logo

Хабарҳо

Бунёди 180 муассисаи тандурустӣ дар ВМКБ

Дар  Ҷамоати  деҳоти   Рованди  ноҳияи Ванҷ бинои   нави маркази саломатии дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сардухтури маркази саломатӣ Розия Наврӯзова мегӯяд, ки табибони марказ ҳифзи саломатии бештар аз ҳазор нафар сокинони қариб даҳ  деҳаи ҷамоати деҳотро ба зимма доранд. Ба ҳоҷатмандон на фақат дар маркази саломатӣ, балки мувофиқи дархост дар манзили зисташон  низ  ёрии тиббӣ расонда мешавад. 
Бино ба  гуфтаи  Нуралӣ Додалиев, муовини  сардори  раёсати  тандурустии  вилоят, дар деҳаи Ғумасти ҳамин  ҷамоат бо маблағгузории Оҷонсии давлатии Швейтсария навсозии бунгоҳи тиббӣ анҷом дода шуд. Барои навсозии бино ва таъмини он бо таҷҳизоти  муосири  тиббӣ бештар аз 174,5 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Комиссияи давлатӣ, ки ба ҳайати он коршиносони соҳаҳои сохт-мону тандурустӣ шомил буданд, ба сифати корҳои анҷомдодаи бинокорон баҳои баланд дод.
Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони  рушд  соли равон дар қаламрави Бадахшон бо маблағгузории Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон  сохтмони нуҳ маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба  нақша  гирифта  шуда, шаштои он аллакай мавриди истифода қарор гирифт.
Нуралӣ  Додалиев бо  хушнудӣ  изҳор  намуд, ки  ба шарофати   сиёсати  дарҳои  кушода  ва дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  тайи  чанд соли охир дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва бо ҷалби манбаъҳои гуногуни сармоягузорӣ дар қаламрави вилоят 180 бинои  муассисаи тандурустӣ, ки аз рӯи модули тибби оилавӣ кор мекунанд, мавриди истифода қарор дода шуда,  ин  иқдом  бомаром  идома дорад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 120

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед