logo

ҳуқуқ

ОТРЯДИ САРҲАДИИ "ПАНҶ". ДЕВОРИ ДИФОИЕ, КИ 90 – СОЛА ШУД

14 августи соли равон аз таъсиси Отряди сарҳадии «Панҷ» 90 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар отряди мазкур бо иштироки ҳайати шахсӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони аҳли фарҳанг чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Алихонов, муовини раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руслан Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Андрей Корчанов, муовини аввали гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти бехатарии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони отряди сарҳадӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Меҳмонон нахуст бо нишони эҳтиром ба шаҳидони сарҳади давлатӣ дар назди лавҳаи хотира гулчамбар гузошта, сипас, дар фазои тантанавӣ парда аз рӯи рамзи 90 - солагии Отряди сарҳадии «Панҷ» бардоштанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ тамоми афсарону сарбозон ва собиқадоронро ба ин муносибат шодбош гуфта, изҳор дошт, ки ин аввалин отряди сарҳадие мебошад, ки 90 сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадчиёни давлатӣ дар кишвар суст гардида буд, кишварҳои ба мо дӯсту бародар - Федератсия Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳимояи марзи давлатӣ кумакҳои зиёд кардаанд, ки мо ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунем. Имрӯз бошад, бо итминон  гуфта метавонем, ки сарҳадбонони мо қодиранд сарҳади давлатии ҷумҳуриро мустақилона муҳофизат намоянд то мардум дар фазои осоишта зиндагӣ кунад.
Руслан Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зимни суханронии худ, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Ман бо ифтихор мегӯям, ки бори аввал хизмати ҳарбиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаам. Отряди сарҳадии «Панҷ» низ барои ман бегона нест. Ин ҷо мо дар чанд амалиёт ширкат кардаем. Дӯстони  зиёд низ дорам. Дар ин отряд аз аввал барои сарҳадчиён дар баробари омӯзондани маҳорати ҷангӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи онро меомӯхтанд. Натиҷаи тамоми корҳои анҷомёфта буд, ки имрӯз аввалин маротиба дар таърихи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши якҷояи амалиёти «Ҷайҳун - 2018» дар минтақаи пайвастшавии хати се сарҳад гузаронда шуд. Мақсад аз он пешгирӣ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи душманон мебошад. Мо дар паҳлуи ҳам истода ин амалиётро гузарондем, то душманон донанд, ки назорат дар сарҳади давлатии ин ду кишвари бо ҳам дӯст пурзӯр аст ва ҳеҷ нохалафе наметавонад марзро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид кунад».
Дар охир аз ҷониби фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба собиқадорон ва афсароне, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, медалу нишони сарисинагӣ супурда шуд.
Ҳунармандони ансамбли «Марзбон» - и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо сурудҳои рӯҳновози худ  ва ҳаҷвнигорони маъруфи кишвар хотири меҳмонону ҳозиринро болида карданд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 278

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед