logo

иҷтимоиёт

ПУДИНА. АЗ ҲАЗМИ ХӮРОК ТО АСАБИ ОРОМ

Сарзамини Тоҷикистон, ки қаторкӯҳҳои Помиру Олойро дар бар гирифтааст, бо минтақаҳо ва ландшафти табиӣ, олами басо гуногуни рустаниҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ олами аз ҳама бойтари наботот (анқариб 5 ҳазор намуди  рустаниҳои муташаккили рагдор ё дараҷаи олӣ ) ва зиёда аз 4500 намуд рустаниҳои номуташаккил (дараҷаи паст ё спорадор) нашъунамо мекунанд.
Миқдори рустаниҳои шифобахш 150 намуд буда, онҳо аҳамияти шифобахшӣ, мевадиҳӣ, ороишӣ, доругӣ доранд ва аз ҷиҳати шакл, сохт ва тарзи сабзишашон аз якдигар фарқ мекунанд. Дар  шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон  58  намуди  гербарияи рустаниҳо аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки аксарияти онҳо рустаниҳои шифобахшанд. Яке аз чунин рустаниҳо пудина аст.
Пудина гиёҳи бисёрсолаи алафмонанди ба сардӣ тобоварест аз оилаи лабгулон. Соқаи он чоркунҷа буда, қадаш 30 - 40 сантиметр баланд мешавад. Аз танаи пудина навдачаҳои сершуморӣ уфуқӣ инкишоф меёбанд, ки дар болои хок зуд реша медавонанд.  Баргҳои он дарозрӯя ва хобида мебошанд. Дар моҳҳои июл - август гул мекунад ва гулҳои он гулобиву  бунафшранг аст.
Пудинаро дар давраи оғози гулкунӣ, вақте  ки дар баргҳо миқдори бештари равғанҳои  эфирӣ  ҷамъ мешаванд, ҷамъоварӣ ва дар соя хушк мекунанд. Он худрӯй буда, дар кӯҳсор, соҳили рӯду  ҷӯйборҳо ва чашмаҳои кӯҳӣ мерӯяд. Ҳосили барги хушк аз 1 км2 ба  150 - 200 грамм баробар аст. Баргҳо, гулҳо ва навдаҳои ҷавонро ба сифати хӯриши хушбӯ ва хӯришҳои иловагии таомҳои сабзавотӣ истифода мебаранд. Аз баргҳои пудина равғанҳои эфирӣ ба даст оварда, барои хушбӯйкунии нӯшобаҳо, омехтаҳои чой, маҳсулоти қаннодӣ ба кор мебаранд.  Равғани эфирии пудина дар тиб, саноати атриёту косметологӣ, қаннодию машрубот истифода мешавад. Дорувориҳои аз барг, равған ва ментоли он тайёршуда бар зидди бемориҳои шамолхӯрӣ, меъда ва ҷигар хуб аст. Пудина ҳангоми табобати бемориҳои дил, вайрон шудани кори узвҳои ҳозима, илтиҳоби рӯдаҳои ғафсу борик манфиати бисёр дорад. Равғани ментол ҳангоми табобати бемориҳои ҷигар ва талхадон низ васеъ истифода мегардад. Дар тиб пудина қисми таркибии волокардин, валидол  ва қатраҳои зеленинро ташкил медиҳад.
Рустанӣ иштиҳоро ба низом оварда, ҳазми хӯрокро беҳ мекунад, дилбеҳузуриро рафъ месозад. Ҳангоми табобати бемориҳои узвҳои болоии нафаскашӣ ва бронхит судманд аст. Ваннаҳои пудинагӣ асабониятро рафъ намуда, ҳамчунин, барои кӯдакони хурди гирифтори бемории зардпарвин ва рахит тавсия дода мешавад. Обҷӯши баргҳои он барои дезинфексияи ковокии даҳон маводи хеле хубест.
Дар тибби мардумӣ шарбати пудинаро ҳангоми дардҳои меъдаю дил, сулфа, зардаҷӯшӣ истифода мебаранд.  Ҳангоми бемориҳои куҳнашудаи меъда ҳар саҳар нӯшидани чойи пудинагӣ тавсия дода мешавад. Баргҳои рустаниро ҳангоми  сӯхтан ва захмҳо метавон болои захм гузошт. Нӯшидани чойи пудина хобро низ танзим менамояд.
Дар саноати атриёту косметологӣ равғани эфирии он ҳангоми истеҳсоли кремҳо, одеколонҳо, эликсирҳо, хамира ва хокаҳои дандоншӯӣ (бештар барои ҷило додани дандон), хушбӯй намудани ковокии даҳон ва хусусияти  зиддибактериявиаш истифода менамояд.
Хуморбегим МАВЛОНАЗАРОВА,
корманди илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 298

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед