logo

фарҳанг

ФИРДАВСӢ ВА ШАМСИДДИН ШОҲИН

Адабиётшиноси маъруфи асри XIX Садри Зиё Шамсиддин Шоҳинро баъди Фирдавсиву Анвариву Саъдӣ «чорумин пайғамбари шоирон» номидааст («Назираш набошад ба рӯи Замин, Зи пайғамбари шоирон чорумин»). Ин ҷо ифодаи «чорумин пайғамбари шоирон» на танҳо ба нотакрории фардияти эҷодии Шоҳин далолат мекунад, балки иртиботи ирсӣ ва пайравии хоссаи ӯ ба шуарои бузурги зикршуда дар назар дошта шудааст.
Адабиётшиносони муосири тоҷик пайравии Шоҳинро ба Анвариву Саъдӣ, Низомиву Амир Хусрав, Ҳофизу Бедил таъкид ва то андозае таҳқиқ карда бошанд ҳам, лекин муносибати ӯро бо Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» - и вай таъйин нанамудаанд, ҳол он ки нуқтаи баланди ғоявию бадеии эҷодиёти Шоҳин дар заминаи таъсиру нуфузи кайфиятҳои ғоявию услубии ин асари безавол зоҳир гардидааст. Бинобар ин, илова бар он ки Садри Зиё иртиботи ирсии маслаку мароми Шоҳинро бо Ҳаким Фирдавсӣ таъкид намудааст, шоир Зуҳурии Ҳиротӣ низ дар шеъри ба мадҳи Шоҳин бахшидаи худ, ӯро ба сифати шоири «Фирдавсикалом» васф кардааст. Мирзо Муҳаммадқобили Савдоӣ, шоир ва мухлиси ашъори Шоҳин, низ дар мадҳи ӯ шеъре навишта, ки байте аз он ин аст:
Андар қасидаву ғазалу васф, ҳамчунон,
Фирдавсиву  Саъадиву монанди Анварӣ.
Муносибати Шамсиддин Шоҳинро ба «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ пеш аз ҳама, дар ҷараёни таълифи  маснавии «Туҳфаи дӯстон» хеле равшан мушоҳида мекунем. Муҳаққиқи асосии ҳаёт ва эҷодиёти Шоҳин профессор Холиқ Мирзозода дар асоси ба назар гирифтани  моддаи таърихи  таълифи маснавии «Туҳфаи дӯстон» маснавии мазкурро  як асари аз ҷиҳати  сохту таркиб комилу анҷомёфта шуморида, ба хулосае омадаанд, ки қисми  асосии ин асар (ба ғайр аз қисмати  муқаддимавӣ ва боби аввал) талаф шудааст ва аз ин рӯ, порчаҳои боқимондаи «Туҳфаи дӯстон» - ро чун ҷузъи таркибии як асари  комили анҷомёфта, ки дар пайравии «Бӯстон»-и Саъдӣ навишта шудааст, таҳлил намудаанд. Аммо профессор Расул Ҳодизода маълумоти сарчашмаҳои таърихию адабии замони худи Шоҳинро, ки дар онҳо «нотамом»  мондани асари «Туҳфаи дӯстон» таъкид шудааст, тақвият медиҳад ва сабаби қатъ гардидани  пиндори бадеии Шоҳинро аз офариниши асари «Туҳфаи дӯстон» ба рухдоди табаддулоти фикрии шоир алоқаманд намудааст. Бинобар он, муҳаққиқ дар байни бобу фаслҳои боқимондаи асар, воқеан, фикру андешаҳои ба якдигар тамоман мухолифро дуруст дарёфт кардааст. Вале бо вуҷуди ин гуна андешаҳои дақиқ  муҳаққиқ ҳангоми тадқиқи бобу фаслҳои боқимондаи «Туҳфаи дӯстон» тарзи баён ва сабки сухани Шоҳинро аз ҷумлаи шоирони мутақаддим танҳо бо сабки «Бӯстон» - и Саъдӣ алоқаманд кардааст.
Таҳқиқи бобу фаслҳои мавҷудаи «Туҳфаи дӯстон» ҳаминро нишон медиҳад, ки онҳо дар маҷмӯъ дар пайравӣ ва таъсири ду сабку услуби ҷудогона ва мухталиф навишта шудаанд, яъне дар сабку услуби «Бӯстон» - и Саъдӣ ва сабку услуби «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ.
Пайравӣ ва истифодаи сабку услуби ин ду шоҳасари пайғамбарони шеъру шоирӣ, ки дар як вазн (мутақориб) навишта шудаанд, дар  маснавии «Туҳфаи дӯстон», ки он ҳам ба ҳамин вазн аст, дар як вақт ва ба тарзи  омехта сурат  нагирифта, балки ду  марҳилаи  мутақобила ва таҳаввули ғоявию бадеии эҷодиёти Шоҳинро ифода намудааст.
Аз ҷараёни таълифи «Туҳфаи дӯстон» маълум мешавад, ки маснавии Шоҳин, воқеан,  дар татаббӯи «Бӯстон» - и Саъдӣ ифтитоҳ ва шурӯъ шудааст. Шоир пас аз ба дарбори амир омадан хостааст бо ҳидояти  муршиди бузургвори худ,  орифи покдин Шайх Муҳаммад Зирифи Ҷӯйборӣ дар ҳамон марому маслак ва нақшаи «Бӯстон» - и Саъдӣ як асаре ба таври назира биофарад, чуноне ки қабл аз ин дар пайравии Низомӣ достони «Лайлӣ ва Маҷнун» - ро навишта буд. Барои тасдиқи фикр аз оғози боби аввали «Бӯстон» ва «Туҳфаи дӯстон» ду пора  шеърро таҷдиди назар менамоем.
Саъдӣ:
Чӣ ҳоҷат, ки нуҳ курсии осмон
Ниҳӣ зери пои Қизил Арслон?
Магӯ пои иззат ба афлок неҳ,
Бигӯ рӯи ихлос бар хок неҳ.
Шоҳин:
Чӣ лозим ниҳодан ба моҳию моҳ
Буни найзаву қуббаи чатри шоҳ?
Магӯ қуббаи чатр бар моҳ бар,
Бигӯ раҳ ба дилҳои  огоҳ бар.
Чунонки аз тарзи баён ва сабки сухани пораи ашъори зикршуда намоён аст, Шамсиддин Шоҳин тарзи назирасароии  классикиро ба дараҷаи баланд аз худ намуда, дар ин ҷода омодагии комил ҳосил кардааст. Бинобар он, ӯ итминони комил дошт, ки бо чунин қувваи  табъ («Кунунам, ки Эзид забон додааст, Забон пур зи шаҳди баён додааст»), шабеҳи «Бӯстон» - и Саъдӣ як асари ҷовидон ба ёдгор гузорад. Ба ин хотир,  чуноне ки Саъдӣ «Бӯстон» - ро ба номи ҳокими  вилояти Форс Атобек Саъд бини Зангӣ бахшида, ӯро панд дода буд, Шоҳин низ хост, ки ин амалро бо амир Абдулаҳад анҷом диҳад.
Шамсиддин Шоҳин чун шоири эҳёкунандаи анъанаҳои  адабии ниёгон («Ҳамон беҳ ки монанди  пешиниён, Гузорем ояндагонро нишон») ва ба ҳайси «орифи покдин»  бо шӯру шавқи зиёд азм карда, ки шабеҳи  «Бӯстон» - и Саъдӣ дар мавзӯи  панду ахлоқи ҷадиди ирфонӣ асари комили классикӣ биофарад. Аз ин рӯ, шеваю   оҳанги «Туҳфаи дӯстон» ҳам мебоист чун достонҳои  ахлоқии шоирони классик дар вазъу мароми  шикастанафсӣ  ва равиши суботу  тамкин сурат бигирад, ки ин ҳолат воқеан, хилофи шеваю услуби осори  ҳамосавист.
Бадеҳист, ки дар фаслҳои  мавҷудаи  маснавии  «Туҳфаи дӯстон», чи навъе ки дар боло ишора шуд, шеваю оҳанг ва сабку услуби  «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ низ ба таври равшан мушоҳида мешавад. Ба ифодаи дигар гӯем, Шоҳин дар ҷараёни  таълифи  асар дар доираи як вазни  мутақориб аз сабку услуби Саъдӣ даст кашида, ба тарзи каломи Фирдавсӣ гузаштааст. Ин гузариш бо тақозои табаддулоти бузурге, ки дар афкори иҷтимоиву сиёсӣ ва бадеии Шоҳин рух додаанд, сурат гирифтааст.
Азбаски ҷараёни ҳаводиси замони Шоҳин басо ноустувор, пуршиддат ва тезутунд буд («Ки гетӣ ғаюр асту даврон аҷул») ва дар авзои инсон ва ҷомеа ҳар лаҳза дигаргуние ба амал меомад, нақшаю нияти чун «Бӯстон» - и Саъдӣ як асари комили ахлоқию ирфонӣ офаридани шоир бар боди фано рафт ва бар асари ин вазъият ва дигар  омилҳои иҷтимоиву маънавӣ дар тафаккури бадеӣ ва андешаҳои  иҷтимоиву сиёсии Шоҳин табаддулоти  куллӣ  ба амал омад. Хусусан, гумони зиёиёни равшанфикр, аз ҷумла Шоҳин дар ҳаққи амир Абдулаҳад, ки ӯ мисли Саъдӣ ба вай панд дода, асари худро ба номи ин  амир ифтитоҳ намуда буд, нек набаромад. Зеро пас аз нишасти ӯ ба тахти  салтанат, ҳамон навъе, ки Аҳмади Дониш тасвир кардааст, «боз тансиқу низоми падарро дар умури давлатӣ воҷиб дониста, бозори фисқу фасодро гармтар аз аҳди  падар  мутааҳҳид  гардонид», бо нодонӣ ва бесалоҳиятии хеш мусаххар шудани давлати Бухороро назди давлати  хориҷӣ амалан маъруф ва маълум кард ва ба ин тариқ, «таваққӯи фасоду  балвое дар мизоҷи рӯзгор ғолиб омада буд». Шамсиддин Шоҳин низ аз рафтору  кирдори амир Абдулаҳад ва муқаррабони ӯ пур ноумед шуда, онҳоро  минбаъд ба сифати  «душман» - и  халқу кишвар  шинохт ва ба ин хотир, шоири  суханпарвар  шеваю оҳанги орифона ва ахлоқию ирфонии «Туҳфаи дӯстон» - ро ба сабку  услуби ҳамосавии  Фирдавсӣ табдил дод.
Субҳон АМИРЗОДА, 
доктори илмҳои филология, профессор

 

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 92

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед