logo

иқтисод

ЧЕНАКИ ЯГОНА. САТҲИ ХИЗМАТРАСОНӢ БОЛО МЕРАВАД

Яке аз омилҳои асосии фаъолияти самараноки озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак таъсис додани озмоишгоҳҳои  нави  метрологии  ба талаботи стандартҳои  байналмилалӣ ҷавобгӯй ва дар  фаъолияти онҳо ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025-2009 - «Талаботи умумӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва андозагирӣ»  маҳсуб меёбад.  Бо ин мақсад тайи солҳои охир ҳамкориҳои созишномавии агентии “Тоҷикстандарт” бо институти физикӣ - техникии Олмон (РТВ)  хеле вусъат ёфтанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ  дар асоси созишномаи тарафайн азнавсозии озмоишгоҳи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки вазн оғоз гардид.
Бино ба гуфти Ҷӯрахон Раҳимзода, сардори раёсати метрологияи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, он бояд бо маҳакҳои дақиқ ҷиҳозонда, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад. Баъди ба истифода додани он “Тоҷикстандарт” метавонад дар қатори дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар дилхоҳ муқоисаҳои байнилаборатории эталонҳои вазн дар хориҷи кишвар иштирок намояд.
Ба иттилои Ҷ. Раҳимзода, бо мақсади  таъмин намудани озмоишгоҳҳои метрологии агентӣ бо воситаҳои ченаки намунавии дақиқ (маҳакҳо) бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли ҷорӣ “Тоҷикстандарт” як қатор воситаҳои ченаки намунавӣ - термостат, термоденсиметр, дастгоҳи санҷишии «РЕТОМ-21», мултиметри рақамӣ, асбоби намунавӣ барои ташхиси воситаҳои ченаки фишору набз, тарозуҳои аналитикию лабораторӣ, маҷмӯи сангҳои тарозуӣ, динамометрҳо, оссиллографи рақамӣ ва ғайра харид. Баъди насб ва ба истифода додани онҳо имкон пайдо мешавад, ки “Тоҷикстандарт” хизматрасонии метрологиро дар корхонаҳои саноатӣ  ва муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар намояд.   
Мавсуф ҳамчунин таъкид кард, ки дар соҳаи таъминоти метрологӣ бо мақсади татбиқи қонунгузориҳо дар бахши таъмини ченаки ягона давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ нозирони назорати давлатии метрологии агентӣ дар 752 корхонаву муассиса, новобаста аз шакли моликият, назорати давлатӣ гузаронда, 228945 воситаи ченакро мавриди  санҷиш қарор доданд. Аз ин ҳисоб 9400 воситаи ченак  бо сабаби муҳлати санҷишашон гузаштан ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуданд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба субъектҳои хоҷагидор амрия дода шудааст.
Давоми нимсолаи сипаригардида дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки ҷумҳурӣ 26  навъи воситаи ченак ба қайд гирифта шуда, оид ба тасдиқи 3 навъи дигар корҳои метрологӣ идома доранд. Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ масъалаи муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо бо асбобу дастгоҳҳои намунавии дақиқи ҳозиразамони метрологӣ омӯзишу баррасӣ шуда истодааст.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати истифодаи тарозуҳо ҳангоми харидани  маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронда шуд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва стандарти  Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1066-2005 - «Хизматрасонӣ дар бозорҳо», ҷиҳати дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани «Тарозуҳои назоратӣ» мутахассисони агентӣ бо роҳбарону масъулони бозорҳо корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Айни замон дар растаҳои ҳамаи бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, аз 1 то 4 тарозуи аз санҷиши мутобиқати давлатӣ  гузарондашуда бо навиштаҷоти «Тарозуҳои назоратӣ» насб  карда шудааст. Харидор метавонад ҳангоми шубҳа пайдо намудан ба миқдори маҳсулоти ғизоии харидааш аз ин воситаҳои ченак озодона истифода барад. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 143

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед