logo

сиёсат

ВОХӮРӢ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

10 август дар шаҳри Боку мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов баргузор шуд.
Ҷонибҳо муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарурати фаъолгардонии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкилу ба роҳ мондани робитаи мустақими доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот таъкид гардид.
Доир ба ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» бо корхонаи алюминий ва ширкати нафту гази Озарбойҷон пешниҳодҳои муфид баён карда шуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатарҳои маргбори ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 210

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед