logo

сиёсат

БАРОДАРИЮ ҲАМСОЯГИИ СИДҚӢ

Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардумони тоҷику ӯзбек рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки наметавонад ҳар фарди бедордилро бетараф гузорад.  Дар пайи талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлати ҳамсоя куллан беҳ шуданд. Рӯзҳои 9 - 10 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат  Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин аввалин сафари расмии давлатии роҳбари олии кишвари ҳамсоя дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Дар ин зимн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо даъвати Президенти Ӯзбекистон ба кишвари ҳамсоя сафар кард. Мардуми шарифи Ӯзбекистон, тавре аз расонаҳои иттилоотӣ ҳар рӯз дарак дорем, ин сафарро бесаброна интизор буданд. Қаблан дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо бастаи бузурги созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки онҳо тамоми соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки рушди муносибатҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатборро  фаро гирифтанд. Акнун бо сафари Пешвои муаззами миллат, боварӣ дорем, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи комилан нав дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мерасанд.
Кушода шудани беш аз 10 гузаргоҳи сарҳадӣ ва ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар аз бузургтарин иқдомҳоест, ки дар доираи ин сафари Президенти Ӯзбекистон роҳандозӣ гаштанд. Дар асл, аз нав ба ҳам овардани дилҳо, пайвастани риштаи дӯстию муҳаббат, бародарию шафқат миёни  ду халқу миллате, ки тайи садсолаҳо дар як сарзамини таърихӣ паҳлу ба паҳлуи якдигар  мезистанд, аз як ҳаво нафас кашидаву аз як ҷӯй об менӯшиданд, муносибатҳои хешутаборӣ ва фарҳангу анъанаҳои  якхела доштанд, азобу уқубат ва ҷабру ҷафои зиёдеро аз масири таърих таҳаммул кардаанд, бояд мардонавор эътироф намуд.
Ба имзо расидани 27 санади ҳамкорӣ дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ду миллат ба манзалаи раҳнамои саҳеҳест, ки натиҷаи ҳасанаи он чун машъали фурӯзон ба ояндаи боз ҳам накутар равшанӣ хоҳад дод.  Дар робита ба изҳороти сарони давлатҳо ва имзои силсилаи санадҳои муҳими таърихию тақдирсоз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бовар дорем, ки таҳкиму густариши муносибатҳои неки ду давлати дӯсту бародар, ҳамфарҳангу ҳамсоя ба болоравии сатҳи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишварҳо комилан мусоидат хоҳанд кард.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Эсанбой аз ин иқдомҳои сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар хеле шод ва аз ҳамкориҳои оянда умедворанд. Дар ҷамоат мардуми ӯзбекзабон бо мардуми тоҷик тӯли асрҳо бо ҳам мисли дӯсту бародар, хешу ақрабо мезиянд. Деҳот бо ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон 44 километр сарҳад дорад ва бо 11 деҳаи Эсанбой ва ҳамин миқдор деҳа аз ҷониби ҳамсоякишвар ҳамсарҳад аст. Пас аз соҳибистиқлолӣ зиёда аз 70 шаҳрванди Ӯзбекистон бо сокинони ҷамоат келин шуда, омадааст ва бо беш аз 230 оила хешутабори наздиканд. Қаблан, то солҳои 1997 миёни деҳоти Эсанбой бо ноҳияи Узун рафтуомади тиҷоративу хешутаборӣ зиёд буд.
Барқарор шудани муносибатҳои навини ду миллати дӯсту бародар, ки бо иқдомоти сарони кишварҳои тоҷику ӯзбек дар сатҳи олӣ анҷом пазируфт, насли имрӯзаро ифтихормандию сарфарозӣ фаро гирифтааст. Сокинони Эсанбой умед доранд, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистони ҳамсоя барои мардуми ҳар ду кишвар заминаи боэътимоди зиндагии боз ҳам накутарро дар фазои муносибатҳои сидқан бародарию ҳамсоядорӣ таъмин хоҳад сохт.
Баҳодур САИДОВ, раиси Ҷамоати деҳоти
Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 238

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед