logo

иҷтимоиёт

СИПОСНОМА БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Шукр, ки дар 66 – солагӣ ҳам тандурустам, пойи равону дасти гиро дорам. Як умр дар ободонию шукуфоии гӯшаҳои гуногуни кишвар саҳм гирифтаам. Ҳар пешравию тараққиёти сарзамини аҷдодӣ маро шод месозаду фараҳманд. Ҳамеша бо таъкид изҳор медорам, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ, истиқлолияту ваҳдат ва неъматҳои фаровони ин Ватани маҳбуб бирасему ҳамзамон, дар рушду нумӯи он саҳми арзандаву чашмрас бигузорем.
Чанд рӯз пештар ба пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе сафар кардам. Ният доштам, ки пас аз рӯзе бармегардам, аммо зебоиву шукуфоии шаҳр раъйи маро дигар кард. Зарур донистам, ки чанд рӯзи дигар дар он ҷо бимонам.
Ба ростӣ, Душанберо шинохта намешавад. Он қадар зебо, он қадар дилкашу  замонавӣ шудааст, ки кас ҳайрон мемонад. Пиёда гардиш мекардам. Гулҳои тару тозаву рангоранг, дарахтони зебои сабз диққати маро ҳар чи бештар ба худ ҷалб мекарданд. Албатта, зебоии биноҳои баланду хуштарҳи замонавӣ гувоҳ аз боло рафтани иқтидори Ватан ва завқу масъулияти бинокорон аст. Зебоию хуррамии пойтахт ба дил эҳсоси фараҳ ва ифтихор мебахшад.
Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе, хусусан раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, дар иҷрои корҳои бунёдкорӣ, ободонӣ ва сабзкорӣ масъулияти баланди роҳбарӣ ва шаҳрвандӣ эҳсос мекунад ва баҳри шукуфоии пойтахт, фароғату зиндагии шоистаи сокинони он, хусусан наврасону ҷавонон,  тадбирҳои муассир меандешад.
Лозим донистам, ки номаи сипосро ба унвони рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» бифиристам, то онро мардуми бештар мутолиа кунанд. Аз самими дил изҳор мекунам: аз ин ҷавони ташаббускор, масъулиятшинос ва ободгар барои ободонии пойтахти Ватанам сипосгузорам ва ба ӯ дуои давлату тандурустӣ, ривоҷи кору хушбахтӣ медиҳам.

Абдусалом МАННОНОВ,
сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷ. Расулов,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 98

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед