logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. ОМОДАГИҲО БА ХОТИРИ ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Дар ноҳияи Ховалинг ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб мекунанд. Тибқи нақша то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия иншооти зиёди ҷашнӣ - биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ бунёд ёфта, марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар давоми шаш моҳи соли равон барои татбиқи 8  лоиҳа ба маблағи 21,34 миллион доллари ИМА корҳо азхуд карда шудаанд. Дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 108450 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17390 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар 6 моҳи соли 2018 барзиёд таъмин гардид. Ба буҷети маҳаллии ноҳия 7900,7 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки баробари 100,3 фоизи нақша мебошад. Аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва ободонии ноҳия 327 ҳазор сомонӣ ҷудо ва харҷ карда шудааст. Инчунин, сохтмони 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1180 ҷойи идома дорад. Рӯзҳои наздик сохтмони боз 2 муассисаи таълимӣ ва 2 маркази саломатӣ оғоз меёбад.
- Дар ноҳия 226,4 километр роҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллии автомобилгард мавҷуданд. Бо дастури Пешвои миллат роҳи автомобилгарди байналмилалии Восеъ – Ховалинг пурра таъмиру навсозӣ гардид ва ин рӯйдод барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи боэътимод гузошт, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло.
Алҳол ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боз даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Ноҳияи бостонии Ховалинг сол то сол аз ҳисоби созандагиҳо ҳусни тоза мегирад.
Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, тайи шаш моҳ ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба 14305,6 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 833,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 15946,2 ҳазор сомониро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2446,4 ҳазор сомонӣ афзуд. Дар 6367 гектар зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 400 гектар ғалладона, 200 гектар картошка ва 66 гектар сабзавоту полезӣ кишт шудааст. Ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 10 гектар боғи куҳна барқарор ва 120 гектар боғи нав бунёд ёфт, ки аз ин 1 гектараш боғи интенсивӣ мебошад. Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 166 гектар ҷангалу боғи нав ва 2,5 гектар парваришгоҳи ниҳол бунёд намуданд. Танҳо баҳори имсол дар ноҳия қариб 30 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан ва 60 ҳазор бех гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудааст.
Ховалинг бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, аз қабили шаҳри қадимаи Мунк, деҳаи Хонақоҳ, Дараи Мухтор - зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, мавзеъҳои Чилчанор, чашмаҳои Дашти Меш, Кӯлдара, Чепако, Уштурчаро, Ёкунҷ, Сурсақова, Қазғин, оромгоҳҳои Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Айюби Ансорӣ, Амир Сайид Шафеӣ, Авлиёи Зелолак ва осорхонаи таърихиву кишваршиносии Восеъ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба рушди бахши сайёҳӣ дар ноҳия такони тоза бахшид. Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ, ҳар рӯз ба ноҳия зиёда аз 600 сайёҳ ворид мешавад. Ҳоло барои бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ соҳибкорони ноҳия ва мамлакат ҷалб шудаанд.
- Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ховалинг дар солҳои наздик ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар соҳиб гашта, ба ин васила сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтару хубтар мегардад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Мирзозода Нурулло.
Холназар Касиров, «Ҷумҳурият» 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 287
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед