logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Пиримқул Сатторӣ пас аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи  давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ба нашрияи «Ифтихори Вахш» (ҳоло «Вахш») - и ноҳияи Вахш ба кор фиристода мешавад. Ҳамин тавр, ӯ тақдирашро бо журналистика пайваста, дар роҳи хизмат ба халқу Ватан содиқона заҳмат мекашад. «Агар аз ман бипурсанд, ки рӯзномаи «Вахш» ба ту чӣ дод, фавран ҷавоб медиҳам: ҳама чизро. Пеш аз ҳама, чӣ тавр зистан, бо камбудиҳо оштинопазир будан, дӯст доштан, навиштану омӯхтан ва ғайраро ёд дод», - гуфта буд Сатторӣ.
Ҷаҳду талошҳои ӯро дида  ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯза «Хатлон») ба кор даъват карданд. То охири умр ӯ дар ин даргоҳ содиқона хизмат намуд. Дар баробари ин, роҳбарии маҳфили адабии «Гулбарг» - ро ба уҳда дошт, ки худаш онро дар назди рӯзнома таъсис дода буд.
Ман он замон ходими рӯзномаи ноҳиявӣ будам ва гоҳ – гоҳ хабару мақола навишта, ба идораи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» меовардам. Ҳамеша медидам, ки хоҳ дар рӯйи ҳавлӣ бошад, хоҳ дар дафтари корӣ  ҷавонон дар гирди Сатторӣ ҳалқа зада, аз ҳар боб суҳбат менамуданд. Мавсуф бештар аз шеъру мавқеи шоир дар зиндагӣ сухан мегуфт. Аз ашъори классикон байтҳои пурҳикмат мехонду камҳавсалагии ҷавононро мазаммат мекард.
Аз камҳавсалагии ҷавонон шикоят бурданаш шояд ҷон дошту маънии дигар. Зеро Сатторӣ ҳамчун шоир дар ҷодаи суханварӣ, бо тозагии фикру мавзӯъҳои асрорангез ранҷи бисёр кашида, синнаш ба 50 расида бошад ҳам, ашъораш ҳанӯз ҳам дар дафтари сиёҳнависаш мехобид. Ҳамагӣ як китобаш бо номи «Пайғом» (соли 1979) ба дасти ҳаводорони шеър расида буд.
Танҳо баъди он ки замона дигар шуду қадри суханвар ҳам баланд рафт, асарҳои Пирумқул Сатторӣ низ бо номҳои «Боли парвоз» (1986), «Хӯшаи парвин» (1989), «Дуди ҳасрат» (дар ҳамкорӣ бо Алимуҳаммад Муродӣ, 1993), маҷмӯаи дастаҷамъии «Посира» (дар якҷоягӣ бо Алимуҳаммад Муродӣ,  Зариф Ибод, баъди маргаш) ба дасти чоп расиданд. Шоир дер ҳам бошад, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозим ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвақтов шеърҳои ӯро ба оҳанг дароварда замзама мекарданд. Т. Хушвақтов дар бораи Сатториву эҷодиёташ чунин гуфта буд: «Ёру дӯстон аз ашъори классикону шоирони рӯз шеърҳои зиёд наздам қироат мекарданд, фарзандон дар хона аз ҳар гуна ҳафтаномаву маҷалла, ки дастрас мешуд, шеърҳояшро бароям мехонданд. Вале лаҳзаеро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Рӯзе фарзандам як шеъре бароям хонд. Гӯё дилам аз қафаси синаам берун шуда бошад, тапиши набзамро бараъло мешунидам. Пурсидам: Моли кист? Гуфт, ки шеъри Сатторист, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» чоп шудааст. Ҳамон шабу рӯз шеърро якчанд маротиба бароям хонданд. Зуд аз худ шуд, оҳангаш ҳам ба зудӣ пайдо гашт. Акнун дилам дигар хел хурӯш мекард, табли шодӣ мезад. Аз ҳамон вақт худамро шахси хушбахт меҳисобам, ба саҳна хушҳол мебарояму бо ҳамон табъи болида суруд мехонам.
Ман ошиқам ба духтари зебои зиндагӣ,
Бар ғунчаи шукуфтаи раънои зиндагӣ».
Исматулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 163

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед