logo

сиёсат

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Оини дӯстёбиву дӯстнавозӣ ва фарҳанги ҳамсоядории тоҷикон решаи қадима дорад ва ситоиши ин расму таомули аҷдодӣ асрҳои аср осори бузургтарин суханварони моро оро дода, чун васият ё панди гаронбаҳо ба гӯш мерасанд. Овози нарму пурҳиссиёти Одамушшуаро устод Рӯдакист, ки қарнҳо аз дил ба дил нақш мегузорад:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Андешаи шайхи оламдидаву одамозмуда – Саъдии Шерозӣ дар ин мавзӯъ чунин аст: “Дили дӯстон озурдан муроди душманон баровардан аст”.
Ҳушдор ва таъкиди лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ асрҳо боз на танҳо ба мардуми мо, балки ба оламиён фалсафа, ҳадафи зиндагии одамизодаро мефаҳмонад:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ва ё:
Дар замири мо намегунҷад ба ғайр аз дӯст кас,
Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Мавзӯи гиромидошти дӯст ва тарғиби дӯстии халқҳову таҳкими он дар замон ва марҳилаҳои гуногуни таърихӣ барои нарму гуворо шудани ҳаёти мардум, ҳамзистии осоишта дар ашъори шоирони башардӯст бо рангу бори тоза ҷило дода. Ва ин падида садоқати аҳли хираду сухани тоҷикро ба панди ниёкони соҳибномашон нишон медиҳад. Яъне, пайгирӣ ва идомаи мантиқии оини дӯстёбиву дӯстнавозӣ дар марҳилаҳои дигари сиёсиву иҷтимоӣ. Сарояндаи сулҳу дӯстии халқҳо устод Мирзо Турсунзода басо содаву оммафаҳм ба ҳамзамонон ва наслҳои оянда таъкид кард:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ва ё:
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Оре, бузургони илму адаб, шахсиятҳои дурандеши сиёсӣ дар ҳолатҳои печидаву ҳассоси таърихӣ ба ҳар дастур барои фароҳам овардани шароити созгори ҳаёти халқҳо, муносибати солиму робитаҳои дилхоҳ талош варзидаанд. Шоирони классику муосири мо аз рӯи рисолати инсонӣ дӯстиву бародарии халқҳоро пайваста тараннум кардаанд. Муносибати содиқонаи устодӣ ва шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек маҳсуб мешавад, ки ин дар сарчашмаҳо сабт гардидааст. Воқеан, сарнавишти таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек мисли тору пуд ба ҳам печидааст. Дар замони пурошӯб, оғози поягузорӣ ба адабиёти муосир, яъне адабиёти сотсиалистӣ Садриддин Айнӣ чун пири хирад ва донандаи хуби забони ӯзбекӣ ба ҳамқаламони ӯзбекаш то ҷое барои равнақи эҷодиёташон мадади беғаразона расонд, ки чун поягузори адабиёти навини ӯзбек ва устоди бисёр адибони ин халқ эътироф шуд. Манзур робитаҳои адабии ду халқи асрҳо ҳамсоя, дорои расму таомули муштарак мебошад.
Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ... солҳои сол бо Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қодирӣ, Зулфия ... ҳусни ошноӣ доштанд ва аз дастовардҳои эҷодии якдигар шод шуда, намунаҳои беҳтарини осорашонро тарҷума ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамдигарро дастгирӣ низ мекарданд. Ва ин ҳам ҳақиқат аст, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон адибоне зиндагӣ ва бо забони модарии худ, яъне ӯзбекӣ ва тоҷикӣ эҷод карданду мекунанд. Пайванди хешутаборӣ чӣ? Давлатҳоро бо амри сарнавишту сиёсат сарҳад аз ҳам ҷудо месозад, аммо падару модар, фарзанд, бародару хоҳар ва хешону ёрон дар ҳар ҳолат магар бе ёди ҳамдигар мезиянд? Умре дар дил бардоштани санги дарду азияти фироқ, дар шодиву ғами ҳамдигар ба таври сунъӣ ширкат наварзидан магар талху аламовар нест? Мутаассифона, тақрибан ду даҳсола байни мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамин хел девори сунъии сиёсии ҷудоӣ қомат афрохт ва мардумро бо заҳри ҷудоӣ ва фироқ талхком сохт. То кай ин ҳолати дилхарош идома меёбад ва аз дидори азизон, рафтуомад бенасиб мегардонад?
Пиру барно интизори нарм шудани муносибатҳои давлатӣ ва кушода шудани дару дарвозаҳои дӯстӣ ва ёру бародарии холисона буданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зотан сулҳу ваҳдатпарвар мебошанд, барои амалӣ шудани армони халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳама вазъият пайваста талош меварзид. Зимнан, ҳамсояро интихоб намекунанд. Ҳамсоя азалист ва бо он дар фазои сулҳу дӯстӣ зистан авлотар аст. Аммо садо аз ду каф ва ё даст мебарояд. Хушбахтона, ин фурсати дилхоҳи таърихӣ баробари ба курсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишастани сиёсатмадори некандеш Шавкат Мирзиёев ва сафари расмии эшон ба Тоҷикистон фаро расид.
Ин сафар бо гуфтугӯҳои хушки назарфиреб не, бо имзои санадҳои муҳими таърихӣ аз ҷониби президентҳои муҳтарам дар муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистони соҳибистиқлол оғози марҳилаи наву нишотовар фароҳам овард. Дару дарвозаҳо ба рӯи халқҳои бародар кушода шуд. Бе гирифтани раводид ҳам метавон ба дидорбинии пайвандон ё сайри шаҳру ҷойҳои муқаддаси таърихии ду кишвар рафт... Нияти хайр. Иқдоми нек. Ҳама шоду дуогӯву санохон. Дарди ҷудоӣ, фироқ, ғаму ташвиши ҳазорон одамон аз ду ҷониб даво ёфт. Ин хизмати таърихии президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.
Ба ростӣ, дар ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кардан аз гӯшаи хаёлам намегузашт. Дубора дидани дӯстони ҳамқалами синнашон ба ҷое расида, тамошои ҷойҳои таърихии Самарқанди бостонӣ ба назарам афсона менамуд. Вале замон ва кӯшиши сарварони батадбир қуфлкушои дарҳои дӯстӣ шуд. Табиати сарвариву давлатдорӣ аҷиб аст. Яке дару дарвоза мебандад, пайвандонро аз лаззати дидори ҳамдигар маҳрум месозад, дигаре роҳ меҷӯяд, ки мушкилиҳои сангинро аз байн бардорад ва бо руфтани чангу ғубори шубҳаву нобоварӣ инсонҳоро ба мурод расонад. Дили бузургу иродаи маҳками сарварон ба ҳамвор кардани  роҳҳои дӯстӣ, бунёди пулҳои  нави  ваҳдати халқҳо қодир аст. Ба ин падидаи хуш мо дар мисоли самараи қавлу амали дӯстпарваронаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ошно шудем.
Корвони ҳайати Тоҷикистон, ки ба он намояндагони илму адаб, роҳбарони донишгоҳҳо,  ҳунармандони  номвар шомиланд, зери роҳбарии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо пазироии пуртантанаи мизбонон ба шаҳри Тошкент расид. Ин шаҳри қадима дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мисли пойтахти азизи мо – Душанбе аз ҳисоби афзудани чаман, боғу гулзор ва биноҳои хуштарҳу боҳашамат, раставу хиёбонҳо хеле зебову тамошобоб шудааст. Мизбонон моро аз рӯи барнома аввал ба зиёрат ва тамошои маҷмааи қадимаи меъмории “Ҳазрати Имом” бурданд. Чизи аз ҳама ҷолибу хотирмон дар ин ҷо, ки солҳои охир таъмиру бозсозӣ шудааст, осорхонаи нусхаҳои хурду бузурги Қуръони карим ба забони халқҳои ҷаҳон буд. Аз ҷумла, бузургтарин нусхаи ин китоби муқаддас дар чанд пӯсти ғизол, ки онро соли 1917 бо супориши В. И. Ленин бо эшелони махсус зери муҳофизати аскарон аз Русия ба Тошкент оварда, то имрӯз дар сандуқи шишагӣ нигоҳ медоранд.
Дидорбинии мо дар “Хиёбони адибон” ва баргузор шудани мулоқот дар толори бинои нави Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон хуш буд. Сироҷиддин Саид – раиси Иттифоқи нависандагони мизбонон бо изҳори шодӣ аз ташрифи ҳайати Тоҷикистон маҳфилро ба забонҳо ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ оғоз бахшид. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Ш.Орумбекзода, шоирон А.Ҳаким, З.Атоӣ, адибони ӯзбек аз дӯстии дерини халқҳои ӯзбеку тоҷик ва моҳияти робитаҳои адабӣ ҳарф зада, шеърҳо хонданд.
Дар суҳбати  “Мизи гирд”, ки рӯзи дуюми сафар дар толори бузурги меҳмонсарои “Интернатсионал” баргузор шуд, дастгирӣ ва ҳамовозӣ аз иқдоми таърихии ду Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои гузоштани пойдевори қасри нави дӯстиву бародарии ду халқи ҳамсоя – тоҷику ӯзбек, аз байн бардоштани садҳои ҷудоӣ, кушодани роҳҳо, оғоз бахшидан ба равуои заминиву ҳавоӣ саршори шодиву суруру миннатдорӣ буд. Ҳама бо як овоз изҳор медоштанд, ки солҳо аз ҷудоӣ азияти равонӣ доштанд ва бесаброна интизори ҳамин соату рӯзҳои нек буданд. Дар ҳамоиш вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони академияи илмҳо, кормандони масъули соҳаи фарҳанг, адибони маъруф ин сафари дӯстона ва гуфтугӯи озоду муфидро марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои ҳар ду давлат дар замони истиқлол шумориданд. Ва беҳтарин шоҳид пайванди дӯстии ду мутафаккиру шоири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро оварданд. Онҳо намунаи ибрат, пайвандгари дилҳо буданд.
Ошноӣ бо Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ба хазинаи он бахшидани осори бо забони ӯзбекӣ нашршудаи адибони тоҷик дар Тоҷикистон, суҳбату баҳсҳо дар Академияи илмҳои кишвари ҳамсоя судманд буданд. Шоистаи ёдоварист, ки барои таҳкими робитаҳои адабии ду кишвар имсол як шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” - и Тоҷикистон ва як шумораи “Ҷаҳон адабиёти” - и Ӯзбекистон осори назму насри адибони ӯзбеку тоҷикро дар тарҷума нашр кард. Ба қавле дӯстии адибон нишонаи хуби дӯстии халқҳост...
Бо самимиёт ба гаҳвораи тамаддун – Самарқанди бостонӣ омадем. Пешвозгирии ботантана. Савту сурудҳои ӯзбекиву тоҷикӣ ба гӯш мерасад. Ман бо иштиёқ ба чор тараф менигарам. Ҳар қадам, ҳар зарра хоки Самарқанд таърих аст, таърихи гӯё, таърихест, ки мисли дил метапад, аз ҷабру ҷафоҳои ҳазорсола ҳикоят мекунад. Дар ҳама ҳолат Самарқанд худро набохта, устувор мондааст.
Моҳи декабри соли 1999 ба ифтихори Ҷашни садсолагии шоири маҳбубамон Пайрав Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Гулчеҳра Сулаймониро бо чи азобе тавассути қатора ба Самарқанд оварда будам. Муаллима нотавону хаста буданд. “Бисёр мехоҳам, ки пеш аз марг оромгоҳи падарамро зиёрат бикунам, – гуфтанд, – Абдулҳамид, ёрӣ расон...”. Хоҳиши охирон. Ҳаво сард. Дӯстон, адибони самарқандӣ бо меҳр барои амалӣ шудани хоҳиши шоира мусоидат карданд ва ӯ ба зиёрати турбати падараш Пайрав Сулаймонӣ дар мазори Шоҳи зинда ноил шуд. Акнун тобистон асту ҳаво тафсон ва дар кӯчаву хиёбонҳои Самарқанд гул мавҷ мезанад. Шаҳри қадима ободтар шудааст. Моро дар меҳмонсарои куҳнасохти “Регистон” ҷо доданд. Ва пас аз ҳаққи намак шудан аз рӯи барнома ба зиёрати “Ҳазрати Хизр” ва гулгузорӣ ба пояи ҳайкали ду абармарди олами адаб, тимсоли дӯстии ҷовидонаи халқи тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бурданд. Чун сабади гул ба пояи пайкараҳо ниҳоданд, дар назарам чеҳраи мармарини ду пири хирад бештар нур гирифт ва табассумашон ширинтар шуду садояшон аз қаъри асрҳо ба гӯш расид:
Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,
То бад-он базми касон афрӯзӣ.
***
Он гаҳ, ки Навоӣ лутф созад,
Дилҳои шикастагон навозад.
Рӯзи чоруми август пас аз ношто аз рӯи барнома зимни бозгашт моро ба осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бурданд. Банда ин соатро бесаброна интизор будам. Росташ, ки домани чил сол пеш ба шарофати дӯсти адабиётшиносам зиндаёд Ҷӯрахон Бақозода ба дидани осорхонаи устод Айнӣ мушарраф шуда будам. Вале ҳоло ба ин даргоҳи муқаддас чун афсуншуда бо эҳсос ва ҳаяҷони бузург ворид шудам. Гӯшам пур аз садои роҳнамост, ки бо забони нависандаи маҳбуб рӯзгор ва пайкори ӯро ба мо қисса мекунад, лекин пеши назарам чеҳра ва пайкари пири хирад, заҳматписанду шердил намоён. Устод Айнӣ дар сангинтарин солҳои муборизаҳои сиёсӣ беҳтарин шоҳкорҳои хеш: “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Одина”, “Мактаби куҳна”, “Ятим”, “Дохунда”, “Қори-ишкамба”, “Ғуломон”, “Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик”, “Ёддоштҳо” ва мақолаҳои арзишмандашонро дар ҳамин ҳуҷраҳо болои сандалӣ ва мизаки одӣ навишта, ба мардуми парешонҳол роҳнамои дилпур шуда буданд. Ҳар як нигораи ҳуҷраҳои осорхона: килку рангдон, курсиву миз, айнак, қаламдону дафтару дастхат, обчинаку мошинка, курсиҳои роҳату яккаандозҳои атрофи хонтахта... розе аз рӯзгори пурбаракат ва ибратомӯзи устод Айнӣ – поягузори адабиёти навини мо, нахустқаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол дорад. Садриддин Айнӣ беҳтарин намунаи шахсияти адабии фидоӣ мебошанд. Вай дар ин даргоҳ, дар ҳуҷраҳои ин хона адибони солманду ҷавони тоҷику ӯзбекро пазируфта, навиштаҳои онҳоро хонда, барои комил шудани маҳорати эҷодияшон маслиҳатҳои бедареғ додааст.
Ҳангоми сайри Самарқанд, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, шунидани суханҳои пурлутфи сокинон аз пеши назарв симои устод Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, муаллим Шакурӣ, Ҳамид Бақозода, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Холиқ Мирзозода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷӯрахон Бақозода ва бисёр азизони дигар дур намешуданд. Шаҳри армон...
Пас аз пешин бо беҳтарин хотираҳо, дил саршори меҳру сафо аз пазироии бародаронаи мардуми Ӯзбекистон аз гузаргоҳи “Ҷартеппа” ба қаламрави Тоҷикистони азиз – Панҷакати куҳанбунёд гузаштем. Дар қалби мо, кулли мардуми сулҳу ваҳдатпарвари Тоҷикистон, мардуми дӯстнавозу ташнаи робитаҳои бародаронаи Ӯзбекистони ҳамсоя як орзу маскан дорад. Болои он пойдевори дӯстиву рафоқат, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузоштанд, сохтани қасри мустаҳкаму бегазанди дӯстӣ ва парваридани он, ки сарварони ҳар ду давлат бо умеду нияти нек шинонданд. Қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии мост, ки бо меҳру самимият кохи дӯстӣ бунёд кунем ва нахли бародариро то ҷовидон сарсабз нигоҳ дорем. Охир мардуми мо, чи хеле мегӯянд: дар зери як осмон мезиянд, кӯҳу теппаҳоямон ба такяи ҳамдигар устуворанд. Муносибати беғубор ва дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон сарчашмаи иқтидору оромии ҳар ду давлат, хушиву осудагии дили халқҳоямон хоҳад буд.
Хулосаи бардошт аз ин сафар ин байти Хоҷа Ҳофиз аст:
Дидор шуд муяссару бӯсу канор ҳам,
Аз бахт шукр дораму аз рӯзгор ҳам.
12 августи соли 2018, шаҳри Душанбе
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 353

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед