logo

туризм

АГАР ПОРСОЕ САЁҲАТ НАКАРД...

Сайру саёҳат ва сафар кардан ба мавзеъ ва мамолики гуногуни олам дар тӯли таърих ҳамеша ҳамсафари ҳаёти инсонӣ будааст. Агар бо дидаи таҳқиқ ба ин мафҳумҳо назар кунем, дармеёбем, ки тавассути саёҳат ва ба кишвару минтақаҳои гуногуни олам сафар кардан боиси кашфиётҳои аҷиб ва таълифи асарҳои муҳташаме гардидааст. Бузургтарин асари ҷуғрофие, ки бо забони тоҷикӣ дар асри Х таълиф шудааст, китоби “Ҳудуд-ул-олам” мебошад. Муаллифи то ҳол номаълуми он асарро дар натиҷаи сафару саёҳатҳо ба минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон ва манотиқи дигари атрофи он таълиф намудааст.
Тавре ки аз таърихи адабу фарҳанги миллати тоҷик бар меояд, Носири Хусрав “Сафарнома”, Саъдии Шерозӣ “Гулистон”, Абдурраҳмони Ҷомӣ “Баҳористон”, Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ”, Мирзо Турсунзода “Ҷони ширин”-ро, ки аз осори маъруфу машҳур ва зинатафзои адабиёти умумибашарӣ ба шумор мераванд, дар натиҷаи сайру саёҳат ба кишварҳои гуногуни олам таълиф намудаанд. Ин далели он аст, ки сайру саёҳат як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии миллати тоҷик низ буда ва дар таърихи тамаддуни ин миллати фарҳангсолор собиқаи деринаи таърихӣ низ доштааст. Адибони забардасти тоҷик дар осори худ ҳамеша саёҳат карданро тарғибу ташвиқ мекарданд. Масалан, Саъдии Шерозӣ дар “Бӯстон” чунин мефармояд:
Агар порсое саёҳат накард,
Сафаркардагонаш нахонанд мард.
Ё Мирзо Турсунзода моҳияти сафар карданро чунин ба қалам додааст:
Рӯйи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсониро фаро гирифтааст, сайру саёҳат низ чун як ҷузъи муҳими ин раванд маъно ва мавқеи махсусро касб кардааст. Яъне, инсони ҷаҳони муосир ба сайру сафар ва саёҳат намудан ниёз пайдо кардааст. Моҳияти асосии саёҳат ба кишварҳои гуногун ба шавқу рағбат, хоҳиш, завқу ҳавас барин талаботи инсонӣ ва ҳадафу мароми сайёҳ вобастагӣ дорад.
Дар низоми сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир низ ба сайру саёҳат ва сайёҳӣ аз ҷониби роҳбарони сиёсии мамлакатҳо таваҷҷуҳи хосе зоҳир мегардад. Ҳар як кишвар мехоҳад, ки тавассути ташкили сайёҳӣ дастовардҳои муҳими таърихии миллати хеш ва табиати сарзамини худро ба оламиён муаррифӣ намояд.
Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои беҳбудии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар ба мамолики зиёде сафар карда, барҳақ ва дониста изҳор доштааст, ки Тоҷикистон бо тамоми имкониятҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати зебою дилрабо, обҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, чашмаҳою боғу бӯстонҳои дилрабояш беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар ин замина соли 2018-ро Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.
Пас аз интишори ин хитобаи Сарвари давлат мо ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки сайёҳони зиёде аз гӯшаву канори дунё вориди кишвари мо ва ба таъриху тамаддуни ин миллати куҳанбунёд ва табиати биҳиштосои он аз наздик ошно мешаванд. Тавре мушоҳида мегардад, сайёҳон ба расму оини қадима ва ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик низ ошноӣ пайдо мекунанд ва аз дастовардҳои ҳунармандонаи ин миллати бофарҳанг лаззати маънавӣ мегиранд.
Дар шоҳроҳҳои кишвар мебинем, ки сайёҳҳони зиёде тавассути дучархаву мошинҳо ҷониби мавзеъҳои ҷолибу назаррабои минтақаҳои кишвар - шаршараи Сари Хосор, мамнӯъгоҳҳои Дашти Ҷуму Бешаи палангон,  кӯҳҳову чашмаҳои Варзобу Ромит ва Бадахшон, Искандаркӯлу баҳри Тоҷик ва мавзеъҳои таърихии Ҳисору Хатлон ва Рашту Суғди бостонӣ азми сафар доранд.
Ҳамзамон, зимни сафар аз истиқболи тоҷиконаву меҳрубонона ва меҳмоннавозии мардумони минтақаҳои гуногуни ин сарзамин ба ваҷд меоянд.
Тоҷикистон бо табиати зебо ва меваҳои шаҳдбораш имкон дорад, ки дар тамоми тамоми чор фасли сол таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб намояд ва бо ин вижагияш онҳоро фараҳманд гардонад. Чунин имкониятҳои табиӣ дар камтар аз кишварҳо мавҷуд мебошанд.
Эълон гардидани ин сол ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ доштан моҳияти дигаре низ дорад. Яъне, ҳар як сайёҳе, ки аз ин кишвар дидан мекунад, аз дастовардҳои таърихӣ, фарҳангию ҳунарии ин сарзамин ва табиати дилрабову обҳои мусаффои он лаззат мебарад, сулҳу субот, амнияту оромӣ, ҳамдигарфаҳмию муносибати инсонпарваронаи мардуми ин кишварро чун армуғон ба ватани худ мебарад. Маҳз тавассути сайёҳҳон сулҳу суботи кишвари мо дар олам тарғибу ташвиқ ва таваҷҷуҳу муҳаббати аҳли башар ба ин миллати сулҳофару соҳибтамаддун боз ҳам бештар мегардад.
Маҳмаддовуд САЛОМОВ, дотсенти ДМТ

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 165

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед