logo

фарҳанг

"ХУҶАНД": РАВЗАНАИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ

Ӯғулой ҚОСИДОВА, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Хуҷанд",
номзади илмҳои филология

Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст.
Садриддин АЙНӢ


Матбуот вобаста ба эҳтиёҷу талаботи мардум ба вуҷуд омада, матлаби маънавию фарҳангии аҳли ҷомеаро қонеъ мегардонад. Мисли оинаест, ки ҳодисаҳои таърихро инъикос мекунад. Ва, ҳамчунин, сарчашмаи муътамад дар шинохти саҳифаҳои гузаштаву рангини имрӯзаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин росто ҳафтаномаи "Хуҷанд" - ро метавон зикр кард, ки чун таҷассумгари ҳаёт, оинаи рӯзгори ҷомеа дар назди таърих хизмати шоистаро соҳиб аст. Таърихи мавҷудияти рӯзнома се давра: ибтидои асри бист, давраи мукаммали шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолиро аз сар гузарондааст.
Аз нахустин ҷаридаҳоест, ки дар Тоҷикистон арзи вуҷуд карда, дар ибтидо бо номи "Бо роҳи Ленинӣ" машҳур буд. Дар солҳои 1933 - 1934 дар давлати абарқудрати СССР 3368 шуъбаи сиёсии МТС ва 202 шуъбаи сиёсии совхозҳо фаъол буданд. МТС - ҳо дар гузашта аз ташкилотҳое буданд, ки ба хоҷагии халқ ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам хоҷагӣ сарварӣ мекарданд. Ва маҳз рӯзномаҳо таҳти назари шуъбаҳои сиёсии МТС - ҳо тавлид ёфта, фаъолият мебурданд.
Дар ин раванд Тоҷикистон низ дар канор набуд. Бо қарори КМ ВКП (б) "Дар бораи кори шуъбаҳои сиёсии МТС-ҳо, дар бораи ячейкаҳои ҳизбии колхозҳо ва дар бораи муносибати байни шуъбаҳои сиёсӣ ва кумитаҳои ноҳиявии ҳизбҳо" 13 июни соли 1933 нашрияи "Бо роҳи Ленинӣ" дар назди МТС-и Хуҷанд таъсис ёфт, ки муҳаррираш Тоҷӣ Усмон ва котиби масъулаш Раҳим Ҷалил таъйин гардиданд.
Муаррих Усмонҷон Ғаффоров бо фарогирии ҷустуҷӯҳои илмӣ дар китоби "Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон" ба чунин натиҷа мерасад: "Газетаи "Бо роҳи Ленинӣ" яке аз беҳтарин газетаҳои МТС-ҳои Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Бесабаб нест, ки ин газета дар конкурс - мусобиқаи газетаҳои шуъбаҳои сиёсии МТС-ҳои республикаҳои Осиёи Миёна, ки онро сектори сиёсии Осиёимиёнагии МТС-ҳо ва редаксияи газетаи "Правда Востока" эълон карда буд, ҷойи аввалинро ишғол намуд ва муҳаррири он Тоҷӣ Усмон сазовари мукофоти қиматбаҳо гардид".
Фаъолияти пурсамари нашрияи "Бо роҳи Ленинӣ" - ро рӯзномаҳои марказии "Правда" ва "Тоҷикистони сурх", "Коммунист Таджикистана" баҳои арзанда додаанд. "Тоҷикистони сурх" 3 октябри соли 1933 таҳти сарлавҳаи "Аслиҳаи бурро воситаи ҳалкунанда" сармақолаи худро пурра ба рӯзномаи "Бо роҳи Ленинӣ" бахшидааст. Дар ин мақола нақши рӯзнома дар муттаҳид намудани мухбирони коргару деҳқон муаррифӣ мегардад.
Бо теъдоди зиёд чоп шудани рӯзнома баёнгари он буд, ки ҷарида аз бонуфузтарин наш-рия дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳамзамон, ҷойгоҳи нашрия дар сайқали маҳорат, тарбияи хабарнигорон ва қаламкашони ҷавон арзишманд буду ҳаст ва мактаби бузурги нависандагон, адибон ва рӯзноманигорон ба шумор меравад.
Дар боргоҳи эҷодии "Бо роҳи Ленинӣ" қаламкашони номвар ҷамъ шуда буданд. Ташрифи Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳаким Карим, Зариф Раҷабов, Пӯлод Бобоев, Йӯлчӣ Бобоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳаммадҷон Нурматов, Юнус Ҳусайнӣ, Ҳомид Паҳлавонзода, Эргаш Мӯҳсинзода, Охун Шамсӣ, Самӣ Очилзода, Саид Сабур, Рустам Исматӣ, Ҷӯра Наврӯз, Рашод Махсум, Барака Бобоева, Майрам Бозорбоева, Назокат Шокирова, Наҷмӣ Набиева, Шаҳодат Аҳмадова ва дигарон аз ҳамкории судманди эшон бо ин нашрия ва фаъолияти пурсамари рӯзнома дарак медод.
Рӯзнома рӯзҳои аввал дар як моҳ ҳафт маротиба нашр мешуд ва теъдодаш ба 7 ҳазор нусха расида буд. Соли 1935 рӯзнома бо ҷаридаи "Пролетари Хуҷанд" пайваст мегардад. Аз моҳи январи соли 1936 то 1940 "Бо роҳи Ленинӣ" ҳамчун нашрияи шаҳрию ноҳиявӣ интишор меёбад. Дар ноҳияи Ленинобод "Бо роҳи Ленинӣ" аз нав таъсис ёфта, бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба нашр мерасад.
Соли 1940 баъди ташкили вилояти Ленинобод ба рӯзнома номи "Стахановчӣ" дода шуд ва ҳамчун нашрияи кумитаи ҳизбии вилоятию ноҳиявӣ ба ҳисоб мерафт.
Соли 1958 Ленинобод баъди гирифтани мақоми ноҳия "Бо роҳи Ленинӣ" аз нав чун нашрияи кумитаи ҳизбӣ ва Шӯрои вакилони халқ ба фаъолият мепардозад. Оғози солҳои 60 – ум, баъди барҳам хӯрдани вилояти Ленинобод "Бо роҳи Ленинӣ" чун рӯзномаи КМ ҲК Тоҷикистон ва раёсати ҳудудии истеҳсолии колхозию совхозӣ барои ноҳияҳои Нов (ҳоло Спитамен), Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов), Мастчоҳ ва Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) интишор меёбад. Соли 1972 идораи ҳафтанома аз шаҳри Ленинобод ба кӯчаи Матросови шаҳраки Советобод (ҳозира Ғафуров) кӯчид.
Қаламкашони зиёде ба рӯзнома ҷалб карда шуда буданд. Рӯзноманигорон бо сарварии сармуҳаррири вақт Мӯъминҷон Аҳмадов ҳайати эҷодиро созмон дода, барои бетаъхир ва хушсифат чоп шудани он кӯшиданд. Абдуллоҷон Омиров, Файзулло Атохоҷаев, Ҳаннон Раҳмон, Абдусамад Мавлонов, Шарифҷон Нуриддинов, Комил Исроилов, Неъмат Оташ, Анвар Олимов, Маҳмудҷон Иброҳимов баробари идомаи анъанаи устодони хеш барои аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳия кӯчондани идораи рӯзнома ва ташкили матбаа заҳмат кашиданд ва муваффақ шуданд, ки рӯзнома дар қаламрави ноҳия омода ва ба чоп расад.
Аз соли 1973 чопи рӯзнома дар матбааи навтаъсис ба роҳ монда шуд. Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Раҳбар Қосимов дар рӯзи сеюми фаъолияти кориаш ҳамроҳи раиси комиҷроия Абдурасул Нозиров меҳмони идораи ҳафтанома шуда, бо кормандон суҳбат ороста буданд.
Аз соли 1991 марҳилаи нави фаъолияти нашрия оғоз меёбад. Бо баробари соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи номи ноҳияи Хуҷанд, ба рӯзнома номи "Хуҷанд" дода шуд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар рӯзнома бо ҷилои тозаву андешаҳои созгор, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар саҳми хубу арзанда гирифт.
Имрӯз ин ҳафтаномаи бонуфузи кишвар ба синни 85 мерасад. Номи қаламкашони номвар Ҳаннон Раҳмон, Болтуҷон Умаров, Аюбҷон Умаров, Рауф Раҷабов, Маҳмудбек Бобобеков, Саидхон Мамадов, Абдумалик Қайюмов, Абдулло Рауфов (Ҳушёр), Неъмат Шариф, Мақсудҷон Рустамов, Зайнаб Туробова, Бобоҷон Ибодуллоев, Ҳасанбой Шарифов, Қурбон Раҳмонов, Абдуқаюм Юсуфов, Ҳомидҷон Шарифов, Насруллоҷон Убайдуллоев, Неъмат Оташ, Мавлуда Кенҷаева (рӯҳашон шод бод), Шарифҷон Нуриддинов, Анвар Олимов, Мунаввара Азимбоева, Мирзоғанӣ Валиев, Ҳакимҷон Зокиров, Комилҷон Исроилов, Мавлуда Муродова, Парвина Рустамова, Муинҷон Назаров ва хабарнигорни фаъоли ҷамоатӣ Карим Зокиров, Илаш Тӯйчӣ, Толиб Арбобӣ, Фирӯза Худойбердиева, Муқимҷон Раҳмонбердиев, Шоира Қосимова, Султон Мамарасулов, Мамаюсуф Раҳматов, Алиҷон Олимов, Раъно Шарифова, Азизбек Воҳидов, Солиҷон Остонақулов, Алишер Аҳмадов ва даҳҳо дигаронро имрӯз ба забон овардан мумкин аст, ки бо навиштаҳои тоза таърихи рӯзро навиштаанду менависанд. Ва кулли онҳо мактаби "Бо роҳи Ленинӣ"- ро мактаби маҳорати қаламкашии хеш меҳисобанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳафтанома тӯли ин солҳо роҳи пуршараферо тай намуд. Рӯзнома вазифаи фахриаш - инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии мардумро ба шоистагӣ иҷро мекунад, ба тарбияи қаламкашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба мактаби бузурги эҷодӣ табдил меёбад.
Дар солҳои мавҷудияташ вазифаи сармуҳарририи рӯзномаро Тоҷӣ Усмон, Мирзоқосим Рустамов, Ҳоҷӣ Содиқ, Карим Солеҳзода, Усмонҷон Тоҷибоев, Муъминҷон Аҳмадов, Аббос  Воситов, Абдуллоҷон Омиров, Маҳмудҷон Иброҳимов,  Ғуфронҷон Рустамов (рӯҳашон шод бод), Маҳмудҷон Ҳусейнзода ба ҷо овардаанд. Имрӯз саодати бузург ва шарафи бепоён моро низ насиб гардида, ки аз қадамҷойи бузургон баҳравар гардем. Ин рисолат моро водор месозад, ки шаҳомати ин даргоҳ ва нуфузи рӯзнома ҳифз ва гиромӣ дошта шавад ва ҳамин гуна ба дасти насли оянда манзур гардад. Дар ин ҷода тавону қудрат ва донишу маҳоратро бо масъулияти баланди касбӣ сарф хоҳем дошт.
Ин ҷашни ҳумоюнро ба тамоми аҳли қалам ва ҳайати эҷодии ҳафтаномаи "Хуҷанд" хуҷаста мегӯям!
 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 135

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед