logo

иқтисод

“ТОҶИКСТАНДАРТ”. ҲИМОЯИ БЕҲТАРИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ,  дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») дар 2349  ҳолат ба миқдори қариб 1 миллиону 150 ҳазор килограмм маҳсулоти ғизоии гуногун  ошкор гардид, ки ба талаботи стандартӣ  ҷавобгӯй набуданд. Қисми зиёди ин маҳсулот воридотист. Ҳамчунин, дар бозори истеъмолӣ аз тарафи нозирон маҳсулоти пастсифат - зарфҳои пластикии дубора истифодашуда (1200 дона), масолеҳи сохтмонӣ (1164,85 кг), фурӯзонакҳои тафсон (841дона), фурӯзонакҳои каммасраф (1183 дона), сӯзишворӣ (57561 литр), бозичаҳо (31293 дона), тамоку (811 қуттӣ), маводи парфюмерӣ (51,3 кг), ноқил (2000 метр) ва ғайра, ки ба талаботи стандартҳои меъёрӣ - техникӣ ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шудаанд.
Диловар Пирназарзода, муовини якуми директори агентии “Тоҷикстандарт”, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар бораи ин ва самтҳои дигари фаъолияти агентӣ ибрози андеша намуд, ки фишурдаи он пешниҳод мегардад.
- Бо  мақсади  таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таҷҳизоти озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти дастгоҳи марказии агентӣ ва марказҳои  минтақавии «Тоҷикстандарт»  ба талаботи стандарти байналмилалӣ мутобиқ  гардонда мешаванд. Ҷиҳати тавсеа додани базаи техникии озмоишгоҳҳо, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхис, хусусан дар ҷодаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҷҳизоти зиёди муосир ва дигар воситаҳои ченкунӣ дастрас  ва насб гардиданд. Бояд зикр кард, ки барои нигоҳдории сатҳи баланди ташхисӣ ва иҷроиши талаботи  стандарти ИСО/МЭК 17025:2013 (п 4.14) мувофиқ ба нақша ва барномаи Маркази ташхисӣ аз тарафи мутахассисони таҷрибадор дар озмоишгоҳ пайваста аудити дохилӣ гузаронда мешавад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ (Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон) оид ба дастрас намудани таҷҳизоти насли охирин барои муайян намудани нишондодҳои бехатарии маҳсулот, аз қабили антибиотикҳо, витаминҳо ва ғайра корҳои зиёд ба сомон расонда шуданд. 
Назорати масъалаи бо либоси ягона таъмин будани фурӯшандагони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пурзӯр карда, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои савдо (хусусан барои вайрон намудани талаботи муқарраргардида оид ба либоси ягона)  нисбат ба вайронкунандагони талаботи муқарраргардида дар 485 ҳолат ба маблағи умумии 108650 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъйин карда шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон мутахассисони шуъбаи менеҷменти сифат дар 15 корхонаи ватанӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронданд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар 219  корхонаи ватанӣ ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ ва корҳои сертификатсионӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонда шудааст, ки аз ин шумора айни ҳол 171 корхона дорои сертификати амалкунанда мебошанд.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди содирот, барои таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бо ташаббуси  “Тоҷикстандарт” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар гурӯҳи кории техникӣ ташкил карда, машварату тавзеҳот барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтӣ ва хурмо таҳия шуданд. Дар доираи ин ҳамкориҳо оид ба меваҳои тару тоза  аз тарафи агентӣ стандартҳои «Себи хушк», «Олуи хушк» ва «Зардолуи хушк» ҳамчун стандарти миллӣ таҳия ва  қабул гардиданд.
Нозирони агентӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» фаъолияти санҷиширо дар корхонаҳои истеҳсолӣ пурра қатъ ва ба корҳои фаҳмондадиҳӣ иваз намуда, давоми нимсолаи аввали соли равон 1077 маротиба  оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, 803 маротиба оид ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ ва 43 маротиба оид ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 60

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед