logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

Дар меҳмонхонаи  «Шератон» - и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва иқдоми муштараки палатаҳои савдою саноати ду кишвар нахустҷаласаи  Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши соҳибкорон  баргузор шуд.
Дар  ҷаласа миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ    байни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар созишнома ба имзо расид. Дар доираи  ин созишнома муайян намудани самтҳои  фаъолияти минбаъдаи  намояндагони доираҳои соҳибкорию корхонаҳои хусусӣ  ва  бо  иштироки онҳо ташкил намудани    чорабиниҳои соҳибкорӣ   дар  Тоҷикистону Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласа масъалаҳои дигари марбут ба рушди робитаҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар оғоз ёфт. Зикр гардид, ки барои густариши ҳамкориҳои соҳибкорон ва ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Қазоқистон майдони фаъолият хеле фарох ва имкониятҳо зиёданд. Шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистон барои рушди робитаҳои мустақими соҳибкорони тоҷику қазоқ заминаҳои воқеии рушди ҳамкориҳоро васеътар ва устувортар месозад. Таъкид гардид, ки аз 10 то 13 августи соли равон дар муассисаи давлатии «Кохи Борбад» - и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2018»  баргузор гардид. Намояндагони 20 корхонаи бузурги  саноатии Қазоқистон   ба  пойтахти кишварамон ташриф оварданд. Ширкати фаъ-олонаи доираҳои соҳибкории Қазоқистон дар ин намоишгоҳ барои рушди минбаъдаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар, дарёфти шарикони истеҳсолию тиҷоратӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак роҳи васеъ мекушояд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 142

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед