logo

фарҳанг

МАҚСАДИ АСОСӢ - МУАРРИФИИ КИШВАР

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун сарзамини дорои қуллаҳои баланд, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои ҷӯшон ва ҳайвоноти нодир шинохта шудааст. Табиати зебои ҳамешабаҳор, ганҷҳои зеризаминӣ, обҳои равону зулол ва дармонбахши ватани азизамон касро бетаваҷҷуҳ гузошта наметавонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиати биҳиштосои кишварамон ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат рушди сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноку ояндадори кишвар таъкид намуда, пайваста дастгирӣ менамоянд. Имрӯз Тоҷикистон узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист ва мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбанда мунтазам таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд ва имконияти ривоҷ додани ҳама намудҳои сайёҳиро доро мебошад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ хеле рушд намуда, имрӯз кишвари мо узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гардидааст. Шароити гуногуни табиӣ ва мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳанд, ки дар кишварамон намудҳои гуногуни соҳаи сайёҳиро инкишоф дода, дар ғанӣ гардондани Буҷети давлат саҳми худро гузорем. Метавон гуфт, ки имрӯз барои рушди соҳа тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, аз ин ҷост, ки диққати ҷаҳониён ба кишвари мо нигаронда шудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар тамоми ҷаҳон осорхона маконест муаррифгари таъриху дастовардҳои кишварҳо. Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ яке аз марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ба шумор рафта, сайёҳонро ба табиати зебои Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба  мавқеи географии он, канданиҳои фоиданок, обу ҳаво, иқлим, набототу ҳайвонот, баландкӯҳҳо, мамнӯъгоҳҳо,  парваришгоҳҳояш  шинос мекунад.
Осорхона аз се ошёна иборат буда, табақаи якум ва дувумро шуъбаи «Таърихи бостон ва асрҳои миёна» дар бар мегирад. Он яке аз шуъбаҳои калонтарини осорхона ба шумор меравад. Дар ошёнаи якум намоиш аз харитаи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳамзамон, ёдгориҳои толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, Саразм, фарҳанги зардуштӣ, императории Ҳахоманишиҳо, давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён маълумот медиҳанд.
Ошёнаи дувуми осорхона бо ёдгориҳои маҳфузмондаи замони Сомониён шурӯъ мешавад, ки дар толори намоиши мансуби ин давр ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолии мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чӯбии Искодар, кандакории болоичӯбии болооби Зарафшон, намунаи матоъҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI – XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ ва коғаз ба тамошобинон пешниҳод мешавад.
Дар ошёнаи сеюм намоиши шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ - ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 30 – юми асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар ҷумҳурӣ инъикос менамояд.
Инчунин, яке аз экспозитсияҳое, ки сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба он мароқ зоҳир менамоянд, ин «Водии Чилдухтарон» - и ноҳияи Муъминобод мебошад. Гӯшаи «Водии Чилдухтарон» яке аз сертамошотарин толорҳои шуъбаи «Табиат» - и осорхона ба шумор меравад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон тамоми имконият ва шароитҳоро дорад, ки сайёҳони ба ин ҷо омадаро бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишварамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ шинос намояд. Тамошои осорхона  ба сайёҳон ғизои маънавӣ бахшида, маълумоти мушаххаси илмиро пешниҳод созад.

Арафа САЛИМОВА,
сармутахассиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 132

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед