logo

фарҳанг

ВАФО

(ҳикоя)
Ман ин одамро  ҳар рӯзи якшанбе  медидам.  Субҳгаҳон ҳангоми харидани  шир аз пешам мебаромад. Аз болои яктаги сафед ҷомаи сатини сиёҳро ба китф партофта,  дастҳояшро ба пушт карда,  оҳиста гузашта мерафт ӯ. Ба атроф нигоҳ намекард. Ифодаи рӯи ӯро ҳамон лаҳзаҳо  шахси як бор дидагӣ ҳеҷ гоҳ  фаромӯш намекард. Гарчанд ба замин нигоҳ карда рафта истода бошад ҳам, дар  чашми ӯ ғаму аламро ҳис мекардам. Пешопешаш сагчаи сафеди барроқ  низ мегашт. Сагча ба рӯйи соҳибаш ҳар лаҳза - ҳар лаҳза нигоҳ карда, забони хурдакакашро бароварда зери пойи соҳибаш чарх зада,  бо қадамҳои майда - майда медавид. 
Вақте ки ин одамро бори якум дида будам, духтари хурд будам. Ҳамон вақтҳо ӯ хушқомат, ришу мӯйҳояш сип - сиёҳ, китфдор, хушрӯй,  як марди чил - чилу панҷсола  буд. Занҳо аз қафои ӯ шивир-шивир карда «ба  назди қабри занаш меравад»  гуфтанашон ба гӯшам мерасид.
Солҳо гузашт. Пештар ба ин одам ҳамту нигоҳ кунам,  акнун дарду дилашро  ҳис карда  аз пешаш мегузарам. Салом медиҳам. Ӯ оҳиста сар ҷунбонда, алейк мегирад, вале    нигоҳ намекунад. Акнун ришу мӯйи  ӯ сап - сафед, пир шудааст. Вақте ки ӯ мегузарад, бачаҳои шӯх андак хомӯш мемонанд, калонсолҳо суханашонро қатъ мекунанд. Занҳо худашонро  ба як сӯ гирифта, аз қафояш нигоҳ карда, оҳи  дароз  мекашанд. Тавре  ки шунидам, ӯ  занашро нағз дида хонадор шуда будааст. Якдигарро ба Замину Осмон бовар накарда, аҳлона зиндагӣ мекардаанд. Арӯси ҷавон кӯдаки якумашро ба дунё оварда, худаш аз олам чашм пӯшидааст. Мегӯянд, ки ин одам писари ширмакро ба ҳеҷ кас  надода бо шир ба воя расондааст.
Ман ин одамро дар рӯзҳои сарди  зимистон, дар тобистони гарму сӯзон,  дар баҳори нозанин, дар тирамоҳи заррину мусаффо  аз ҳамин роҳ гузаштанашро медидам.  Акнун китфҳои ӯ баромадагӣ, вале дар чеҳрааш ба аҳён - аҳён мӯйсафедон мушарраф мешудагӣ нуроният,  покӣ, зебоӣ, самимият  барқ зада меистод. Зебоии  бо ҳузну  покӣ омехта.
Мегӯянд, ки  ба  наздикӣ ба нафақа баромадааст. Ӯ аз ин кӯча боз зуд-зуд мегузаштагӣ шуда монд. Аз атрофи  қабре, ки санги мармар гузошта шудааст, тобистону тирамоҳ  райҳону гул канда намешавад. Ин гулҳоро ҳамин одам меорад, ҳамин одам  мерӯбад. Занҳо ӯро ба шавҳарҳояшон мисол оварда нишон медодаанд.
Достони ин одам аз Фарҳоду Ширин зиёдтар. Фақат ба қалами шоир гирифта нашудааст.  Ӯ ба ҳиссиёти  беғубори ҷавонӣ содиқ монда, ҳиссиётҳои  худаш бовар мекардагӣ, худаш саҷда мекардагиро  поймол карда натавонистааст. 
Бо ӯ охирин бор  дар саршавии баҳор вохӯрдам. Борони  субҳгоҳон борида, хоки нури офтоб нарасидагиро лой намуда, хирманҳои абри сап - сафед офтобро дошта, ба замин фаровардан намемонанд. Ҳама ҷо нам. Деворҳо  низ нам кашида мерехтагӣ барин.   Ҳамин одам дар пояш маҳсию калӯш, дар китфаш ҷомаи куҳна, вале озода, ҳамроҳаш сагчаи сафеди барроқ. Ранги рӯяш кандагӣ,  қадамҳояш вазнин, қаду қоматаш боз ҳам хамидагӣ метофт ба назарам. 
Баъд ӯро надидам. Рӯзҳои якшанбе ба шир рафта истода,  беихтиёр ӯро ёд мекардам.   Танҳо ду - се  бор ба сагчаи сафеди барроқ рӯ ба рӯ омадам.  Сагча танҳо, дар наздаш соҳибаш наменамуд. Акнун ӯ пештара барин ба қадами мӯйсафед нигоҳ намекард, саросемавор, давида мерафт. Барои чӣ соҳибаш нест? Пештар гузашта рафтагист, хаёл мекардам.   Тирамоҳ низ гузашт.  Рӯзҳои сарди зимистон сар шуд. Барф меборид.  Замин шип - шилта лой. Барфи  боридагӣ об мешуд. Рӯз хира гашта буд. Аз кор мегаштам. Як ҷавони  палтои сафед пӯшидагӣ  ба бағалаш  чизе сафедиро бардошта аз наздам гузашта рафт. Вақте рӯ ба рӯ шудам, дар бағалаш ҳамон сагчаи сафеди барроқро дидам.  Дилам   «шуввос» кард. Фаҳмидам, ки  сагча ба қабристон мерафт… Ба пушт тоб хӯрда нигоҳ кардам. Оре, ин писари ӯ. Гӯё ҷавонии  падараш.
- Одамгариаш, дили софаш ба падар монанд бошад,  вале бахташ ба ӯ монанд нашавад, - ба ӯ таманно   намудам. Ҳар рӯзи якшанбе ба кӯча мебарояму беихтиёр ҳамин одам ба ёдам  меояд. Аз кӯчаамон гузашта истоданаш маъқул буд.  Ӯ дили одамонро  нарм, забонашонро мулоим намуда меистод. Оре, ӯ  ба одамон инсоф   тақсим карда мегашт.   
Саида ЗУННУНОВА, Шоираи халқии Ӯзбекистон,
тарҷумаи Сулаймон ЭРМАТОВ

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 248

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед