logo

фарҳанг

АКАДЕМИЯИ ВАО. ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба хотири бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони  ВАО - и кишвар таъсис дода шудааст. То ин дам дар кишвар ниҳоди алоҳидае, ки ба такмили ихтисоси рӯзноманигорон машғул шавад, вуҷуд надошт. Ба гуфтаи собиқадорони соҳа, курсҳои омӯзиширо пештар гоҳ - гоҳе Иттифоқи журналистон роҳандозӣ менамуд, ки дар бештари он журналистони маҳаллӣ ҷалб мешуданд.
Дар чунин шароит ба фаъолият пардохтани Академия ВАО, ки ҳадафи аслиаш такмили ихтисоси рӯзноманигорон ва ба ин восита боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани барномаҳои телевизион, радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардондани фаъолияти матбуоти даврӣ аст, муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Таҳлили фаъолияти  муассиса нишон медиҳад, ки он дар се самт кор мебарад: доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ баҳри такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони ВАО - и чопӣ ва электронӣ гузарондани назарсанҷӣ оид ба муҳтавои барномаҳои радиову телевизион ва нашрияҳои даврии кишвар.
Бо мақсади муайян намудани талабот  ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ВАО академия қаблан саволнома омода намуда, ба расонаҳо пешниҳод мекунад, ки кадом табақаи кормандонашон ба бозомӯзӣ  ниёз доранд. Яъне, нақшаи корӣ дар асоси талаботи ВАО таъсис дода мешавад. Ба ин хотир, академия давоми ду соли фаъолият дар самти таҳияи барномаҳои фарҳангӣ - фароғатии радио, таҳияи хабар барои телевизион, асосҳои навиштани  сенария барои барномаҳои телевизион ва кино, ҳунари наворбардорӣ, истифодаи нави технологияи коммуникатсионӣ барои васеъ намудани аудитория ва дигар паҳлуҳои фаъолияти журналистон  машғулиятҳои омӯзишӣ доир намуд. Барои гузарондани курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос на танҳо мутахассисони  дохилӣ, балки устодони варзидаи соҳа аз  Белгия  ва  Русия низ  ҷалб шуданд.
Ба иттилои Зинатулло Исмоилзода, директори академия, дар нимсолаи аввали соли равон 138 корманди телевизион, радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ, марказҳои матбуотӣ ва нашрияҳои даврӣ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ  карданд.
- Аз шабакаҳои телевизион муҳаррирон, наворбардорону танзимгарон ба бозомӯзӣ ҷалб шуданд. Барои боло бурдани ҳунари ровиёни радио ва телевизион дарсҳои маҳорат баргузор гардид. Кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳо тарзи дурусти усулҳои истифода аз сомонаҳои интернетиро дар шароити муосир омӯхтанд.
Чанде қабл Татяна Тихамирова, устоди Донишгоҳи иқтисодии Русия, барои    роҳбарони радио ва телевизион машғулияти омӯзишӣ гузаронд, - изҳор дошт З. Исмоилзода.
Инчунин, бо ҷалби мутахассисон ширкати машҳури «SONY» барои  кормандони бахши техникии ВАО  силсилаи машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд.
Бештари машғулиятҳо дар бинои академия баргузор мегарданд. Барои журналистони минтақавӣ машғулиятҳои махсуси сайёр роҳандозӣ мешаванд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки онҳо бо назардошти шароити корие, ки доранд, бозомӯзии касбӣ гузаранд.
Дар самти назарсанҷӣ низ корҳои  алоҳида ба сомон расиданд. Ин самти фаъолияти академия ба он хотир роҳандозӣ гардид, ки  андешаи мардум дар хусуси муҳтавои барномаҳои радиову телевизион ва нашрияҳои даврӣ омӯхта шавад. Аз ҷумла, чанде пеш кормандони академия  дар вилояти Суғд миёни беш аз 1500 нафар назарсанҷӣ гузаронданд. Зинатулло Исмоилзода изҳор дошт, ки академия андешаҳои истифодабарандагони ВАО - ро ба хотири рафъи мушкилоти соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти ниҳодҳои дахлдор дар шакли китоб омода  ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулони ВАО пешниҳод менамояд.
Дар маҷмӯъ, корҳое, ки Академияи ВАО анҷом додааст, ба хотири ба талаботи замон  мувофиқ намудани сифати маводи чопӣ, барномаҳои радиову телевизион аст, ки аллакай самари чашмрас дода истодааст.
- Мо ба масъалаи натиҷабахш будани омӯзишҳоямон таваҷҷуҳи зиёд дорем ва ҳамеша мекӯшем журналистон донишҳои азхудкардаашонро дар амал тадбиқ намоянд. Оянда нақша дорем, бевосита роҳбарони ВАО – ро низ ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намоем, то самаранокии усулҳои нави пешниҳоди маводҳо бештар эҳсос шавад, - афзуд Зинатулло Исмоилзода.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 84

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед