logo

иқтисод

ИҚТИСОД. МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2016 назар ба соли 2015 қариб 7 маротиба афзуда, беш аз 126 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод ва соли гузашта ба 236 миллион доллар расид.  Содироти маҳсулот ба Ӯзбекистон яку ним маротиба зиёд шуд. Дар шаш моҳи соли равон гардиши мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад (69 миллион доллар) афзуд. «Ду кишвари дӯсту бародар имкон доранд, ки солҳои наздик ҳаҷми гардиши солонаи молро ба 1 миллиард доллар расонанд». Чунин андеша доранд иқтисоддонҳои варзидаи кишвар.
Ба қавли Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳоло пас аз барқарории робитаҳои дӯстию накуҳамсоягӣ барои рушди ҳамкориҳо тамоми шароит мавҷуд аст ва ягон монеа нест. Динамикаи афзоиши устувору босуръати тиҷорати мол худ гувоҳи рушди беназири муносибатҳои иқтисодию тиҷоратианд, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайваста ва дӯстию бародарии ду абармарди хирадманди сиёсатмадор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имконпазир гардид.
Алҳол бо ёрии соҳибкорони тоҷик дар минтақаи ҳаммарзи Ӯзбекистон корхонаи бузурги истеҳсоли семент ва бо мадади ҷониби Ӯзбекистон дар вилояти Суғд мактаби замонавӣ барои 630 ҷойи нишаст дар як баст бунёд меёбанд.
Содироти танҳо семент тайи як соли охир ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд. Корхонаҳои Тоҷикистон соли гузашта 3,1 миллион тонна семент истеҳсол намуда, имсол онро ба 3,5 миллион расонданианд. Дар Тошкент «Хонаҳои савдо» - и  соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд. «Хонаи савдо» - и ширкати «Ғаюр» беш аз 30 намуд масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, аз ҷумла семент, профилҳои металлию пластикӣ, савдо мекунад. Ҳоло «Ғаюр» ба бозори Ӯзбекистон моҳе беш аз 15 ҳазор тонна семент мебарорад ва ин рақам пайваста меафзояд, зеро, тибқи иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, доираҳои соҳибкории шаҳру вилоятҳои Бухоро,  Самарқанд, Навоӣ ва Ҷиззах хостори ҳамкориҳо бо ин ширкатанд. Барои мардуми бародари ӯзбек бартарияти аз Тоҷикистон харидани семент сифати баланди он ва камии хароҷоти нақлиётӣ (охир ду кишвар ба ҳам наздиканд ва роҳҳои ҳамвор доранд) маънидод мешавад.
Тоҷикистон дар шаш моҳ ба Ӯзбекистон ба маблағи 75 миллион доллар маҳсулот фурӯхта, ба андозаи 53,3 миллион доллар мол харид.
Таъмир ва бозкушоии роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг, ки дар манзари дӯстию бародарии фарзандони фарзонаи ду миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сурат гирифт, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ куллан мустаҳкам мешаванд. Моҳи апрели соли равон низоми энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз соли 2009 гусаста буд, боз бо ҳам пайваст. Хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳатто дар марҳилаи аввал ҳаҷми содироти неруи барқ ба ин кишвари ҳамсоя дар фаслҳои баҳору тобистон бештар аз 1,5 миллиард кВт – соат пешбинӣ шудааст. Рушди ҳамкории энергетикии ду кишвар барои барқарории низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ заминаи устувор гузошт.
Сайёҳӣ бахши дигари ҳамкориҳоест, ки ба таври бесобиқа рӯ ба рушд дорад. Тибқи иттилои хабаргузории «УЗА», танҳо тайи шаш моҳи соли равон бештар аз 387 ҳазор ӯзбекистониҳо ба Тоҷикистон ва қариб ҳамин қадар тоҷикистониҳо ба Ӯзбекистон сафар намуданд. Ҳоло байни ду кишвар роҳҳои оҳан, нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ кушодаанд. Сайрхатҳои ҳавоии Душанбе – Тошкент, Душанбе – Самарқанд ва Душанбе – Бухоро (парвози техникӣ – санҷишӣ  муваффақ гузашт) ва бо нақлиёти заминӣ сайрхатҳои Панҷакент – Самарқанд, Хуҷанд – Тошкент, Душанбе – Деҳнав, Душанбе – Самарқанд ва Душанбе – Бухоро торафт фаъолтар мешаванд. Кушодани сайрхатҳои нав мавриди тарҳрезӣ қарор дорад.
Кушода шудани роҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бозорҳои наздимарзӣ, бешубҳа, барои боз ҳам наздиктар шудани ду халқи дӯсту ҳамсоя ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Солҳои 2017 ва 2018 дар Душанбе ва Тошкент ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, вохӯриҳои сарвазирон, роҳбарони вазорату идораҳо ва бахшҳои соҳавӣ баргузор гардиданд, ки барои муайян кардани имконоти рушди ҳамкориҳо нақши муҳим гузоштанд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Тошкент ва Самарқанд намоишгоҳҳои маҳсулоти миллӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ду кишвар баргузор гардида, қарордоду шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва соҳибкорон бо ҳамдигар робитаҳои мустақими корӣ пайдо намуданд. Дар намоишгоҳи «Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон», ки дар шаҳри Тошкент баргузор шуд, намояндагони қариб 160 ширкату корхонаҳои калонтарини Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд», ширкат варзида, ба мардуми Ӯзбекистон ва меҳмонон намунаи беҳтарини маҳсулот, номгӯйи хизматрасониҳо ва имконоти сармоягузориро муаррифӣ карданд. Байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 50 миллион доллар паймонҳои корӣ ба имзо расиданд. Дар намоишгоҳи «Молҳои Ӯзбекистон» дар Душанбе низ соҳибкорон байни ҳам  ҳамин миқдор паймонҳои корӣ бастанд.
Айни ҳол байни ду кишвар Шӯрои кории тиҷоратию иқтисодӣ амал мекунад, ки барои тақвияти ҳамкориҳои мустақими соҳибкорон ёрӣ мерасонад. Ҳоло дар Тоҷикистон 9 корхонаи муштараки соҳибкорони тоҷику ӯзбек, дар Ӯзбекистон 24 корхона бо сармоягузории муштарак ва 1 корхона пурра бо сармоягузории соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд. Нассоҷони ӯзбек, аз ҷумла ассотсиатсияи «Узтестилпром», тибқи иттилои Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, дар Душанбе корхонаю коргоҳҳои муштараки дӯзандагию бофандагӣ таъсис доданианд, ки ин ба зиёд шудани ҷойҳои нави кор мусоидат менамояд.
Ва ин, албатта, ҳанӯз оғози кор аст. Мардум умед дорад, ки бо сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дӯстию бародарии анъанавии ду халқ, ки онро ду марди бузург аз нав барқарор намуданд, боз ҳам устувор, муносибатҳои ҳамкорӣ фарохтар ва зиндагии тоҷикону ӯзбекон боз ҳам хушу рангинтар мешавад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 114

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед