logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Пешвои миллат, шаҳри Душанбе, 20 августи соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.
Мусулмонони кишвари мо, ки пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ба дини мубини ислом ва суннатҳои он ҳамчун нишонаи имондорӣ, василаи покии маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида арҷ мегузоранд. Зеро дини ислом ва мазҳаби ҳанафия тайи садсолаҳои зиёд ба ташаккули маънавӣ ва такмили фарҳанги диндории мо мусоидат кардааст.
Мардуми мусулмони мо зимни таҷлили Иди Қурбон рӯҳи гузаштагонро ёдовар мешаванд, манзили онҳоро зиёрат мекунанд, ба аёдати оилаҳои азодор мераванд ва амалҳои хайру савобро иҷро менамоянд. Ҳамзамон бо ин, дар давраи омодагӣ ба ин иди саид ҳазорон нафар сокинони мамлакат фаризаи ҳаҷро, ки аз ҷумлаи рукнҳои панҷгонаи дини ислом маҳсуб меёбад, ба ҷо меоранд.
Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо баъди ба Ватан баргаштан ба ҷойи оростани дастархону ташкил кардани маъракаҳои намоишкорона ба анҷом додани аъмоли савоб, аз ҷумла корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва кумак ба муҳтоҷон бештар машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин ҷода намунаи ибрати дигарон бошанд.
Дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан танҳо маънои ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳамида, тарбияи рӯҳу ахлоқи пок ва кӯшиш барои инсони комил шудан аст.
Бисёр муҳим аст, ки дар доираи баргузор намудани Иди Қурбон бояд арзишҳои неки инсониву маънавӣ, аз қабили рафтору кирдору аъмоли нек, дӯстиву рафоқат, созандагиву ободкорӣ, омӯзиши илму маърифат, таҳаммулгароиву покии забон ва дигар хислатҳои ҳамида бояд мунтазам талқин карда шаванд.
Худованд дар Қуръони маҷид фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чӣ шумо ба даст овардаед ва аз покизаҳои он чӣ барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед».
 Итминон дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст. Касоне, ки имконияти иҷрои чунин амалро надоранд, метавонанд бо муносибати нарми инсонӣ ва одобу ахлоқи ҳасана аз савобу баракати Иди Қурбон баҳравар шаванд.
Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем.
Падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр вазифадоранд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардондани сатҳи некуаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фаъолона иштирок намояд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Итминон дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар баробари иҷрои маросими диниву мазҳабӣ, аз ҷумла адои маносики ҳаҷ ва таҷлили иди Қурбон, дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонии кишвари азизамон саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 217

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед