logo

Хабарҳо

ИСТАРАВШАН. Вусъати корҳои ободонӣ

Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо рафти сохтмони як қатор иншооти гуногун ва азнавсозиву таъмири роҳҳои кӯчаҳои шаҳр шинос гардид. Ӯ нахуст аз рафти корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи кӯчаи Мирзо Турсунзода дидан намуда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Ин роҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саид Аҳмадов таъмиру мумфарш ва симчӯбҳои барқӣ пурра азнавсозӣ шуда, тибқи нақша, то ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси шаҳр аз ҷараёни таъмири роҳи деҳаи Болғарии Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон изҳори қаноатмандӣ кард. Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, аз он сокинони деҳаи Далёни Поёни ноҳияи Деваштич ва меҳмонону сокиноне, ки ба  осоишгоҳи “Ӯротеппа” ташриф меоранд, истифода мебаранд.
Алҳол дар чаҳорчӯбаи эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои зиёди ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ҷараён доранд. 
Раиси шаҳр, ҳамчунин, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар осоишгоҳҳо ва корхонаю муассисаҳои дигар шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати сифатнок анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Шералӣ АЗИМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 123

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед