logo

сиёсат

БЕМОРХОНАИ ШАҲРИИ КАСАЛИҲОИ ПӮСТ СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД

14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор доданд.
Бунёди бино моҳи апрели соли 2017 оғоз гардида буд. Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонии беморхона баҳои баланд доданд.
Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаи қабули беморон, шуъбаи бемориҳои пӯсти калонсолон, шуъбаи бемориҳои пӯсти хурдсолон, шуъбаи ташхисгоҳ, шуъбаи физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад.
Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудаанд, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд. Беморхона дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзиш, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.
Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошта, дар он барои донишҷӯён шароити арзанда фароҳам мебошад.
Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеи намоён дошта, тавассути номгӯи васеи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.
Бино бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад. Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ, дар беморхонаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Дар саҳни бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2018    №: 161    Мутолиа карданд: 133

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед