logo

фарҳанг

ПАДИДАИ БЕНАЗИР. МУНОСИБАТ ВА МУОШИРАТ

Табиист, ки муносибат ва муошират байни инсонҳо, хосса байни миллатҳо, пеш аз ҳама, муҳити мувофиқ ва созгорро тақозо мекунад. Ҳамин муносибат ва муошират дар мисоли ду мусоҳиб собит месозанд, ки наздикӣ ва ҳамфикрӣ беҳтарин омили расидан ба аҳдоф аст. Яъне барои анҷоми ин аъмол наздикӣ ва ҳамфикр будани инсонҳо хеле мувофиқи матлаб мебошад. Андак назаре ба ҳамсоягӣ ва ҳамзистии ҳазорсолаи ду миллати таърихӣ ва фарҳангӣ, яъне тоҷику ӯзбек кофист, то андешаҳое оид ба ин миллатҳо ва чигунагии муносиботи байни онҳо иброз карда шавад.
Тавре сарчашмаҳои таърихию адабӣ гувоҳӣ медиҳанд, тоҷикон ва ӯзбекҳо аз миллатҳои таҳҷоии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, тӯли садсолаҳо паҳлу ба паҳлуи ҳам аз як ҳаво нафас гирифтаву аз як замин нону об хӯрдаанд. Ин дар навбати худ далолат бар он мекунад, ки тоҷикон ва ӯзбекҳо дар гузаштаи начандон дури таърих гӯяндаи як забон ё ду забони хеле ба ҳам наздик будаанд, ки зарурат ба исбот надорад. Зеро, агарчи, имрӯз ҳамзабонӣ ҷой надошта бошад ҳам, ҳамдилии ин ду миллат ҳанӯз побарҷост ва шакке нест, ки «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».  Маҳз ҳамдилии ин миллатҳо сипарест пешорӯи душманонашон, ки бо вуҷуди талошҳои пайваста онҳоро аз ҳам ҷудо накардаву кардан натавонанд. Тоҷикон ва ӯзбекҳо на танҳо дар асрҳои қадим ва миёна, балки дар замони муосир ҳам аз ҳаққи ҳамсоягию ҳамҷаворӣ бархӯрдор буданду ҳастанд. Ҳамзистии онҳо дар замони шӯравӣ мисоли рӯшанест, ки барои ҷудо карданашон бузургтарин ақлҳо оҷиз монда, ба гумони ғолиб, таваккалан эшонро ба марзҳо тақсим кардаанд.
Воқеан, тану ҷон ё ҷисму рӯҳ асоси ҳастии инсон аст, ки набудани яке мавҷудияти дигарро имконнопазир мегардонад. Пас, метавон тасаввур кард, ки тоҷику ӯзбек чун тану ҷони як одам ва бо мақсади ҳастӣ ҷудонашавандаанд. Аз таснифоти Мир Алишер Навоӣ дар сӯзу азодории Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст:

З-ин азо дар ҳама олам на гадо монду на шоҳ,
Ки кашиданд ба сӯги ту дусад нолаву оҳ.
Абрсон гирякунон, наъразанон соя фиганд,
Бар сари наъши ту хуршеди карам – зилли Илоҳ.
Гар муяссар шудияш, наъш кашидӣ бар дӯш,
Чун мани сӯхтадил ҷониби мадфан ҳама роҳ.

дигар шубҳае дар ҳастии ҷовидонаи тану ҷони тоҷику ӯзбек набояд бошад.
Аз ин рӯ, ин ҷониб, ки толиби ҳамзистии абадии ин миллатҳоям, мегӯям:

Ин ҳақиқат, ки намудам ба ду-се ҷумла баён,
Нест аз фикри ману фикри чу ман ҳадсзанон.
Ростӣ, миллати  тоҷик ва ӯзбек  ҳанӯз,
З-аҳди Ҷомию Навоӣ шуда ҳамчорагарон.
Дарди ин дарди ҳам он буд, даво низ ҳамон,
Шодию ғусса баробар бикашиданд ба ҷон.
Рӯзҳо рафту маҳу сол бад-ин сон бигузашт,
Монд ин ҷисму ҳам ин рӯҳ, ки Ҳақ хост чунон.
Боз карданд ба ҳам саъю талош аз ду тараф,
Ҷон ба тан, тан сӯи ҷон, бар сифати роҳбарон.
Шукргӯянда Муродӣ ба сухан гуфт фақат,
Он чи дид аз Банӣ Раҳмону Банӣ Мирамон.

Абдумумин МУРОДИЁН,
сардори раёсати марҳилаи
назоратии Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 117

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед