logo

иҷтимоиёт

ОБОДКОРӢ МАЪНИИ ЗИНДАГИИ ӮСТ

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони саховатманд корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба назар мерасанд. Ин нафарон дасти мадад дароз намуданро ба дармондагон қарзи инсонии худ меҳисобанд.
Қиёмиддин Юсуфов яке аз чунин шахсон мебошад, ки дар пешрафти  соҳаҳои  иҷтимоиву  иқтисодии  ноҳияи  Файзобод,  хосса  дастгирии ятимон ва оилаҳои ниёзманд  ҳиссагузор аст.
Роҳи деҳа, ки онро ба маркази ноҳия мепайвандад, солҳои зиёд хароб буд. Мардум бо мушкилии зиёд ба марказ ва дигар минтақаҳои ноҳия сафар мекарданд. Қ. Юсуфов мушкилоти мардумро ба назар гирифта, аз ҳисоби даромади худиаш онро тармим намуд.
Номбурда кори хайру савобро пешаи ҳамешагии худ дониста, доимо дар фикри ободу зебо гардондани маҳалаш, ки як пораи Тоҷикистони азиз аст, мебошад.  Ду пули нақлиётиро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дида буд, бо маблағи худ ва дастгирии мардум мавриди истифода қарор дод. Айни ҳол, дар деҳа сохтмони мактаб идома дорад. Қиёмиддин Юсуфов низ дар он саҳми худро гузошта истодааст. 
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Заркамар сохтмони майдончаи варзишӣ идома дорад. Дар сохтмони он ҳам Қ. Юсуфов саҳм мегирад. Ният доранд  онро дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба  истифода диҳанд.
Қаҳрамони мо нақша дорад, ки  бо мақсади боз ҳам зебову обод гардондани диёраш барои наврасону ҷавонон боғӣ фарҳангию фароғатӣ созад. Қиёмиддин инро қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар дониста мегӯяд: «Пешвои миллат дар ҳар як суханронияшон дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бечорагон ва анҷом додани амалҳои хайрро таъкид мекунанд. Мардуми мо бо файзи истиқлолият ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд.  Барои ҳар як фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад».
Зикрулло ҚУТБИДДИН,
коромӯзи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 74

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед