logo

иҷтимоиёт

ИСТАРАВШАН. ТАЪМИНИ 866 НАФАР БО ҶОЙИ КОР

Дар нимсолаи якуми соли равон ба раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 1608 корҷӯ муроҷиат намуд ва аз онҳо  866 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба 141 корҷӯ кумакпулӣ таъйин шуд, ки маблағи умумии он 50 ҳазор сомониро ташкил дод. 

Тавре Ҳасан Ғафуров, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар доираи татбиқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018 - 2019» 200 нафар дар филиали “Маркази таълими калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон” - и шаҳр касбу ҳунарҳои коргузор, асосҳои омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, сартарошӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, карнайсозӣ ва тракторчиро азхуд карданд. Дар баробари ин, ба 35 нафар барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 82 ҳазору 400 сомонӣ ёрмандии молиявӣ расонда шуд, ки онҳо айни замон дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот ва хизматрасонӣ фаъолият мебаранд.  
Ҳамзамон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 127 ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён 7 ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар онҳо 333 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, нафарони зиёд, хусусан бонувон ва ҷавонон, барои касбомузӣ роҳхат гирифтанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2018    №: 149    Мутолиа карданд: 635

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед