logo

фарҳанг

ФАЙЗУЛЛО КАРОМАТОВ. МУҲАҚҚИҚИ БАРҶАСТАИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ТОҶИК

Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Файзулло Кароматов (Кароматли, 1925 - 2014) олими намоёнест, ки дар рушду такомули илми мусиқишиносии Ӯзбекистону Тоҷикистон, таъсиси мактаби байналмилалии пазируфташуда, ки чандин насли муҳаққиқонро тарбия намудааст, нақши муҳим ва бориз бозидааст. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Файзулло Кароматов сатҳи васеи проблемаҳоро, хосатан, аз мусиқишиносии академӣ то масъалаҳои муосири фолклорӣ, аз дарёфту сабт то нашри намунаҳои барҷастаи фолклорӣ дар бар мегирад.
Экспедитсияи фолклорӣ – этнографии бештар аз 60 сол таъсисдодаи эшон дар ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нақши муҳимро дар омӯзишу тарғиби мероси бадеии халқҳои тоҷику ӯзбек, рушди санъати мусиқии миллии ин ҷумҳуриҳо бозидааст.
Файзулло Кароматов дар шаҳри қадимаи Бухоро ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Тошкент ва Консерваторияи Тошкент мебошад. Рисолаи номзадиашро пас аз хатми аспирантураи Консерваторияи Москва таҳти роҳбарии мусиқишиноси маъруф В.М. Беляев дифоъ намудааст. Аз ҳамон замон – солҳои 1957 то 1964 ӯ дар вазифаи директори Институти санъатшиносии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ифои фаъолият карда, ҳамзамон, дар Консерваторияи Тошкент дарс додааст. Ҳадафи асосии ӯ омода намудани кадрҳо, махсусан мутахассисони соҳаи мусиқии шарқшиносӣ маҳсуб ва дар ин самт норасоии ҷиддии онҳо эҳсос мегардид.
Дар зимн, таваҷҷуҳ ба омӯзиши мероси хаттии мусиқӣ, яъне забонҳои хориҷӣ – форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ, урду, ҳамчунин, мусиқии касбии анъанавии шифоҳӣ, ки на танҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, балки дар кишварҳои ҳудуди Шарқи хориҷ мавҷуд буд, карда шуд. Ҳамин тавр, дар Консерваторияи Тошкент бо ибтикори Файзулло Кароматов соли 1972 кафедраи «Мусиқии Шарқ» (алҳол «Мусиқишиносии Шарқ») таъсис ёфт. Дар миёни шогирдони зиёди он на танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, балки Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Полша, Чехия, Олмон, ИМА, Судон ва Урдун низ буданд.
Ф.М. Кароматов чун донандаи хуби таърих ва назарияи санъати мусиқии халқҳои Осиёи Марказӣ дар кори эҷодии хеш бештар ҳамбастагии созҳои халқӣ ва мусиқии созиро тӯли асрҳои зиёди мавҷудияташон дар минтақа таҳти назорат дошт ва ба система даровард. Инчунин, моҳияти онро дар санъати мусиқии муосир нишон дод ва  ба ин хотир, мешавад ӯро воқеан донандаи ҳақиқии соҳаи органология номид.
Дар баробари омӯзиши мусиқии касбии анъанавии шифоҳӣ, Ф.М. Кароматов, ҳамзамон, бо ҷамъоварӣ ва омӯзиши мусиқии мардуми халқҳои тоҷику ӯзбек машғул шуд. Аз ин рӯ, ӯро яке аз аввалин мусиқишиноси миллии саҳроӣ низ метавон номид, ки фолклорро дар экспедитсияҳо ва шароити статсионалӣ сабт намудааст. Аз экспедитсияҳои бисёри ӯ дар ноҳияҳои гуногуни минтақаи Осиёи Марказӣ экспедитсияи бисёрсолаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷомдодаашро махсус ёдовар мешавем.
Файзулло Кароматов бо мусиқишиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов шурӯъ аз соли 1959 то 1983 тамоми Бадахшони тоҷикро таҳқиқ намуда, дар дастгоҳи сабти овоз (магнитофон) садҳо намунаи овозӣ, асбобӣ ва эҷоди театрии халқиро сабт намудаанд. Натиҷаи тадқиқоти онҳо панҷ китоб бо номи «Санъати мусиқии Помир» гардид.
Соли 2015 се китоби охирини «Санъати мусиқии Помир» нашр шуд. Нашри панҷҷилда – ин натиҷаи меҳнати тӯлонӣ ва заҳматталаби 40 - соли охир ба ҳисоб меравад. Ба гурӯҳи этнографӣ тибқи гуфтаи Н. Нурҷонов лозим омад, ки аз тамоми минтақа дидан бикунанд ва то деҳаи аз ҳама дурафтодаи кӯҳистон бирасанд.
Дар китоби аввалин «Мероси мусиқии тоҷикони назди Помир» ғайр аз маълумоти умумӣ дар бораи минтақа, дар бораи зиндагии вазнини халқи он, анъанаҳои мусиқии қадимаи ҳифзшуда ва то замони мо расида, маълумоти ҷолиб оид ба асбобҳои мусиқии хоссаи ин мардум инъикос гардидаанд.
Мутаассифона, Файзулло Кароматов дар кори эҷоди китобҳои чорум ва панҷуми «Санъати мусиқии Помир» ба нисбати беморӣ натавонист ширкат намояд. Соли 2010 дар рӯзи таҷлили 85 - солагии Ф.М. Кароматов яке аз шогирдони ӯ, муҳаққиқи маъруфи қазоқ Борис Ерзакович чунин гуфт: «Дар миёни мусиқишиносони бешумори ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон Файзулло Музаффарович Кароматов бо тадқиқоти худ дар соҳаи фолклори мусиқӣ, бо фаъолияти ҷамъиятӣ-ҳунарӣ ва ташкилотчигӣ фарқ мекард. Ф. Кароматов яке аз лидерҳои ҷомеаи мусиқии байналмилалӣ пазируфта шуда маҳсуб мегардад. Ӯ дар қатори дигар санъатшиносон ва мусиқишиносон обрӯю нуфузи Институти санъатшиносии Ӯзбекистонро чун маркази илмии пешбар дар омӯзиш ва таблиғи санъати мусиқии халқҳои Шарқ боло бурданд».
Баҳринисо ҚОБИЛОВА, сармутахассиси шуъбаи таърихи санъати Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 67

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед