logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АВВАЛИН ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ НАҶОТДИҲАНДАГОН ДОИР ШУД

Бо мақсади татбиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода аз 9 марти соли 2018, ҳамчунин, рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии генерал - майор Абдулло Қулдошев, муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар, иштирок дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба  дар самти коҳиши хатари офатҳо, аз ҷумла ташкил ва роҳандозии низоми огоҳсозии барвақтӣ ва мониторинг ба объектҳои нисбатан хатарноке, ки дар қаламрави марзии байни ду кишвар ҷойгир шудаанд, ҳамчунин, дар бораи тартиби табодули ахбор ва хабаррасонии аҳолӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои марзӣ, баррасӣ шуданд. Рӯнамоии корҳои анҷомшуда, тарҳрезии роҳҳои нав оид ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозиҳои муштарак низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Аз рӯйи ҷамъбасти кори якҷояи коллегия протоколи аввалин ҷаласаи муштараки ниҳодҳои марбутаи ду кишвар, ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар солҳои 2018-2019, алгоритми табодули маълумот ва регламенти ташкили ҳамкориҳо имзо шуданд.  
Дар брифинги матбуотӣ роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон ба муҳим будани чорабинии мазкур таъкид карда, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои фаъолона дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи наздимарзӣ таҳким хоҳад ёфт. Қарор аст, ҷаласаи навбатии коллегияи муштарак соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шавад.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 126

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед