logo

Хабарҳо

ММД ДАР СЕ СОЛ 30 ДАРСАД МЕАФЗОЯД

Ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) мамлакат  аз 15 то 70 дарсад афзудааст. Ин нукта дар конференсияи илмию амалии «Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд», ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид. Мақсад аз баргузории конференсияи мазкур баррасии  дурнамои рушди дарозмуддат ва устувори кишвар, самтҳои  калидии  ташаккул ва пешрафти бахши хусусӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки  рушди соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии  сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат буда, барои ин аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ таҳия ва қабул  гардидаанд. Ба андешаи иштирокдорони конференсия, 95 дарсади соҳибкорон дар бахши хусусӣ фаъолият доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми соҳибкории  хурд дар рушди иқтисодиёти миллии мамлакат 80 дарсад афзудааст.
Ҳамчунин, ширкатдорони конференсия таъкид намуданд, ки соли гузашта нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 дарсад ва ҳаҷми ММД ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо, дар се соли минбаъда ҳаҷми ММД беш аз 30 дарсад афзуда, ба 82 миллиард сомонӣ мерасад.
Ҳамзамон, иштирокдорони конференсия роҷеъ ба самтгирии стратегии рушди  бахши хусусӣ дар кишвар, содагардонии  расмиёти танзими  фаъолияти соҳибкорӣ,  ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ, раванди дастгирии молиявии  фаъолияти соҳибкорӣ  тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, имтиёзҳои андозӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи  эълон гардидани  соли 2018 - Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фаъолияти  мақомоти гумрук  дар пешбурди  механизмҳои рушд  ва масъалаҳои дигари соҳибкорӣ изҳори назар карданд.
Ш. АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 202

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед