logo

иқтисод

ОБ. МУЪҶИЗА БОЯД ПОК БОШАД

«Об муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олам аст», - навиштааст Арасту, олими забардасти Юнони Қадим. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба об марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об аст, ҳаёт, ободӣ ва хушбахтӣ низ ҳаст. Ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш менамуданд, яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.
Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо ба шарофати ин неъмати беназир имконпазир мегардад.
Имрӯз бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ниёзи ҷомеаи башарӣ ба об афзуда, ҳамзамон, норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси ранҷу машаққати мардум гардидааст. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба об масъалагузорӣ намудаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд. Ҳамин аст, ки соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005 – 2015  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, ки ин, бешубҳа, бахти мост. Кӯлу дарёҳои ҷумҳурӣ дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии мардум нақши муассир доранд. Аммо баъзе шаҳрвандон дидаю дониста ба об ҳар гуна партовҳо мепартоянд ва онро ифлос месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи сарватҳои табиат вазифаи ҳар фарди ватандӯст аст. Мо бояд обро сарфакорона истифода бурда, соф нигоҳ дорем ва ба дигарон низ ин амалро талқин намоем.
Субҳ бо нур оламро мунаввар мегардонад, вале об вуҷуди оламу одамро поку равшан менамояд. Пас «Об - рӯшноӣ» гуфтани халқ ҳикматест, ки инсониятро баҳри ҳифзи ин неъмати бебаҳо ҳидоят месозад.
Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки ҷавононро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳимояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, ҳифзи сарватҳои табиӣ, ки ҷузъи ватандорист, тарбият намоем ва дар амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҳиссаи сазовор гузорем.
Сафаралӣ НАЗАРОВ, нафақагири 80 – сола,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
раиси собиқадорони ҷангу меҳнати
Ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Ш. Шоҳин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 251

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед