logo

иқтисод

БАДАХШОН. “БУНЁДКОРӢ ОИНИ ДЕРИНИ МОСТ”

Таҳти чунин  унвон дар  Ҷамоати  деҳоти   Навободи  ноҳияи   Шуғнон  конференсияи ҷумҳуриявии  илмию амалӣ  баргузор  шуд.
- Давоми  27 соли  Истиқлолияти давлатӣ  бо  ҳидоят  ва  дастгирии Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  шаҳру навоҳии Бадахшони  Тоҷикистон  бо  маблағи  3,5 миллиард  сомонӣ  бештар аз  1950  иншооти   хурду  бузург бунёд ёфта, мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифт. Дар  ин  давра,  аз ҷумла иншооти  муҳими энергетикӣ – неругоҳҳои барқи обии  “Помир - 1”, «Техарв», «Андарбак», «Ванҷ - 2», «Ориёно - 1»,  «Ориёно - 2» ва зиёда  аз  30 неругоҳи хурди дигар  ба  истифода   дода  шуданд. Ҳоло дар  неругоҳҳои барқии  «Оқсу»  ва  «Себзор» корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Рӯзҳои  наздик неругоҳи «Оқсу»  мувофиқи лоиҳа  бо  иқтидори 1500  квт - соат ба   истифода  дода  мешавад. Шоҳроҳи   Кӯлоб - Қалъаи  Хумб - Мурғоб - Қулма яке  аз  бузургтарин  иншооти даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки бунёди он   ВМКБ - ро  аз  бунбасти  коммуникатсионӣ  пурра раҳоӣ   бахшид, - гуфт Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят, зимни суханронӣ.
Имрӯзҳо низ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии  бинокорони вилоят  биноҳои   замонавии мактабу беморхонаҳо бунёд гардида,  ба  ҳусни  маҳалҳои аҳолинишини минтақа  ҳусни  нав  зам  менамоянд.  Дар  шаҳри  Хоруғ  биноҳои  нуҳошёна қомат  афрохта,   бунёди  хонаҳои  истиқоматии  12 – ошёна  низ шурӯъ гардидааст.  Дар  як  муддати  кӯтоҳ  сохтан ва  мавриди  истифода  қарор  додани иншооти зиёди хизматрасонию маъмурӣ ва истеҳсолӣ дар  маркази  маъмурии  ноҳияи  Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат аз пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ дарак  медиҳад. Айни замон  созандагиҳо  дар  даҳҳо  иншооти  муҳими  иҷтимоию иқтисодии  вилоят  идома  доранд.
Аъзам  Шоҳмирзоев, муовини  директори  Дирексияи  сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,    таваҷҷуҳи хоссаи  Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба  рушди  ҳамаҷонибаи  вилоят, бахусус  созандагиву  бунёдкориҳо, асоси комёбию пешравиҳо арзёбӣ намуд. 
- Ҳамасола қариб 100 миллион  сомонӣ  танҳо  аз  ҳисоби   Буҷети давлатӣ барои  сохтмони иншооти  гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақа   равона  мегардад. Гузашта аз ин, ҷиҳати сохтмони  иншоот  дар  вилоят аз  тарафи  вазорату  кумитаҳо,  идораҳои  ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигар  маблағгузориҳо сурат мегиранд, ки  ин  ба  ташкили  ҷойҳои  нави  кор  ва   беҳтар  гардидани  сатҳи  некуаҳволии  мардум  мусоидат  менамояд, - гуфт ӯ. 
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 98

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед