logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПОДОШИ САЛОМ
Зане дар коргоҳи маҳсулоти гӯшт кор мекард. Рӯзе пас аз анҷоми кор ба дохили яхдони бузурги гӯшт даромада, пеш аз рафтан онро хабар гирифтан хост. Ногаҳон дар аз паси ӯ пӯшида шуду зан дар дохил монд. Доду фарёд зад, ёрӣ хост, вале касе ба додаш нарасид. Чунки ҳама, аллакай, аз коргоҳ берун шуда буданд. Чанд фурсат гузашт, зан ҳам гӯё ба тақдир тан дода бошад, хомӯш шуд. Вале ногаҳон шарфаи пое аз берун шунид. Дарҳол аз шодӣ садо бароварда, ёрӣ хост. Вақте дари яхдон кушода шуд, зани акнун ба худ омада рӯ ба рӯи худ мӯйсафеди фақирнамои назарногирро дид, ки посбони коргоҳ буд. Баъдтар, чун хабаргирии дохили сех вазифаи пирамард набуд, аз ӯ асли ҳолро пурсид. Пирмард ҷавоб дод: «Ман 40 сол аст, ки ин ҷо посбонӣ мекунам. Ҳар рӯз садҳо нафар коргар меояду меравад, аммо ҳеҷ яки онҳо ба ман лоақал нимнигоҳе намекунанд. Танҳо ту, духтарам, ҳар субҳ ба ман салом медиҳӣ ва шом пас аз кор хайрбод мегӯӣ. Ин шом, ки рафтани туро надидам, донистам, ки ин ҷо ҳастӣ ва ҳодисае бо ту рух додааст».
Таҳияи Лашкар ШАРИФ 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Рақамҳо барқарор карда шаванд
2  3  *  *  8  5
*  *  *  5
*  *  *  *  *  2  *
*  3  4  7  *  *
*  *   9  5  7  0
7  0  4  *  *  *
7  *  *  *  *  *  *  *  *

Масъули рубрика Зулола Бобораҷабова
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


ФАРҚ МИЁНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ
Аз Арасту шогирдаш мепурсад, ки фарқ миёни илму маърифат дар чист? Ӯ ба ҷои ҷавоб суол медиҳад, ки дар фалон шаҳр будӣ?
Шогирд: - Бале, будам...
Гуфт: - Дар роҳ чӣ дидӣ?
Шогирд: - Деҳаҳо дидам ва обҳои равон. Пораи биёбон ва рӯде дар роҳ. То бад-он шаҳр расидам, онро ободон дарёфтам.
Устод: - Ин ҳама, ки гуфтӣ илм аст ва аз дониста гуфтӣ.
Ва пас боз пурсид:
- Аз он сӯ низ замину шаҳрҳо ҳастанд?
Шогирд: - Ҳастанд.
- Сифати онҳоро бигӯ.
- Намедонам, ки чи гунаанд, лекин медонам, ки ҳастанд.
Арасту:
- Ин сухани шумо аз маърифат аст. Маърифат ин аст, ки ҳастияш бидонӣ, аммо чигунагиашро на...
Таҳияи Умар АЛӢ


РАВАНДАРО МАДОРУ ОМАДАРО МАРОН
ҲИКМАТҲОИ МАРДУМИ ҶОПОН
• Шавҳару зан бояд чу дасту чашм бошанд: вақте даст ба дард омад, чашм мегиряду чун чашм мегиряд,  даст ашкро пок месозад.
• Ғалаба насиби оне мешавад, ки аз рақиб ним соат бештар тоқат мекунад.
• Ба базм бегонаҳо меоянду ба ғамзудоӣ худиҳо.
• Бе одамони одӣ бузургон намешаванд.
• Аз садоқати кӯр - кӯрона то хиёнат як қадам аст.
• Равандаро мадору омадаро марон.
• Душмани одами хуб будан, беҳ аз дӯсти одами бад шудан аст.
• Шахсеро шинохтан хоҳӣ, дӯстонашро бишнос.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


БЕ ОБ ЗИСТА МЕШАВАД?
Ба саволи «Воқеан ҳам инсон бе об зинда мемонад?» дарҳол посух медиҳем, ки «на!» Зеро муайян шудааст, ки одам бояд дар як рӯз 2 – 2,5 литр об истеъмол намояд.
Гарчанде тааҷҷубовар менамояд, аммо ҳастанд ҳолатҳои ғайричашмдоште, ки одамон ҳатто то 20 рӯз об нанӯшида, ҷон ба саломат бурдаанд. Масалан, соли 1947 сокини 53 - солаи шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкеки Қирғизистон) 20 рӯз нопадид гашт. Ӯро дар ҳолати мадҳушӣ пайдо карданд. Тамоми ин муддат бе обу хӯрок монда буд. Кӯдаки 9 – солаи мексикоӣ бар асари заминларзаи соли 1985 дар шаҳри Мехико рухдода, 13 рӯз зери харобазор монд. Дар ин муддат ӯ фақат 2 қанд хӯрда буд, ки дар ҷайб дошт.
Соли 1994 бар асари тӯфон дар Саҳрои Кабир чангу хок бархосту варзишгари итолиёвӣ Мауро Прослери, ки дар марафон иштирок мекард, роҳгум зад. Оби бо худ доштааш, барои ду рӯз кифоят карду халос. Мауро аз ноилоҷӣ хост рагашро бурад, вале бо сабаби кам шудани оби бадан, хуни ӯ аллакай лахта шуда буд. Ниҳоят, баъди нуҳ рӯзи дар биёбони тафсон мондан, оилаи кӯчманчиён ӯро пайдо карданд. Варзишгар 18 килограмм хароб шуда буд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


АСРОРИ ПАЙДОИШИ РЕКЛАМАҲО
Имрӯз дидану шунидани реклама дар рӯзнома, шабакаҳои интернетӣ, радио ва шабакаҳои телевизионӣ касро ба ҳайрат намеорад. Он ҳоло воситаи осони тарғиб ва дастрасӣ ба маҳсулот мебошад. Инак, ба Шумо дар бораи аввалин реклама, чӣ тавр, кай ва дар куҷо пайдо шудани он 5 маълумотномаи мухтасар пешниҳод мекунем.
Аввалин реклама
«Rесlаmо» калимаи лотинӣ буда, маънояш «баланд фарёд кардан» аст. Дар давраҳои қадим овезаҳои ҳархела нашр мекарданд, ки, албатта, аз овезаҳои имрӯза тафовути зиёд дошт. Барои овезаҳо аз матоъҳои ҳархела истифода мебурданд. Дар Миср папирус ва дар Рими Қадим аз тахтачаҳои чӯбин истифода мешуд. Аввалин рекламаҳо маҳз ҳамин тавр пайдо шуданд.
Рекламаи чопӣ: кай ва дар куҷо?
Аввалин рекламаи чопӣ соли 1472 пайдо шудааст. Он замон аллакай дастгоҳи чопӣ ихтироъ шуда буд. Дар масҷиди шаҳри Лондон барои фурӯши китоби дуоҳо навиштаҷоти чопӣ овехта шуда буд, ки онро аввалин рекламаи чопӣ меҳисобанд. Баъдтар дар Фаронса ва Олмон низ ин гуна рекламаҳои чопӣ паҳн гаштанд. Нахустин бор  фаронсавиҳо барои реклама рӯзномаи махсус таъсис доданд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҚИМАТТАРИН МАСОЛЕҲИ ДУНЁ
5. Тааффеит – арзиши як граммаш 20 000 (як қироташ 4000) доллар
Ин санги қиматбаҳо ҳамранги ёс (сирень) буда, баъзан гулобӣ, сурх ва ҳатто беранг ҳам мешавад. Он нисбат ба алмос ноёбтар аст. Аз ин сабаб ба афсона табдил ёфтааст. Новобаста ба ин, дар истеҳсоли ашёҳои заргарии нодир аз он истифода мебаранд.
4. Тритий – арзиши як граммаш 30 000 доллар
Дар манбаъҳои нур, масалан, додани нури тритий истифода мешавад. Истеҳсоли як килограмм тритий тахминан 30 миллион доллар меистад.
3. Алмос – арзиши як граммаш 55 000 доллар
Санги машҳуртарину қиматтарини дунёст, ки ҳам коллексионерони номдор ва ҳам олуфтахонумҳо аз доштани он фахр мекунанд.
2. Калифорний – арзиши як граммаш 25 - 27 миллион доллар
Ин элементи нодирро соли 1950 кашф намуданд. То ҳоло ҳамагӣ як маротиба истеҳсол шудаасту халос.
1. Антимодда – арзиши як граммаш 62,5 триллион доллар
Ҷавҳари (субстансия) қиматтарини дунё, материяе аст, ки доимо дар ҳаракат буда, тағйир ва инкишоф ёфта меистад. Он, ба қавле, асоси аввалиндараҷаи тамоми ҳастиро ташкил медиҳад.
Барои истеҳсоли позитронҳои як миллиграммӣ тақрибан 25 миллион доллар сарф мешавад. Дар оянда антимоддаро барои камераҳои кайҳонӣ ба сифати сӯзишворӣ истифода намудан мумкин аст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
10 . БЕЙРУТ (ЛУБНОН)
 Таърихи зиёда аз 5000 - солаи шаҳри Бейрут ҳамагонро ба ҳайрат овардааст. Шаҳрро финикиҳо асос гузошта, ба яке аз марказҳои сиёсиву мадании минтақа табдил дода буданд. Чандин аср Бейрут маркази тиҷоратии Шарқи Наздик низ буд.
Намунаи ёдгориҳои таърихиаш аз қадимӣ буданаш гувоҳӣ медиҳанд. Cохтмони баъзе иншооташ ба асрҳои VIII рост омада, макони тамошобоб гаштаанд.  3000 сол қабл аз мелод дар ин шаҳр маскуншавӣ оғоз гардида буд. Айни замон, шаҳри Бейрут пойтахти Лубнон буда, аҳолиаш 1,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


14 МИЛЛИАРД ҲУҶАЙРАИ САР
Олимон дар пайи як пажӯҳиш ба ин хулоса омаданд, ки аз замони таваллуди кӯдак дар мағзи сар 14 миллиард ҳуҷайра мавҷуд аст ва он то ба 25 – солагӣ бетағйир боқӣ мемонад. Пас аз он ин ҳуҷайраҳо ҳар рӯз 100 – тоӣ кам шудан мегиранд. Дар сурати як соат мутолиаи китоб 70 ҳуҷайра, яъне 30 ҳуҷайра камтар мемирад. Агар 100 рӯз чунин китоб бихонем, 3 ҳазор ҳуҷайраро наҷот дода метавонем. Баъди 40 – солагӣ вайроншавии мағзи сар шурӯъ мегардад. Баъди 50 – солагӣ бошад, торҳои асаб суст шуда, ҳаҷми мағзи сар хурд шудан мегирад. Бинобар ин, дар айёми наврасӣ бештар бояд омӯхт. Оре, дар ин даврон дониш андӯхтан нақш дар санг кардан мебошад. Ба ин хотир аст, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба чандин садсола пештар таъкид намуда буд:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


БЕНАЗИРТАРИН БИНОИ УФУҚӢ ДАР ҶАҲОН
Ширкати сингапурии «CapitaLand» бунёди бинои навтаринро бо баландии 250 метр амалӣ месозад, ки дар дунё ҳамто надорад.
Ин бинои уфуқӣ дар болои чор бинои амудӣ  сохта  мешавад. Дар назар аст, ки маҷмаа соли 2019 ба истифода дода шавад. Айни замон сохтмони биноҳои баландошёнаи маҷмаа дар шаҳри Чунтсини Чин  давом дорад. Бино намунаи беназири тарроҳии замони нав маҳсуб меёбад.
Майдони умумии сохтмон 10 000 метри мураббаъро ташкил дода, дар баландии 400 метр аз сатҳи баҳр қарор мегирад. Дар маҷмӯъ, комплекс 6 бинои амудии маҷмааро ба ҳам мепайвандад.
Тарҳи маҷмаа аз ҷониби меъмори машҳури ҷаҳон Мосе офарида шудааст. Биноҳо барои  1400 ҳуҷраи истиқоматӣ, маркази идора ва меҳмонхона пешбинӣ гардидаанд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИН. ИН БОР БАРОИ АМАЛҲОИ БАШАРДӮСТОНА
Аввалин ҳавопаймои хурди бесарнишин барои ёрии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳаракат даромад. Он ихтирои ширкати «Эйҳонг» буда, аз санҷиш муваффақона гузаштааст. Вазни он 100 килограмм буда, танҳо барои як нафар ҷои нишаст дорад. Ихтироъкорон нақша доранд, ки вақти парвозашро низ зиёд намоянд, зеро ҳоло ҳавопаймо бе ист ҳамагӣ 23 дақиқа парвоз мекунад.
Ин ҳавопаймо аслан барои наҷоти мусофирони бемор ҳангоми танбашавии мошинҳо пешбинӣ шудааст.
Агар донишмандони чинӣ ба чунин имконият даст ёфта бошанд, дур нест, ки оянда башарият шоҳиди парвози ҳавопаймоҳои бузурги бесарнишин гардад.
Таҳияи
Қурбон АҲМАДЗОД


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
5. «АСТЕКА»
Он бо 105 064 ҷои нишаст калонтарин варзишгоҳи Амрикои Лотинӣ ба ҳисоб меравад. Иншооти нодир соли 1966 дар пойтахти Мексика – Мехико сохта шудааст. Варзишгоҳ ду Ҷоми ҷаҳонро (солҳои 1970 ва 1986) қабул кардааст.
Маҳз дар  майдони «Астека» Диего Армандо Марадона 22 июни соли 1986 бо даст гол зада буд, ки баъд чун «дасти муқаддас» маъруф гашт. Баъди се дақиқаи он Марадона тӯбро аз назди ҷаримагоҳи худ гирифта, шаш нафар, аз ҷумла дарвозабонро бо маҳорати хосса паиҳам фиреб дода, ба дарвозаи Англия гол зад, ки беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон дар тамоми давру замонҳо эътироф шудааст.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ   


РОССИНИ – МУҶАССАМАИ ЗИНДА
Як вақт магистри шаҳраки Пезарои Италия ҳайати бонуфузеро назди Ҷоаккино Россини равон мекунад, ки саломи ӯро ба оҳангсози машҳур расонанд. Ҳайат, ҳамзамон, ба Россини мегӯянд, ки мехоҳанд дар яке аз хиёбонҳои марказӣ муҷассамаи нуқрагии ӯро бо тарҳи зебои классикӣ бисозанд.
- Мебахшед, арзиши муҷассама чӣ қадар мешуда бошад? - мепурсад  Россини.
- Бист ҳазор лир, - мегӯянд намояндаҳо.
- Албатта, муҷассама хуб аст, рафиқон, вале барои ман беҳтар ин аст, ки ҳамин маблағро дар бағал гирифта, то охири умрам ҳар ҷое, ки хоҳед  наҷунбида рост истам, - мегӯяд оҳангсоз. 
 Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ЗИНДАГИИ БЕҒАМУ ҒӮССА ДАР ГАРОНТАРИН ХОНАҲОИ ФУТБОЛБОЗОН
Воқеан дар ҳамин гуна хонаҳо футболбозони маъруф баъд аз бохт ҷароҳатҳояшонро муолиҷа мекунанд ва ё ғалабаҳои бузургашонро ҷашн мегиранд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба анҷом расид. Футболбозон ба хонаҳои худ баргаштанд. Дар навбати худ бисёре аз мухлисон мехоҳанд бифаҳманд, ки бозигарони мавриди парастишашон дар куҷо хоҳанд зист. Рейтинги хонаҳои гаронарзиши онҳо ба ин тартиб аст:
1.Лионел Месси
Лионел дар хонаи хеле бошукӯҳ ва гаронарзиш, ки воқеъ дар шаҳри Кастелдефелс, 12- километрии Барселона аст, зиндагӣ мекунад.
Тибқи баҳогузории коршиносҳои испанӣ виллаи Месси тақрибан 8 миллион евро арзиш дорад. Бозигари аргентинӣ ин хонаро ба қимати 1,6 миллион евро харида, бо харҷи беш аз 6 миллион евро онро муҷаҳҳаз намудааст. Агар ӯ имрӯз ин хонаашро бифурӯшад, бо дарназардошти он ки дар ин ҷо Месси зиндагӣ кардааст, вилларо метавон ба маблағи 10 миллион евро фурӯхт.
2.Криштиану Роналду
Собиқ футболбози «Реал» - и Мадрид, ки моҳи июл ба дастаи «Ювентус» - и Италия гузашт, дар Испания якчандто хона дорад. Дарёфти қиматтарини ӯ – хариди виллаест, воқеъ дар қисмати баргузидаи ноҳияи Посуэло - де - Аларкони Мадрид. Нархи қиматтарин виллаи Роналду тақрибан 7,5 миллион евро мебошад.
Дар радабандии сеюму чоруму панҷум хонаҳои харидаи футболбозон Андрес Инйеста (бозигари мунтахаби Испания), Пол Погба (бозигари мунтахаби Фаронса) ва Луис Суарес (бозигари мунтахаби Уругвай) бо арзиши мутаносибан панҷ, сею ним  ва 3,2 миллион евро қарор гирифтаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
«ДУГОНА МЕҶӮЯМ»
«Духтарчаи зебояки 8 – сола барои гузарондани рухсатии тобистона дугонаи хушҳолу одияки хушчақчақи ҳамсоли модарашро меҷӯяд, то ки падараш бо вай овора шуда, ба асабаш нарасад. Илтимос, духтаракони инҷиқ, дӯстдорони саёҳати кӯҳнавардии борхалтадор ва ашхоси одамгурезро пешниҳод насозед! Зеро, мо воқеан ҳам, мехоҳем истироҳат намоем!». Эълони рӯзномаи Дюсселдорф.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ШАҲРИЁР. ЗАВРАҚРОНИ ТОҶИК
Намуди варзиши заврақронӣ дар кишвари мо дар соли 1956 роҳандозӣ гардид. Пас аз гузашти муддати кӯтоҳ (чаҳор сол) ба варзишгари тоҷик Иброҳим Ҳасанов муяссар шуд, ки дар Олимпиадаи Рим дар ҳайати дастаи Иттиҳоди Шӯравӣ  мақоми чорумро дарёфт намояд. Ин муваффақият ҷиҳати рушди қаиқронӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ  бахшид.
Комёбии арзишмандро дар замони соҳибистиқлолӣ заврақрони умедбахш Шаҳриёр Даминов, ки ӯро ситораи бозтоби ин намуди варзиш низ меноманд, соҳиб гашт. Шаҳриёр аввалин ҷоизаи байналмилалиро бо касби мақоми дувум дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Эрон ба даст овард. Сипас, соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон дар Португалия масофаи 1000 метрро дар 4 дақиқаву 6 сония шино карда, ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд. Соли гузашта дар Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон Шаҳриёр дар масофаи 200 м боз ба гирифтани медали тилло мушарраф гашт.
Баъди ин дастовард ӯро ба қатори 15 варзишгари гирандаи кумакпулии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва дарёфти  роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020 шомил намуданд.
Таҳияи И. РАҶАБАЛӢ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 261

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед