logo

сиёсат

ҲАМСОЯ БУДАНИ ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН ҲУКМИ ТАҚДИР АСТ

Суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Миромонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти!
Дӯстони азиз!
Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям.
Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам.
Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди  таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Шавкат Миромоновичи гиромӣ!
Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардондем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем.  
Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад.
Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии   муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Яъне, халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд.
Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории  тоҷику ӯзбек мебошанд.
Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд.
Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем.
Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад. 
Дар садри ин бузургон, албатта, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд. Роҳи ҳаётии ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо  инъикос ёфтааст,  намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад. Мир Алишери Навоӣ мақому мартабаи ахлоқиву маънавӣ ва инсонии устодаш - Абдураҳмони Ҷомиро чунин ба қалам додааст:
Ул сафо аҳли пок фарҷоми,
Покфарҷому покфар Ҷоми.
Ул яқин сори дастгир манга,
Қиблаву устоду пир манга.
 Имрӯз барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешутабор, ёру дӯстонашон ва саёҳату тиҷорат тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар чунин шароит мо бояд ба хотири рушду таҳкими арзишҳои созандаи муносибатҳои неки ҳамсоягиамон дучанд саъю талош намоем. Дар ин самт, пеш аз ҳама, аҳли зиё, яъне шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва ходимони фарҳанг бояд фаъол бошанд. Мо аз ҷониби худ чунин робитаҳои неки байни мардумонамонро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард.
Дар ин робита, ҳамчунин, мехостам аҳамияти ҳамаҷониба густариш додани робитаҳои ду кишварро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намоям.
Мо бояд ба  шиносоии фарохтари халқҳоямон бо осори таърихиву фарҳангии ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкиму густариш пайдо кардани муносибатҳои дӯстии байни кишварҳо маҳсуб меёбанд ва мо азми қотеъ дорем, ки онҳоро минбаъд низ густариш диҳем.
Моро зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ба ҳам монанди иқтисодиёти кишварҳоямон, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои боз ҳам беҳтар дар миёни сохторҳои хоҷагидориамон, иқдомҳои муассир анҷом диҳем.
Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Бар асари татбиқи қарори аз лиҳози стратегӣ дурусти Шумо ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти куллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт симои Ӯзбекистони бародар рӯз ба  рӯз дигаргун мегардад.
Вақтҳои охир Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин, оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои минтақа як силсила иқдомҳоро анҷом дод. Дигаргуниҳои бунёдие, ки  дар ин самт ба вуҷуд омадаанд, фазои куллан навро  барои ҳамгироии созандаи минтақавӣ фароҳам меоранд.
Тоҷикистон чун ҷонибдори муътақиди густариши робитаҳои созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дурандешонаи Шуморо дар ин ҷода, ки аз аввалин рӯзҳои ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвари дӯсти Ӯзбекистон пеш гирифтаед, ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
Дар фарҷоми сухани худ бори дигар ба Шумо, Шавкат Миромоновичи гиромӣ, барои фароҳам сохтани фазои олии бародарона дар кишвари биҳиштосои Ӯзбекистон сипосгузории амиқ баён мекунам ва паёми муҳаббати гарми мардуми тоҷикро ба халқи дӯсту бародари ӯзбек арз менамоям. Бовар дорам, ки ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ҳамаи бахшу самтҳо минбаъд низ пайваста густариш хоҳанд ёфт.
Мо имкониятҳои таърихӣ ва захираҳои истифоданашударо бо азму иродаи ду ҷониб ба самар хоҳем расонд.
Робитаҳои давлатҳои мо, ки акнун ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд, барои мардумони кишварҳоямон рӯзгори босаодатро ба армуғон хоҳанд овард. Ман ба ин итминони комил дорам.
Қадамҳои хубе, ки дар ин соли таърихӣ дар роҳи таҳкиму густариши муносиботи ду кишвар гузошта шуданд, оғози корҳои бузурги оянда мебошанд. Мо дар оянда низ дар роҳи густариши фазои дӯстии абадӣ ва самимияту ҳамдигарфаҳмии халқҳоямон бо ҳам қадамҳои устувор гузошта, ободиву пешрафт ва сулҳу суботи кишварҳоямонро таъмин мекунем. Ин рисолати таърихии мо мебошад.
Ба ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми бародари Ӯзбекистон оромиву амонӣ, некуаҳволиву саодат ва пешрафти рӯзафзун орзу мекунам.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти таърихиатон барору комёбиҳои бузург орзумандам.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халқларининг биродарлик ришталари мустаҳкам ва абадий бӯлсин!
Пояндаву безавол бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 239

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед