logo

фарҳанг

АШЪОРИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ ДАР КАТИБАДӮЗИҲО

Аз либоси пӯстӣ то гулдӯзии тасхиркунанда
Дӯхтан ва кук задан ҳангоми аз пӯсти ҳайвонҳо пӯшок омода намудани инсони ҳамин давра пайдо шуда, дар раванди гузашт аз истифодаи олоти сангӣ ба устухонӣ ва дертар аз сӯзанҳои устухонӣ ба сӯзанҳои филизӣ (биринҷӣ, оҳанӣ, фӯлодӣ), инчунин, бо пайдо шудани бофандагию рангпардозӣ он минбаъд рушд ёфта, дар давраҳои минбаъда яке аз зеботарин намуди ҳунари мардумӣ - гулдӯзӣ эҷод мегардад. Ҳазорҳо сол баъд аз кашфи дӯзандагӣ инсон навиштанро меомӯзад ва навиштор - хатро эҷод менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки гулдӯзии тоҷикон дар гузашта ҳамчун ҳунари волои ороишӣ дар шаҳру вилоятҳои  қадимаи Хуросони бузург, аз ҷумла Балх, Бухоро, Бадахшон, Истаравшан, Исфаҳон, Рашт, Дарвоз, Суғд, Кӯлоб, Ҳирот, Самарқанд, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, дар манотиқи тоҷикнишини Чин ва ғайра ривоҷу равнақ ёфта, дар бузургтарин коллексияву нигористонҳо ва осорхонаҳои олам беҳтарин намунаҳои ин ҳунари воло ҷамъоварӣ шудааст.
Ёдгориҳои эпиграфии тоҷикон низ пурарзиш буда, олимони машҳур чун В. Бартолд, И. Крачковский, В. Крачковская, М. Андреев, А. Семенов, А. Иванов, О. Смирнова, В. Лившитс, А. Мухторов, Б. Луре ва дигарон зимни таҳқиқу бозёфтҳои гаронмояи илмӣ нақши боризи ин навъи мероси таърихӣ, махсусан катибаҳои асримиёнагиро дар муайянсозии мақому манзалати забони форсӣ - тоҷикӣ на танҳо барои худи тоҷикон, балки барои дигар миллатҳо низ махсус таъкид кардаанд. Тибқи хулосаҳои муаррихон, ёдгориҳои катибадори мансуб ба давраи ҳукмронии Қарахониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чағатоиҳо, Темуриён, Шайбониён, Ҷониҳо, Манғитҳо на ба забони модарии онҳо, балки ба забонҳои арабӣ ва форсӣ - тоҷикӣ эҷод шудаанд. Ҳатто ҳамаи сангнабиштаҳои дар болооби Зарафшон бо фармони асосгузори давлати Темуриёни Ҳинд - Мирзо Бобур ҳак шуда, ки онҳо дар байни мардуми Мастчоҳи Кӯҳиву Айнӣ то замони шӯравӣ аллакай шинохта шуда буданд, ба забони тоҷикӣ ва хати форсӣ сурат гирифтааст.  Дар катибаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан дар ёдгориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳаққиқон оёти қуръонӣ, ҳадисҳои набавӣ, рӯйдодҳои гуногуни таърихӣ, ҳодисаҳои табиӣ, номҳои одамон, халқҳо, ҳайвонҳо, шаҳру деҳ, дарёҳо, боғот, лавозимоти рӯзгор  ва матнҳои назмӣ аз эҷодиёти халқ ва шоирони машҳур чун Саъдию Ҳофиз, Аттору Саноӣ, Ҷомию Бедил ва дигаронро хондаву кашф кардаанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз соҳибкитобон М. Қаюмова нақши эпиграфиро “нақши катибавӣ ё санъати тироз” номида, пайдоиши онро, мутаассифона, танҳо ба давраи исломӣ маҳдуд карда, чунин менависад: “Асоси ин навъи нақшро дар матоъҳо нақши калимаи шаҳодат, бисмиллоҳирраҳмонирраҳим ва амсоли инҳо ташкил медиҳад”. Аммо пас аз омӯзиши адабиёти илмӣ ва таҳқиқи гулдӯзиҳои осорхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва баъзе осорхонаҳои марказии Русия метавон гуфт, ки аксар матни дар гулдӯзиҳои тоҷикӣ, аз қабили сӯзанӣ, рӯйҷо, миёнбанд, ҷойнамоз, рӯпоккунак ва болинпӯши дар асрҳои XIX-XX дӯхташуда мазмуни динӣ надоранд. Ин аз фарқияти асосии нақшҳои эпиграфӣ - матни гулдӯзиҳои тоҷиконаи ин давра аз матни гулдӯзиҳои арабӣ, славянӣ, гурҷӣ, арманӣ ва дигарҳо мебошад.
Ба он Юсуфҷамоле менависам
Чун матн дар матоъ дӯхта мешавад, камина  ин амалро “катибадӯзӣ” номидам. Дар ин иртибот бозёфти тозаи илмие, ки ба даст омад, бо китоби қаблан номбурдаи “Гулдӯзии тоҷикӣ” алоқаманд аст. Дар он таҳти № 37 акси рангаи як миёнбанди мардона - рӯймоли бухороӣ ҷо дода шуда, муаллиф онро ба аввали асри XIX мансуб донистааст. Тибқи навиштаи  Н. Исоева - Юнусова рӯймоли мазкур ба андозаи 120 ба 90 см буда, дарздӯзии дутарафаи абрешимӣ дошта, дар аҳди шӯравӣ дар Осорхонаи давлатии ба номи Акмал Икроми шаҳри Самарқанд нигоҳдорӣ мешуд. Муаллиф дар бораи катибадӯзӣ шудан ё матн доштани миёнбанд ҳарфе нагуфтааст.
Ман ин гулдӯзӣ-миёнбанди бухороиро аз наздик надидаам ва намедонам, ки ҳоло дар куҷост. Онро аз рӯи аксаш дар китоби “Гулдӯзии тоҷикӣ” таҳқиқ кардам. Дар ин миёнбанд аслан нақшҳои ислимӣ, геометрӣ ва эпиграфӣ - ғазалӣ дӯхта шудаанд. Нақшҳои ислимӣ дар дохили ҳошияи асосӣ ва чор кунҷи қисми мобайни он ҷойгиранд. Матнҳо дар дохили ду ҳошияи хурди атрофи беруна ва дарунии ҳошияи асосӣ ба хати  настаълиқи резаи маъмулӣ дӯхта шудаанд. Инчунин, дар дохили чор нақши бодомии кунҷҳои миёнҷои миёнбанд катибаҳоро дӯхтаанд. Аммо акси миёнбанд дар китоби зикршуда тавре чоп шудааст, ки матни он бар хилофи қоидаи алифбои ниёгон - аз самти чап оғоз мегардад. Яъне, ҳангоми аккосӣ ба катибаҳои миёнбанд эътибор надода, онро чаппа сурат гирифтаанд.
Дар натиҷаи таҳқиқи эпиграфии миёнбанди мазкур аз он абёти  зерини тоҷикӣ  хонда шуданд:
Аҷоиб рӯймоле менависам,
Ба он Юсуфҷамоле менависам.
Нависам ман ба он дурри ягона,
Нависам ман ба он моҳи замона.
Дар байтҳои боло гулдӯзӣ  «рӯймол» номида шуда, дӯзанда дӯстдорашро «Юсуфҷамол», «дурри ягона» ва «моҳи замона» номидааст. Аз ин маълум мешавад, ки гулдӯзии мазкур бо сад орзую ҳавас аз ҷониби арӯсшаванда барои домодшаванда дӯхта шудааст.  Имкон дорад, ки ин гулдӯзӣ фармоишӣ бошад. Ҳамчунин, миёни мардуми мо чунин анъана роиҷ  буду ҳаст, ки модар барои рӯзи домодии писараш дар баробари ҷомаю тоқию дастор миёнбанди шаҳиро низ пешакӣ дӯхта, омода менамуд ё мефармуд. Дар давоми катибаи рӯймол васфи дӯстдошта идома ёфта, дар байти дуюми он ба покдоманӣ ишора шудааст:
Сарве  чу қади ту дар чаман нест,
Мушке чу хати ту дар Хутан нест.
Ҳар пираҳане, ки медарад гул,
Бӯи ту ба ҳеҷ пираҳан нест.
Доим сухан аз лаби ту гӯям,
Ширинтар аз ин сухан сухан нест.
Тавре дар боло зикр гардид, яке аз машҳуртарин нақшҳои тоҷикона “гиреҳ” номида мешавад. Дар давоми катибаи рӯймол - миёнбанди мазкур абёте дӯхта шудааст, ки дар он вожаи “гиреҳ” 15 маротиба зикр мегардад. Инчунин, ҳангоми дар миён бастани чунин рӯймол онро маъмулан гиреҳ карда мебанданд. Яъне, интихоби абёти поён барои дӯхтан дар рӯймоли миён на як интихоби одию омиёна, балки интихоби хеле олӣ мебошад, ки решаҳои амиқи фарҳангӣ дорад.
Эй турраи ту хам-хаму гесу гиреҳ-гиреҳ,
Аз ҷаъди печ-печи ту ҳар мӯ гиреҳ-гиреҳ.
Хоҳӣ зи паҳлуи ту кушояд дилам зи банд,
Банди қабо кушоӣ зи паҳлу гиреҳ-гиреҳ.
Он зулфро ба мушк чӣ нисбат, к-аз ин матоъ
Дар Чин ба бод медиҳад оҳу гиреҳ-гиреҳ.
Шуд умрҳо, ки ҳамчу санавбар бувад маро
Дар дил зи шавқи он қади дилҷӯ гиреҳ-гиреҳ.
Зулфи ту бар узори ту гӯё фитодааст,
Ҷаъди бунафша бар гули худрӯ гиреҳ-гиреҳ.
Чашмат ба ишва ба(р) раги ҷон(ам) яке гиреҳ,
Бандад ба ришта мардуми ҷоду гиреҳ-гиреҳ.
Гузашта аз ин, дар давоми катибаи миёнбанд байтҳои олии зерин низ омадаанд:
Эй даҳонат зи лабу лаб зи даҳон ширинтар,
Ханда ширину сухан гуфтан аз он ширинтар.
Нарасад бо лаби ту лофи сухан тӯтиро,
Гарчи ҳаст аз ҳама ширинсуханон ширинтар.
Дар дили танги лабат ҳамчу шакар ширин аст,
Лек дар дидаи хунобафишон ширинтар.
Килки тасвир  агар худ зи найи қанд бувад,
Сурате аз ту кашидан натавон ширинтар.
Найшакар гарчи зи сар то ба қадам ширин аст,
Нест аз қадди ту, эй сарви равон, ширинтар.
Кашфи абёти боло дар миёнбанди гулдӯзишуда барои илм аҳамияти хосса дорад. Зеро байтҳои боло ғазали Абдураҳмони Ҷомист. Дар катибашиносии ҷаҳон бори нахуст ғазали ин шоири бузург дар гулдӯзии тоҷикӣ муайян кардаву хонда шуд. Аз тарафи дигар, ин аз мақому манзалати Мавлоно Ҷомӣ ва ашъораш дар байни бонувони ҳунарманду хирадманд шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, гуфтан метавон,  ки ин зеботарин катибаи лирикӣ дар ҷаҳон мебошад. Бояд афзуд, ки ин катибадӯзи номаълуми тоҷик дорои завқи баланди зебоиписандӣ ва каломи бадеъ будааст. Чунин абёти олӣ дар ягон катибадӯзӣ - ёдгории эпиграфии миллатҳои дигари дунё то ҳол кашф нашудааст.
Дарёфти ғазали Навоӣ дар ҷойнамоз
Олимони катибашинос то ҳол дар ягон ёдгории эпиграфии кишварҳои Осиёи Марказӣ ашъори шоирони классики туркзабонро (ё ӯзбекзабонро) кашф накардаанд. Хушбахтона, дар арафаи сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Ҷумҳурии Ӯзбекистон як ғазали классикии  ӯзбекӣ дар катибаи як гулдӯзии зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон кашф ва хонда шуд. Гулдӯзии мазкур ҷойнамоз буда, онро соли 1969 ду корманди Осорхонаи кишваршиносии ба номи Камолиддин Беҳзод - Сметанюк ва Чудович дар Шаҳристони Ӯротеппа харида, ба Душанбе овардаанд. Гулдӯзии мазкур 125 ба 95 см андоза дошта, дар матои кумочи ҷигарранг дӯхта шудааст. Он нақшу нигори зиёд надорад, вале гулбуттаҳои мавҷуда хеле зебо ва бо сифати баланд дӯхта шудаанд. Як вижагии ҷойнамозҳои гулдӯзӣ нақши аркӣ доштани онҳост. Катибаи ин ҷойнамоз дар ду ҳошияи хурди бахши берунӣ ва дохилии ҳошияи асосии мунаққаши он бо риштаи сафед дар шакли хати маъмулии начандон хонову зебо  дӯхта шудааст. Дар матни катибаи ҷойнамоз абёти зерин хонда шуд:
Сиҳҳатим озурда ҷонимда булғой кошки,
Дарди онинг тинмағур ҷонимда булғой кошки.
Нотавон кургунча бистардан синоник (дек)  қоматин,
Юз синон бу чашми гирёнимда булғой кошки.
Булғуча ашки равоним сайли ҳар ён ҷилвагар,
Ҷилва ул сарви хиромонимда булғой кошки.
Нолам ул ойға етиб ҷон васлидин маҳрум эрур,
Ҷон дағи пайваста афғонимда булғой кошки.
Ул аёқ озурда булғунча булуб бошим фидо,
Заҳмати боштин аёқ ҷонимда булғой  кошки.
Эй Навоӣ, дема(сан) розӣ сенму умрунг истаса,
Юз менинг умрумча султонимда булғой кошки.
Яъне, дар катибаи ин гулдӯзӣ ғазали шогирди Мавлоно Ҷомӣ ва асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ дӯхта шудааст. Дӯхта шудани он дар ҷойнамоз воқеан ғайричашмдошт мебошад. Зеро маъмулан дар ҷойнамоз ҳунармандон иқтибосҳоро аз Қуръони маҷид ё худ ҳадисҳо меоварданд. Ин аввалин кашфи ашъори Алишери Навоӣ дар ёдгориҳои эпиграфӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар гулдӯзиҳои асрҳои XIX-XX катибаҳое низ вомехӯранд, ки бо усули ширу шакар, ба таври омехта бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дӯхта шудаанд. Дар ғазали ӯзбекии боло Алишер Навоӣ вожаҳои тоҷикии ин ҷониб, озурда, ҷон, кошки, дард, нотавон, бистар, чашм, гирён, ашк, равон, хиромон, сарв, нола, пайваст ва фиғонро моҳирона истифода намудааст.
Кашфи ашъори ду шахсият ва шоири бузурги Шарқ-Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар  гулдӯзиҳо, ба фикри инҷониб на танҳо як бозёфти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, инчунин онҳо пеш аз ҳама, ду ҷанбаи вижа доранд. Бозёфти аввал исботи он аст, ки дар сарзамини шоирхези мо бонувони ҳунарманду соҳибзавқ тавассути ашъори шоирони маҳбуб дар гулдӯзиҳо низ муҳаббати покро тараннум месозанд. Кашфи дувум далел бар он аст, ки шоирӣ ва шеъри ноб сарҳад надорад, бонувони гулрези тоҷик аз ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ на танҳо бархӯрдоранд, балки ба онҳо дар мавридҳои муносиб бо завқи баланд дар матоъ ҷилои нав медиҳанд. Дар маҷмӯъ ин хулоса ғолиб меояд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек таърихан решапайванд буда, ин ёру бародарӣ ҳатто дар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла катибадӯзӣ мояи илҳом гаштааст.
Абдувалӣ ШАРИФЗОДА,
директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон,
катибашинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 116

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед