logo

иқтисод

НАМАКИ ЙОДНОК ХУРУҶИ АКСАР БЕМОРИҲОРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД

(Бардошт аз мизи мудаввар)
Дар маҷмаи «Душанбе Плаза» доир ба мавзӯи «Роҳҳои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» мизи мудаввар баргузор гардид.
Таъкид гашт, ки ҳадафи асосии ташкили ин чорабинӣ пешгирӣ аз бемориҳое, ки аз норасоии йод сар мезананд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мебошад. Норасоии йод инсонро ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла ҷоғар, камхунӣ, заъфи қувваи ҳофиза, камақлӣ, тавлиди кӯдаки мурда, қобилияти ками биноӣ, шунавоӣ, нутқ, беқувватӣ, ҳассосият, фарбеҳӣ, қадпастӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи мутахассисон, тайи солҳои охир дар ҷаҳон ин гуна бемориҳо афзоиш ёфта истодаанд. Яке аз роҳҳои афзали пешгирӣ намудани аксари ин бемориҳо йоднок намудани маводи хӯрока, махсусан намак  ва таъмин намудани организм бо йод мебошад. Дар кишвари мо низ айни ҳол занону кӯдакони мубталои ин беморӣ  зиёданд. Воқеан, нарасидани йод дар ҳама марҳилаҳои инкишофи ҷисмонии инсон таъсири худро мерасонад.
Лучиано Колостин, роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, аз ташкили чунин чорабинии хеле муҳим бо изҳори қаноатмандӣ андешаи худро чунин баён намуд:
- Қонуне, ки дар ин самт қабул шуда, тайи яку ним даҳсола амал мекунад, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Шурӯъ аз ба даст овардани истиқлолият дар саноати хӯроквории Тоҷикистон мо пешравиҳои хеле зиёдро шоҳид гаштем. Вале ҳанӯз ҳам кори мо ба анҷом нарасидааст. Гумон мекунам, ки масъалаи таъмини ғизои солим аз ҳама муҳим маҳсуб меёбад. Ҳарчанд нисбат ба солҳои қаблӣ вазъият хеле беҳтар шуда бошад ҳам.
Махсум Саидов, муовини раиси КВД «Хӯрокворӣ», доир ба ҳолати имрӯзаи истеҳсолоти намаки ошии йоднок ва йоднокгардонии намак дар Тоҷикистон  маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки намаки ошӣ маҳсулоти ҳаррӯзаи истеъмолии аҳолӣ мебошад. Маҳз бо роҳи йоднокгардонӣ  мо аҳолиро аз бемориҳои камбуди йод, хусусан ҷоғари эндемикӣ, эмин медорем.                                                                           
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз 12 корхона ба истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ машғул мебошад. Айни ҳол намак асосан аз ҳисоби конҳои намаки ноҳияҳои Ашт ва Восеъ истихроҷ шуда истодааст.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳо  8199 тонна намаки ошӣ  истеҳсол намудаанд. Тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар, истихроҷ ва коркарди  намак танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус бояд ба роҳ монда шавад. Ба намаки истеъмолӣ бояд  мутобиқи  меъёр 60 грамм йод дар як тонна илова карда, ба фурӯш бароварда шавад.
Иштирокдорони мизи мудаввар аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки баъзе  корхонаҳо  йодро дар истеҳсоли намак нисбат ба солҳои пешин кам кардаанд. Ҳамчунин, дар нуқтаҳои савдо намакҳои йоднокнашуда ва ғайристандартӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Ё ин ки дар рӯи халтачаҳои намак навиштаҷоти «Намаки йоднокшуда» зикр шуда, дар асл таркиби онҳо тамоман йод надорад. Намакҳои воридотӣ низ дар таркибашон йод надоранд. Ин аст, ки аз тарафи кормандони  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 40 тонна намаки ошии ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуд. Мушкилоти соҳаи таъмини аҳолӣ бо намаки йоднок аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ дошта, ҳалли он ҳамкории дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 194

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед