз тарафи ташкилоту созмонҳои олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ҷонибдории амиқ пайдо кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар андеша ронда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти зимни ин сафари расмӣ бадастомадаро омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон маънидод карданд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба устодони Академияи дипломатии Озарбойҷон дар роҳи тайёр кардани мутахассисон барор ва ба донишҷӯён комёбиҳои беназир орзу карданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 214

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед