logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТНЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

БАРОБАР БА 34
Рақамҳои аз 1 то 16 – ро тавре ҷо ба ҷо гузоред, ки ҳамаи тарафҳо ва диагоналҳо ба 34 баробар бошанд.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


ПАДАР, БЕ ШУМО ҲЕҶАМ
Марде бо писараш дар ҳоли хастагӣ дар канори роҳе менишинад. Мард дастони худро рӯи китфони писараш мегузораду мегӯяд:
- Писарам, ман зӯрам ё ту?
Писар мегӯяд:
- Ман зӯрам.
Мард ҳайрон шуда боз мепурсад:
- Писарам, ман зӯрам ё ту?
Писар боз мегӯяд:
- Ман зӯрам.
Мард ғазабнок шуда, дастони худро аз рӯи китфони писараш мегирад ва боз мепурсад:
- Ман зӯрам ё ту?
Писар сари худро хам карда мегӯяд:
- Шумо зӯр ҳастед, падар.
Мард ҳайрон шуда мепурсад:
- Писарам, барои чӣ ин дафъа гуфтӣ, ки ман зӯр ҳастам?
Писар посух медиҳад:
- Вақте ки мегуфтам ман зӯрам, он лаҳза дастони Шумо дар рӯи китфони ман буданд, аммо вақте Шумо дастҳоятонро аз рӯи китфонам бардоштед,  аз зӯрии ман нишоне намонд. Охир, ман бе Шумо ҳеҷам, падар.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода


ТАРА ПАНДЕЯ. ТАРҒИБГАРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН
Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки  дар он зане бо либоси тоҷикона ва зери мусиқии миллӣ, рӯйи пули машҳури Бруклиски ИМА мерақсад. Ҳаракатҳои мавзунаш ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Ин зан Тара Пандея мебошад. Ӯ дар Сан - Франтсиско ба дунё омадааст. Аммо, ба рақси зебои тоҷикӣ муҳаббати беандоза дорад. Маҳз муҳаббаташ ба фарҳанги тоҷик боис гардид, ки фаъолияташро  дар сирки Дю Солей қатъ намуда, соли 2015 ба Тоҷикистони офтобрӯя  ояд. Ӯ мехост таътили тобистонаро дар ин ҷо гузаронда, ҳамзамон, нозукиҳои рақси миллиро омӯзад…
Кам касоне медонанд, ки дар дастаи машҳури рақсии «Лола» давоми 2 сол (2015 - 2016) ҳамроҳи духтаракони зебои тоҷик Тара Пандея низ рақс мекард. Дар ин муддат забони тоҷикиро низ аз худ намуд.
Тара ба ҷуз аз Тоҷикистон боз ба 170 кишвари дунё сафар намудааст. Аҷиб ин аст, ки ҳар куҷое равад,  либоси тоҷикӣ ба бар тоҷикона мерақсад. Ин аст, ки Тараро ҳамчун сафири фарҳанги тоҷик низ дар ҷаҳон мешиносанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ВИКТОР ГЮГО: "ХУШБАХТ БУДАН ҲАНӮЗ КОФӢ НЕСТ..."
Ақли инсон се калид дорад, ки бо он метавон ҳама дарҳоро кушод: дониш, ақида ва тахайюл.

Бо гиря зода мешавем, бо нолиш  мемирем. Пас, бояд бо ханда зиндагӣ кунем.

Занҳо заиф, аммо модарон қавианд.

Ҳангоме  ки зан соҳиби эҳтиром аст, Худо хушнуд аст. Аммо, вақте ки зан хору залил аст, муноҷот бо  Худо суде  надорад.

Наку  будан душвор нест.  Боадолат будан душвор аст.

Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ҚАҲРАМОНИ ДУ ФОҶИА
6 ва 9 августи соли 1945 дар шаҳрҳои  Хиросима ва Нагасаки бомбаборони мудҳиш ба амал омад. Дар пайи ин фоҷиа зиёда аз дусад ҳазор одам ҷони худро аз даст дода, шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтанд.
«Имрӯз 94 – солаам, аммо он рӯзҳоро ҳаргиз фаромӯш карда  наметавонам. Ҳамеша он рӯзҳои мудҳиш маро думболагиранд», -  мегӯяд сокини шаҳри Нагасаки Сутому Ямагучи.
Чанд рӯз пеш аз сар задани ҳодиса муҳандиси ҷавону кордони ширкати «Митсубиши» Сутому Ямагучи барои сафари хизматӣ ба шаҳри Хиросима фиристода шуд. Ямагучи он замон 20 сол дошт. Ӯ ҳамагӣ 3 километр дуртар аз маркази таркиш қарор дошт. Ҷароҳати вазнин бардошта, як қисми баданашро аз даст дод. Ба ин қаҳрамони маҷрӯҳу нотавон танҳо рӯзи дигар муяссар гашт, ки ин шаҳри валангорро тарк намояд.    
 Фикр намекард, ки дар зодгоҳаш низ имтиҳони навбатӣ  ӯро интизор аст. Рӯзи дигар ҳамин ки Ямагучи то зодгоҳаш шаҳри Нагасаки расид, бомбае онро ба хок яксон кард. Ин бор низ бахт ба рӯи Ямагучи хандида, байни ҳазорон фавтидагон зинда монд.
Аҷиб аст, ки як кас тавонист, шоҳиди ду фалокати даҳшатбор гардад. 
Сутому Ямагучи китоби «Хотираҳо» - ро дар бораи бомбарони шаҳрҳои  Хиросима ва Нагасаки навиштааст. Соли 2009 ӯро бо сертификати махсусе сарфароз гардонданд, ки дар он ба таври расмӣ қаҳрамони ду ҳодисаҳои даҳшатбор буданаш собит шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АҚЛИ СУНЪӢ
Тибқи иттилои ширкати IDC шумораи маълумоте, ки компютерҳо ҷамъ меоранд, нигоҳ медоранд ва таҳлил мекунанд, 4,4 миллиард терабайтро ташкил медиҳад ва то соли 2020 он 10 баробар зиёд мешавад. Коркарди шумораи афзояндаи маълумоти рақамӣ бо усулҳои анъанавӣ мушкил шуда истодааст. Ба инсоният алгоритмҳое лозиманд, ки бо ҳаҷми зиёди маълумот кор карда тавонанд. Технологияҳои ақли сунъӣ барои ҳалли ҳамин масъала равона шудааст. Дар оянда мошинҳо дар якчанд самт рушд меёбанд. Торҳои нейронӣ яке аз асоситарини онҳо мебошанд. Қобилияти ояндабинӣ ва қарорбарорӣ аз маълумоти мустақилона бадастомада – идеали ақли сунъӣ мебошад. Самти дувум технологияи биниши компютерӣ аст. Мошинҳо дилхоҳ тасвирро мешиносанд – аз расми одӣ то манзараи табиат ва рӯйи инсон.      
Шарти асосии рушди технология имрӯз омӯзиши мустақилонаи мошинҳо мебошад. Ҳоло мошинҳо маълумоти қайднашударо коркард намуда наметавонанд, дахолати одам бошад, ба дақиқии натиҷаҳо таъсир мерасонад. Пас, аз пайдо шудани ҳалли ин масъала, ақли сунъӣ саҳифаи нави таърихро боз мекунад.
Таҳияи Шаҳнози ҚУРБОН


ПАСХА. АСРОРИ НУҲУФТА
Яке аз муъҷизаҳои табиати олам ҷазираи Пасха ба ҳисоб меравад, ки дар шарқи уқёнуси Ором ҷойгир аст. Ҷазира шакли секунҷаро дошта, дарозии тарафҳояш 16, 18 ва 24 километр мебошад. Номи ин мавзеъ аз номи иди масеҳиҳо гирифта шудааст. Зеро соли 1722 маҳз дар рӯзи иди Пасха (Писхо) баҳрнавардони ҳолландӣ ҷазираро кашф карданд.
Ҷазираи Пасха барои он машҳур аст, ки дар ҳудуди он зиёда аз 1000 муҷассамаи ғайриодии сангӣ мавҷуд мебошад. Вазни ҳар яки онҳо 6 тонна буда, баландиашон ба 12 метр мерасад. То ҳол олимон муайян накардаанд, ки ин ҳайкалҳо аз куҷо пайдо шудаанд, мақсад аз бунёди онҳо дар чист ва киҳо онҳоро сохтаанд.
Таҳияи Комрони Зикрулло


БАМБУК ВА «СИМФОНИЯ» - И ОН
Дар бораи дарахти бамбук ва масолеҳи бамбукӣ бисёр шунида бошем ҳам, аммо кам касон аз таърихи пайдоиши ин навъи рустанӣ огоҳанд.
Ҷангали бамбукро бори аввал асри XV дар Ҷопон Мусо Сосэки ном шоир, монах ва боғбони чирадаст сохт, ки номаш Саганост. Он дар шаҳри Киотои минтақаи Арашиямаи Ҷопон ҷойгир буда, 16 километри мураббаъ масоҳат дорад. Ҷангал аз зеботарин мавзеъҳои тамошобоби ҷаҳон мебошад. Бамбукҳо ба рустании найшакар шабоҳат дошта бошанд ҳам, аммо онҳо то 8 - 10 метр мавзун ва бидуни шоху барг қад мекашанд ва танаашон ҳамагӣ сабз аст.
Ҷангали бамбук на танҳо бо зебоӣ, балки бо садоҳое, ки ҳангоми вазиши бод мебароранд, машҳуранд. Зеро ковокии танаи онҳо ҳини вазидани шамол ҳатман садои ба масал симфонӣ хориҷ мекунанд ва ин садо ҳамчун яке аз садоҳое, ки дар радифи сад садо дар Ҷопон бояд шунида шавад, баргузида шудааст.
Соли 1870, замоне ки ихтироъкори маъруф Томас Эдиссон дар ҷустуҷӯи як бамбуке афтод, ки аз он моддаи риштасозе барои лампаи ҳубобии аввалия сохтан мумкин буд, ҳокими шаҳри Киото ба Томас иҷозати таҳқиқи бамбукҳоро дод ва ин номи ҷангалро боз ҳам маъруфтар кард.
Дар Ҷопон бамбукро муҳофиз аз бадиҳо медонанд. Аз ин сабаб дар гирди маъбадҳояшон бештар «девори бамбукӣ» - ро дидан мумкин аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЧОЙ. 3 МИЛЛИАРД ФИНҶОН ДАР ЯК РӮЗ
Соли 2737 пеш аз мелод яке аз императорони Чин зери дарахте нишаста, аз хизматгораш хоҳиш мекунад, то ба ӯ оби ҷӯшондашуда биёрад. Дар ҳамин вақт чанд барге ба об меафтад. Шоҳро бӯи хуш ва таъми ғайриодии он ба ҳайрат оварда, хоҳиш мекунад, дар оянда ҳамин гуна нӯшокӣ тайёр намоянд. Он дарахт  чойгули хитоӣ буд. Аз ҳамон вақт ин нӯшокӣ машҳур гардид.
 Макони асосии парвариши чой Чин мебошад. 80 дарсади онро  чойи кабуд ташкил медиҳад. Ҳиндустон, Шри - Ланка, Сейлон, Тайван ва Ҷопон низ мамлакатҳое ҳастанд, ки бо плантатсияҳои калони парвариши чой машҳуранд.
Ҳар рӯз дар ҷаҳон то 3 миллиард финҷон чой нӯшида мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 ВАРЗИШГОҲИ  АЗИМИ  ОЛАМ
4. «БИВЕР СТЭДИУМ»
«Бивер Стэдиум» аз ҷиҳати бузургӣ дуюмин варзишгоҳи ИМА ба ҳисоб меравад ва метавонад 106 572 мухлисро ҷойгир созад. Майдони мазкур соли 1960, баъди анҷоми сохтмон дорои 42 284 ҷой буд.  Варзишгоҳ дар шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳи иёлати Пенсилвания ҷой гирифтааст. «Бивер Стэдиум» майдони хонагии дастаи футболи амрикоии «Penn State Nittany Lions» ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ   


КИРМ АЗ ГЕПАРД ТЕЗДАВТАР АСТ?
Олимони Донишкадаи технологии Ҷорҷия (ИМА) босуръаттарин махлуқи рӯи Заминро пайдо карданд.
Он на гепард ё уқоб, балки ҳамагӣ кирмаки якҳуҷайравии Spirostomum ambiguum будааст. Кирмак буду шуд 4 мм бошад ҳам, метавонад бо суръати рекордии 724 км/с ҳаракат кунад. Барои ин одитарин организм 60 дарсад фишурда ва сипас якбора рост мешавад.
Муҳаққиқон табиати суръати ин махлуқро меомӯзанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин дониш барои офаридани роботҳои кӯчаки босуръат, ки ниёз ба неруи зиёд надоранд, ёрӣ расонад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ҲИКОЁТ
Шахсе ба дӯсте гуфт:
– Маро чашм дард мекунад. Тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
– Маро порсол дандон дард мекард, баркандам.
* * *
Кале аз ҳаммом берун омад, кулоҳаш дуздида буданд. Бо
ҳаммомӣ моҷаро мекард. Ҳаммомӣ гуфт:
– Ту ин ҷо омадӣ, кулоҳ надоштӣ.
Гуфт:
– Эй мусулмон, ин сар аз он сарҳост, ки бекулоҳ ба роҳ
тавон бурд?
Убайди ЗОКОНӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ОБ БАРОИ МАЛИКА
Ба ҳангоми сафари давлатӣ ба Индонезия маликаи ҳолландӣ Беатрикс аз маъмурияти меҳмонхона хоҳиш кард, ки барои тоза намудани дандонҳояш як шиша оби маъданӣ биёранд. Директори меҳмонхона саросемавор хоҳиши маликаро ба ҷо овард, вале вай аз ҳад гузаронд. Субҳи дигар дар назди меҳмонхона мошине меистод бо 10000 литр оби маъданӣ. Ба андешаи директор, шояд малика хоҳиши ғусл кардан намояд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ЯК ПАНД
Фарзанди ҳунар бош, на фарзанди падар,
Фарзанди ҳунар зинда кунад номи падар.


85 ДАРСАДИ МАБЛАҒИ НЕЙМАРРО ВОЛИДОНАШ МЕГИРАНД
Нашрияи бразилии Folha de Sao Paulo таъйид мекунад, ки волидони ҳамлагари «ПСЖ» (Фаронса) Неймар 85 дарсади маблағи аз реклама ба даст меовардаи бозигарро мегиранд. Иттилоъ дода мешавад, ки дар мавсими гузашта Неймар аз реклама 20 миллион евро дарёфт намудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ наметавонад ҳамаи маблағи аз 13 сарпарасти молӣ мегирифтаашро назорат намояд. 85 дарсади ин маблағ ба ҳисоби ширкати NR Sport, ки падари бозигар Неймар да Силва Сантос роҳбарӣ мекунад, ворид мегардад. Ҳамчунин, ба ин ширкат модари футболбоз низ муносибат дорад. Мутобиқан, худи бозигар 15 % - ро дарёфт мекунад.
Ба қарори тақсими маблағҳо волидон ҳанӯз замоне ки Неймар 14 сол дошт, омада буданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 


САН – ФРАНСИСКО - БЕҲТАРИН ШАҲРИ САЙЁРА
Сан - Франсиско яке аз  зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон мебошад.  Сайёҳонро намои олиҷаноби  биноҳою  иншооти шаҳр ба ҳайрат гузоштааст.
Манзараи аз ҳама аҷоиби шаҳр трамвайҳои  овозадори тавассути бандҳо   ҳаракаткунанда мебошанд. Ин намуди нақлиёти мусофиркаш  ягона  дар ҷаҳон аст.  Дар шаҳр шумораи ками чунин  трамвайҳо боқӣ мондаанд, ки  аслан   барои сайёҳон бо арзиши   6 доллар  хизмат мерасонанд. 
Ҷойи дигар ва ҳам аҷиби шаҳр ноҳияи Викториан аст.  Биноҳои  истиқоматии он аз охирҳои  асри  XIX ҳифз шудаанд. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ  ҳанӯз  соли  1849  анҷом ёфта  буд.  Соли 1906 қисмате аз ин биноҳо  бо сабаби заминларза аз байн рафтанд.  Айни ҳол намуди  берунаи биноҳои ҳифзшуда аз нав таъмиру тармим гардидаанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


АСРОРИ ПАЙДОИШИ РЕКЛАМА
НАХУСТИН СУРАТРЕКЛАМА
Соли 1839 дар саҳифаҳои маҷаллаҳои амрикоӣ ба харидорон молҳоро бо сурат пешниҳод менамуданд, ки ин аввалин суратрекламаҳо ба шумор мерафтанд. Аввалин расми рекламашуда ин ҷуворимаккаи тафдода буд, ки «Toasted Corn Flakes» ном дошт. 
АВВАЛИН РЕКЛАМА ДАР РАДИО
Нахустин бор рекламаро дар радио амрикоиҳо 2 ноябри соли 1920 истифода намудаанд. Солҳои 1921 то 1940  радиореклама шуҳрати зиёд пайдо намуд, зеро маҳз дар ҳамин солҳо дар Аврупо  радиоприёмник пайдо шуд. Солҳои 60 – уми асри ХХ ширкатҳои рекламавӣ қариб 60 дарсади эълонҳояшонро ба радио медоданд. Чунки ҳангоми сафар бо мошин шунидани реклама аз радио ҳадафрастар буд.
НАХУСТРЕКЛАМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Бо пайдо шудани телевизион дар реклама низ тағйирот ворид гашт. Аввалин видеоролики рекламавӣ бо ранги сиёҳ – сафед соли 1941 намоиш дода шуд. Бори аввал соати «Bulova» - ро реклама карда буданд, ки ҳамагӣ 20 сония давом мекард.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 247

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед