logo

Хабарҳо

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР БАДАХШОН

Корвони саломатӣ  иборат аз мутахассисони варзидаи  тибби  ҷумҳурӣ   ба шаҳру  ноҳияҳои ВМКБ сафар анҷом дод. Ҳадаф  аз ин  чорабинӣ расондани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳалҳои дурдаст арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи  муовини сардори раёсати тандурустии  ВМКБ  Нуралӣ  Додалиев,  се гурӯҳи  корӣ иборат аз бештар  аз 40 нафар табиби варзидаи  ҷумҳурӣ  дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри  Хоруғ ниёзмандонро ба таври  ройгон қабул карданд. Ниёзмандон имкон пайдо карданд, ки аз ташхиси табибони бемориҳои кӯдакона, занона, асабшинос, саратоншинос, касалиҳои дил ва рагҳои хунгард  гузаранд  ва аз маслиҳатҳои онҳо баҳравар  шаванд.         
Сокинони шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, дар рӯзи қабул  имконият доштанд, ки аз хизматрасонии дастгоҳи нави рентгении сайёр истифода баранд. Дастгоҳи  рентгенӣ барои маркази бемориҳои сили вилоят  ҳамроҳи корвон ба маркази он  расид.                                 
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа таҷҳизоти навро ба маркази бемориҳои  сили  вилоят тақдим намуда, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз иншооти сохташавандаи ҷашнӣ дар вилоят дидан намуд. Бинои нави  маркази бемориҳои рӯҳии вилоят, воқеъ дар деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа, яке аз чунин иншооти нав аст, ки ба истиқболи ҷашн  ба истифода дода мешавад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, ”Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 81

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед