logo

фарҳанг

ТӮЛҚИН ХОҶА.САНГИНТАРИН БОХТ АЗ ДАСТ ДОДАНИ ИНСОНҲОИ НОДИР АСТ

Зиндагӣ паст асту баланд, ширин асту талх, ранг  –  ранг монанди манзараҳову лавҳаҳои зебои ранг ба ранги зиндагӣ... Мутаассифона, пораҳое аз ин ҷаҳони рангобаранг гоҳ – гоҳо сиёҳу сафед мешаванд, рангҳои дигарро аз байн мебаранд, манзар ва назарро сиёҳу сафед, дилгир мекунанд…
Сангинтарин бохт аз даст додани инсонҳои нодир аст. Хусусан, вақте чунин шахси нодир аз паҳлуи мо ба ҷаҳоне меравад, ки дигар саодати дидор надорад. Шеъри тоҷик то имрӯз барои Ҳабиб Юсуфии ҷавонмарг хун мегиряд. Саҳнаи суруди тоҷик ҳамоно як тобиши оҳанги мотам барои Кароматулло Қурбон дорад.
Аз ҷаҳон даргузаштани Тӯлқин Хоҷа, хусусан ба ҳамин ҷавонмардӣ, як реши равон аст.
Шеъри ӯ аз пора – пораҳои нахустинаш, ки дар матбуот мехондам, барои ман бисёр хуш буд. Рӯзе дар як рӯзнома номи Тӯлқин Хоҷа ба чашмам афтид, хурсанд шудам, аммо хурсандиам дерпо набуд. Ин шеър аз дарде менолид, ки дарди шахсии ман аст.
Аз дардҳо бо шитоб мегузарам ва аҳсан ба шоирии Тӯлқин Хоҷа мегӯям. Дар ҳамин шеър, ки марсияи писаронаш аст, ҷанбаи хоси тоҷикӣ, махсусан хоссагиҳои забони маҳаллии кӯлобӣ, зебову баҷо омадаанд, (Гулҳои туро ман ба сарам мезанам акнун..., Ҳуввас мазану ёд макун..., Овоз маяндоз, ки овози ту гирад...).
Тӯлқин Хоҷа таъбироту истиороти маҳаллиро, чӣ кӯлобӣ, чӣ ғайрикӯлобиро бисёр хуб истифода мекард. Аз ҳамқаламон шояд ягона шоир аст, ки дур аз пойтахти фарҳангӣ зиндагӣ намуд, аммо ҳамқадам ва гоҳо аз шеъри пойтахт пешқадамтар ҳам буд. Дар шеъри иҷтимоӣ бисёр ҷасур, ҳадафгир аст.
Дар ин гузориши мухтасар, ки дар ҳошияи таҳқиқи Ҷумъахон Темурзода (Аз қаламроҳ то қадамҷо. «Ҷумҳурият», 24 июли соли 2018) дар шеъри Тӯлқин Хоҷа аст, аз як нукта гузаштан наметавонам. Манзурам ин аст, ки Тӯлқин Хоҷа ҳам ба саодати шоирӣ расидааст, ҳам ба саодати муаллимӣ. Шеъри «Достони самимият» ба яке аз арбобони шинохтаи сиёсати муосир Асадулло Раҳмон бахшида шудааст, аслан шеъри бисёр фарогир аст. Бо иқтибоси ҳамин мисраъҳо мехоҳам иктифо кунам, ки ширинанд, ҳам ҳақиқат. Хусусан аз назари муаллим ва аз назари ҳар соҳибхираде, ки ба муаллимон эҳтироми ҳамешагӣ дорад:
Гар бигӯям сухани муҳташамат,
Раиси муҳтарамат,
Нонамоён шавад аз шахси ту он баччаҳаки партаи пеши мактаб,
Он писарбаччаи саркардаи пеши мактаб,
Ки ба ҳар пурсиши ман хуб ҷавобе медод,
Хубу хушрӯй ҷавоби басавобе медод.
Хуш ба ҳоли муаллим. Хуш ба ҳоли шогирди ин муаллим, ки мероси гаронбаҳои устодашро нигаҳбониву сарпарастӣ мекунад. 
Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 65

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед