logo

фарҳанг

АЗ РАФТАНИ ИМТИЁЗ ТО ОРЗУИ "ТОЛИБ" – Ӣ

Мусаллам аст, ки ҳар шоири асил хоста ва ҳам нахоста зимни эҷоди осори мондагораш ҳатман аз рӯзгору ғаму шодию вазъи даврони худ ё ба шиква ё ба қаноат ва ё тавсиф мегӯяд. Ба ин васила муҳаққиқон ва хонандагон роҳ ба сӯи асрори зиндагию маонии осораш мебаранд ва онҳоро кашфу ошкор месозанд. Дар ин маврид, фикр мекунам, ки Миробид Сайидои Насафӣ аз ҳама дигар шуаро пешгомтар аст. Шеъраш зиндагиномаи ӯ маҳсуб мешавад ва болотару дақиқтар аз ҳар таърихнома мебошад. Ба шикваи барҳақ изҳор медорад, ки:
Аз ҳавоси боғбонон баски рафтаст имтиёз,
Баъд аз ин дар бӯстон чуғз ояду булбул шавад.
Ин шиква ба макон ва мардуми муайян: Бухоро ва Насаф, яъне Қаршии имрӯза, ки зодгоҳи шоир аст, иртибот мегирад.
Ин шиква бештар аз он маншаъ мегирад, ки дигар шоирон дар Ҳиндустон пуровоза шуда ва аз он ҷо шуҳрати осорашон ба атрофу акноф паҳн гардида буданд. Бешак, дар он ҳавзаҳои шуҳратдори адабӣ шеъри асил қимати зиёд дошт ва зуд ба забонҳову зеҳнҳо роҳ меёфт. Ҳокимони давр ба шоирон ва шеъри мондагорашон аҷри бештар мегузоштанд. Ба ин хотир, бархе аз шуаро азми сафари Ҳинд мекарданд. Албатта, Сайидо, агар ба ин кишвар мерафт, яқин, бо ашъори пурмаониву пурғановаташ аз мақоми хосса ва эҳтироми зиёд бархӯрдор мегардид. Вале ӯ нарафт. Ин ҳақиқатро худ зебову рӯшан баён доштааст:
Дар Бухоро буд умре Сайидо побасти ӯ,
Ришта дар по, дар раҳи мулки Насаф шуд ҳайф, ҳайф.
Шоири нозукхаёлу маъниофарин агарчи барои касби маош ба ҳунар, хосса бофандагӣ рӯ оварда, аммо пешаи аслияш шоирӣ будааст:
Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,
Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.
Истеъдоди фитрӣ, ранҷу машаққат дар ин пеша ӯро ба қуллаҳои баланди камол расонд, аммо рӯзгорашро, он тавр ки мехост, беҳ насохт.
Аз шеъру шоирӣ нарасидам ба орзу,
Дилбастагӣ маро ба давоту қалам намонд.
Бешак, овозаи истеъдоду шеъраш дар он рӯзгор ба дигар мамолик расидааст ва расман борҳо даъват гардидааст.
Сайидо, ҳаст талабгори ман аз ҳар ҷониб,
Табъи ман то шуда бар маънии рангин ғолиб.
Хомаам бурда дил аз ҳозиру ҳам аз ғоиб…
Ҳатман ин пурсиш ба зеҳну андеша роҳ меёбад, ки пас чаро дар сурати аз ҳар ҷониб доштани талабгор ӯ даъватҳоро  напазируфтааст. Барои пайдо кардани посух бояд ба вазъи рӯзгори шоир ошно шуд. Адибе, ки:
Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
оё метавонад, ки бо иҷобати даъватҳо ба дигар ҷо, мамолик, хосса Ҳиндустон дақиқтараш Деҳлӣ, биравад. Не, ки не. Бофандагӣ пешаи хонаводагии шоир маҳсуб мешуд. Аз ин рӯст, ки бо аҳли ҳунар ва касбҳои гуногун ошноиву робитаҳои зиёд ва дӯстӣ доштааст. Ба василаи «Шаҳрошӯб» - и худ аз 212 ҳунару касбҳои он даврон ва ҳунармандону косибон маълумот медиҳад. Бад – ин тариқ вазъи рӯзгораш рӯшани рӯшан мегардад. Падар ё худ мураббӣ косиб аст. Ба гуфти ӯ, агар фарзанд нек биояд, ҷойнишини падар мешавад. Ин байти баланду маъмули Сайидо вирди забонҳост:
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.
Мо камтар андешидаем, ки ин байт пеш аз ҳама ба рӯзгори худи шоир иртибот мегирад, балки онро барои худ гуфтааст. Барои равшан шудани ҳақиқати ҳол ва дарки маонии ин байт бояд ба ифодаи «рафта – рафта», ки ба навъе иҳом (қасдан фиреб додани хонанда ва ӯро аз асли маънӣ дар ғафлат гузоштан) аст, таваҷҷуҳи бештар бидиҳем. Яъне, агар ҳам мураббӣ медошт ва аз Бухорову Насаф мерафт, бештар муътабар мегашт. Мураббӣ дар мавриди мазкур маънои сарпарастро низ дорад. Ин  мисраи ӯ, ки «Толеъ агар мадад бикунад, хок зар шавад», як навъ тасаллои худ мебошад. Бо афсӯс ва як навъ шиква изҳор медорад:
Сайидо беқадр афтодааст дар мулки Бухор,
Тарбият созанд ӯро, Толиби Омул шавад.
Ин ҳамон Бухороест, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чанд аср пештар бо ифтихор гуфта буд: «Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост». Тафовут ин қадар аст, ки бар сари тахт аз хонадони Сомониён, балки чун Исмоили Сомонӣ касе нест.
Бар асари беқадрӣ ва ранҷишу шикояти пурдард бояд бошад, ки Бухороро «Бухор» мегӯяд ва ё баски Толиби Омулиро «Толиби Омул» менависад ва дар ифода саҳеҳ ҳам аст, метавон онро чун як ҳунари шоирӣ, балки талаботи суханони мавзун гуфтан қабул кард. Ва ҳам ҳақиқати ҳол он аст, ки «Омул» - ро на «Омулӣ»,  ба хотири риояи қофия дар ғазал истифода менамояд. Оре, ин ҷо сухан аз ду мулк ё худ шаҳри Бухоро ва Омул меравад, на Омулӣ, ки аз қисмати  муайянкунандагии тахаллуси шоир асту ба зодгоҳаш иртибот мегирад. Охир Сайидо метавонист, ки «Бухор» - ро дар шакли Бухоро ифода бикунад ва ҳам аз дигар шоирони даври худ, ки дар Ҳиндустону дигар мамолик шуҳратёр буданд, ном мебурд. Бо қиёс ба ин ҳолат ва талаботи қонунияти шеър, хосса қофия ин тарзи гӯишро мепазирад. Асли мақсад дар ин байт тарбият ва қадрдониву беқадрист. Яъне, Толиби Омулӣ тарбиятёфтаву боқадр ва аз шеъру шоирӣ ба орзу расида будааст. Ба ифодаи Аллома Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеър – ул – аҷам»  ном асараш «Толиб сокини Омул, яке аз шаҳрҳои Мозандарон будааст. Улуму фунуни мутадовиларо дар аввоили син фаро гирифт. Ва агар иддаои ӯро саҳеҳ бидонем, бояд гуфт, ки дар синни понздаҳу шонздаҳ дар ҳандаса, мантиқ, ҳайъат, фалсафа, тасаввуф ва билохира дар хушнависӣ ба марҳилаи камол расидааст».
Ҷаҳонгир, ки аз фармонравоёни силсилаи Темурӣ маҳсуб мешуд, аз миёни суханварони зиёд тоҷи малик – уш – шуароиро бар сари Толиби Омулӣ мениҳад. Аз ин бармеояд, ки ба появу мақоми бас баланд расидааст. Аҷабтар он аст, ки синни ӯ дар ин вақт аз бист нагузашта ва инро Аллома чунин ифода мекунад: «Дар ин синну сол ноил ба чунин ифтихоре шудан ихтисос ба корномаи иқболи ин шоир дорад».
Дар тазкираи «Майхона» зикр мешавад, ки нашъунамои шоирии ӯ дар Кошон шудааст. Пас аз чанде хотираш аз ин шаҳр зада мешавад ва ба Марв рӯ меорад. Тавре бармеояд, на ҳар замон офтоби бахташ медурахшидааст. Дар як рубоияш, ки равонаи Ҳинд мегардад, барҳақ иброз медорад:
Толиб, гули ин чаман ба бӯстон бигзор,
Бигзор, ки мешавӣ парешон, бигзор.
Ҳинду набарад туҳфа касе ҷониби Ҳинд,
Бахти сияҳи хеш ба ёрон бигзор.
Аллома Шиблии Нуъмонӣ ба шарҳи иҷмолии ин рубоӣ овардааст: «Мақсуд ин аст, ки чизи сиёҳро касе ба Ҳинд туҳфа намебарад ва лизо бахти сиёҳро бояд ҳамин ҷо, яъне Эрон гузошт ва рӯ ба он кишвар намуд». Ба ифодаи Сайидо, ин «моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард». Бо вуҷуди ин, агар ба рӯзгори Толиби Омулӣ нек таваҷҷуҳ бишавад, дар ин сафар ранҷҳои зиёд кашида ва макони истиқоматашро аз рӯи зарурат борҳо дигар кардаву ба хотири беҳбудии рӯзгораш қасидаву васфияҳо навиштааст. Ин ҳақиқат дар «Шеър – ул – аҷам»  бад - ин тарз  омадааст: «Толиб чун ба Ҳинд рафт, то муддате нокому саргардон буд ва ҳатто барои умури маошу таҳсили нон ба ҳар сӯ медавид ва дар машаққату заҳмат буд».
Ҳамин тавр, мавриди таҳқиқ ва пажӯҳишҳои махсус бояд қарор бигирад, ки чаро Сайидо аз миёни шуарои зиёди он давр давлату шуҳрати Толиби Омулиро хостор шудааст. Ҷойи бас тааҷҷуб мебошад, ки ӯ дар ҳоле танҳо ба як ғазали Толиби Омулӣ, на зиёд аз он, мухаммас баста, ки матлааш ин аст:
Зи бедоди ту дар дил шиквае сар метавон кардан,
Шикоят гунае з – он дасти ханҷар метавон кардан.
Албатта, ба ифтихори таҷлили 400 – солагии Миробид Сайидои Насафӣ мутахассисон таҳқиқу пажӯҳишҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд ва ин ҳақиқатро бештар аз пештар ва беҳтар барои ҳаводорони каломаш рӯшантару дастрастар месозанд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2018    №: 163    Мутолиа карданд: 100

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед