logo

Хабарҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

Бори аввал дар таърихи кишвар Чемпионати футбол миёни бонувон бо иштироки шаш даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқи Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) баргузор гашт, ки дар он тими «Зебонисо» ғолиб омад.
Боиси тазаккур аст, ки дастаи «Зебонисо» дар рафти чемпионат маҳорати баланд нишон дод ва дар натиҷа дар нуҳ бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовӣ анҷом дод ва бо 28 хол садрнишини ҷадвал шуд. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои «Хатлон» (25 хол) ва «Регар-ТадАЗ» (18 хол) ишғол намуданд.
Ба муносибати баанҷомрасии мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва роҳбари шуъбаи футболи занонаи ФФТ Дилором Нусратуллоева ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Зимни он, дар баробари  супурдани медалҳо, инчунин, беҳтарин бозигарони чемпионат бо ҷоизаҳои федератсия қадрдонӣ шуданд. Ҳамин тариқ, беҳтарин бозигар  Мадина Фозилова («Зебонисо») ва беҳтарин дарвозабон Адолат Комилова («Хатлон») эътироф гаштанд. Лайло Ҳалимова («Хатлон») бошад, бо 16 голи задааш, соҳиби ҷоизаи беҳтарин голандоз гардид.  
 Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 95

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед