logo

фарҳанг

МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. ОМИЛҲОИ РУШДИ ОН

Дар шароити рушди технология, васоити электронии ахбор ва дар фазои иттилоотии кишвар доман густурдани интернет вазъи матбуоти даврӣ, хосса матбуоти музофотӣ ва ғайридавлатӣ, боиси нигаронист. Аз тарафи дигар, бо таъсири омилҳои молӣ ин гурӯҳи нашрияҳо дар ҳолати буҳрон қарор дошта, нашрияҳои музофотӣ имкони сари вақт ва бо теъдоди зиёд чоп шуданро надоранд, мазмуну мундариҷаашон нисбатан якранг аст.
Натиҷаи омӯзишҳои сотсиологии матбуоти маҳаллии кишвар нишон дод, ки вазъи нашрияҳои даврӣ дар музофот чандон хуб нест. Ин гурӯҳи матбуоти даврӣ ба мушкилоти якхела мубтало гардидааст. Аксари нашрияҳо бо сифати хеле паст ва ғайримунтазам интишор мешаванд, ахборашон куҳна ва мундариҷаашон чандон рангоранг нест, дар инъикоси мавзӯъҳо ва чопи нашрияҳо ҳанӯз қолабҳои куҳна дунболагир мешаванд. Дар солҳои охир фосилаи чоп ва теъдоди нашри рӯзномаҳои маҳаллӣ рӯ ба коҳиш аст, аксари онҳо, дар баробари он ки сари вақт дарҷ намегарданд, чопи шумораҳои муштаракро ба анъана даровардаанд. Иллати ин ҳолати матбуоти маҳаллӣ ҷудо нашудани маблағи зарурӣ, таъмин набудан бо технологияи нави чопӣ, камии маоши кормандон, нарасидани мутахассисон, алоқаи ноустувор бо аудитория ва монанди инҳо мебошад. Дар баъзе навоҳии кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кори нашрияҳои худӣ чандон эътибор намедиҳанд, дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ кормандони идораи нашрияҳоро хабар намекунанд, дар ҷаласаҳои худ фаъолияти онҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд.
Дар замони рушди воситаҳои электронии ахбор матбуоти даврӣ, аз ҷумла матбуоти даврии маҳаллӣ, бояд усули кор ва таъйиноти худро дигар кунад. Ба иборае, сохтор ва фаъолияти он бояд ба талаботи замон мувофиқ кунонда шавад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба хотири «будан» вуҷуд доранд ва  матолибашон нисбатан якранг, баъзан бознашр аз рӯзномаҳои дигаранд. Нашрияи даврии ҳар маҳал, пеш аз ҳама, инъикоскунандаи ҳаёти ҳамон маҳал аст. Он бояд мувафаққиятҳоро тарғиб ва камбудиҳоро холисона танқид кунад, афроди барҷастаи кору пайкорро ба мардум муаррифӣ намояд, меҳнати ҳалол ва кӯшишҳои созандагиашонро тараннум созад. Ба ин васила матбуот метавонад ҳамчун пули маънавӣ, аз як тараф, дар ташаккули фазои иттилоотии маҳали муайян, аз тарафи дигар, дар атрофи ғояи мушаххас муттаҳид гардонидани мардум ва ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумат мусоидат кунад.
Хуб аст, ки Ҳукумати кишвар чун ҷомеаи мутамаддин дуруст дарк намуда, ки дар замони муосир фарҳанги дастрасии иттилоот ва омӯзишу коркарди он ба шеваи навини талаботи рӯз мубтало аст, зеро имрӯз ҷаҳон дар ҳар як лаҳза таҳти таъсири иттилоот қарор гирифта, дигаргунии ҷомеа ба он вобастагӣ ва рабти амиқ дорад. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки ҳокимиятҳои иҷроияи маҳаллӣ ячейкаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Махсусан дар шароити ҷаҳонишавии мураккаб ташвиқ ва тарғиб дар фазои як маҳал бо назардошти махсусиятҳову нозукиҳои худ таъсири амиқтару фавритар ва натиҷабахштар мегузорад. Ин заминаҳоро дар ҷомеаи имрӯзаи мо, пеш аз ҳама, соҳибистиқлолӣ, фазои рушдбахшандаи тамоми омилҳои алоқаву иттилоот ва қонунҳову василаҳои мусоидаткунандаи рушди ин соҳа ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ин барои рушди матбуоти даврии маҳаллӣ ҳалли чунин омилҳоро зарур меҳисобем:
Бунёди коргоҳи замонавӣ барои кулли идораҳои нашрияҳои даврии навоҳии кишвар ё ҳадди ақал таҷдиди замонавии биноҳои мавҷуда, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Таъмини идораҳои нашрияҳои даврӣ бо таҷҳизоти нави корӣ, техникаи касбӣ ва ҳамчунин, нақлиёти хизматӣ.
Бо дастгирии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҷудо намудани маблағи кофӣ барои таҳия ва чопи рӯзнома. Барқарор кардани ҳаққи қалами муаллифон. Паҳнсозии нашрияҳо бо роҳи обуна ва фурӯши чакана.
Ба раванди ислоҳоти матбуоти маҳаллии кишвар дахл кардани Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад суръати хос бахшад, зеро сарфи назар аз мавҷудияти матбуоти марказӣ ва умуман дигар василаҳои иттилоотӣ, дар музофоту минтақаҳо холигоҳи иттилоотӣ вуҷуд дорад, ки он танҳо бо рушди ВАО-и маҳаллӣ пур шуда метавонад.
Гумон мекунем, то замоне, ки рӯзномахонӣ ба унвони як ниёз зарурат пайдо накунад, наметавон аз мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифтани нашрияҳои даврӣ интизорӣ кашид. Бинобар ин, мо бояд роҳҳоеро ҷӯё шавем, ки зарурат ва аҳамияти рӯзнома миёни омма бештару беҳтар дарк шавад.
М. МУРОДӢ,  профессор,
А. ҚУТБИДДИНОВ, дотсент

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 80

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед