logo

туризм

БОХТАР ШАҲРИ БОСТОН

Дар китоби «Асрори номҳои кишвар» олим А. Девонақулов овардааст, ки яке аз донишмандони Юнони Қадим дар дафтари хотирааш Бохтарро ҳамчун «сарзамини дорои ҳазорон шаҳри ободу маъмура» зикр намудааст. Бостоншиносони рус, фарангию англис ва олмонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аллакай дар сеҳазораи пеш аз солшумории мо офаридгории Бохтариён ҳамчун осори наҷиби заковатмандӣ ҳамагонро бар ҳавзаи мутаҳайирӣ меафканд.
Олим Алиакбари Нафисӣ гуфтааст, ки бохтариёни қадим мардуми бузургманиш, одамони сарбаланд будаанд ва ҳам ба ин исм номи кишварест дар ҷануби мамлакати Бухоро. Шарқшиноси маъруф Ф. Алтхейл ақидаи бағоят ҷолиби диққатро пешниҳод намудааст: «Дар соҳилҳои дарёи Оксус (Амударё) гаҳвораи Зардуштиён поя дошт ва он оине, ки имрӯз бо унвони «Оини Зардуштӣ» маълум аст, маҳз аз ҳамин макон сарчашма гирифтааст». Олими шӯравӣ Е. Бертелс ин маълумотро чунин такмил додааст: «Равшан шуд, ки «Авесто» ба забони сокинони ин воҳа, яъне забони Суғдиёну Бохтариён дар ҳудуди асри VI пеш аз милод иншо ёфтааст». Ба ақидаи аллома Бобоҷон Ғафуров низ ватани «Авесто» Осиёи Миёна аст.
Аз сарчашмаҳои таърихию адабӣ маълум аст, ки Бохтар ватани Гуштоспу Луҳросп буда, бохтариён авлоди онҳо мебошанд. Дар илми таърих қаҳрамониҳои Спитамен хуб дарҷ ёфтаанд. Таърихнависи Юнони Қадим Ҳеродот зикр мекунад, ки ӯ ин гуна халқи ҷасуру фидокорро то ба Бохтар омадан надидааст. Ховаршинос М. Дконон баъди ҷамъбасти кофтуковҳои ноҳияи Шаҳритуз соли 1946 менависад: «Пайконҳои тири бохтариҳои қадимро ба даст гирифта, ба онҳо дуру дароз менигарем, ин силоҳи бас қадимайёмро мо тамошо мекардем, бо камоли эҳтиром». Ва аз гуфтаи муаррихи Рим Квинт Курсий Руф иқтибос меорад: «Хоки Бохтария хеле гуногун аст… дар он ҳар гуна дарахтон ва токҳои ангури калон - калони сершира мерӯянд». Бохтару бохтариён ҳамчун рамзи шуҷоатмандию далерӣ ва ҷавонмардӣ дар ашъори шоирон Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Анварӣ, Унсурӣ ва дигарон фаровон омадаанд. Ва Ҳаким Фирдавсӣ аз номи Кайхусрав гуфта:
Ҳам аз Ховарон то дари Бохтар,
Зи кӯҳу биёбону аз хушку тар,
Саросар зи бадхоҳ кардам тиҳӣ,
Маро гашт фармону тахти меҳӣ.  

Номҳои Суғду Хатлон, Рашту Лахш, Левакант ва даҳҳо дигар макони ҷуғрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халқи тоҷик пайванд менамоянд ва ин номҳои ҷуғрофӣ низ воситаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар иваз карда шуд. Дар шарҳи тағйири ном гуфта мешавад, ки Бохтар аз нигоҳи таърихӣ номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони имрӯзаро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён будааст.
Маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рушд кард ва он ба як макони саноаташ мутараққӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, сокинони он ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир месозанд. Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри  Бохтар ҷиҳати  иҷрои банди 41 - и Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-992 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2018, №44 вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати таъсиси марказҳои иттилоотӣ ва маҷмӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ ва ташкили на кам аз ду ширкати сайёҳӣ ва марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар шаҳр, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонд.
Масъалаи андешидани тадбирҳои зарурӣ барои бунёди инфрасохтори  зарурии сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар, дар доираи баргузории конфронсу форумҳои соҳибкорӣ ва дигар чорабиниҳои гуногун марбут ба ин самт, мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ёдгории таърихӣ – Теппаи Қӯрғон, 3 осорхона, 8 меҳмонхона бо таври замонавӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар шаш моҳи соли 2018 ба шаҳри Бохтар зиёда аз 4100 сайёҳ ташриф овард, ки аз ин 300 нафарро хориҷиён ташкил медиҳанд. Дар шаҳр  ширкати сайёҳии “Сайёҳ - асри ХХI” фаъолият менамояду дар доираи сафарбарии ҷавонон ба мавзеъҳои табиӣ, таърихӣ ва сайёҳии дохили кишвар саҳм мегирад.
Бо мақсади рушди туризми дохилӣ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ташкили саёҳати наврасону ҷавонон ба минтақаҳои сайёҳии кишвар: “Сафеддара”, осоишгоҳи “Хоҷаобигарм”, “Чилдухтарон”, Қалъаи Ҳисор,  “Чилучорчашма” ва ғайра ба роҳ монда  шудааст.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақша - чорабиниҳои мақомот дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назди кохи Лоҳутӣ ва боғи марказии шаҳри Бохтар бо ҷалби васеи сайёҳони хориҷӣ доир гаштанд ва чунин ҳамоишҳо мунтазам гузаронда хоҳанд шуд.
Дар афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ саҳми маркази омӯзишии “Сайру саёҳат”, ки ба  тарғиби  туризми шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон машғул аст, назаррас мебошад.
Миёни сокинони шаҳр чакану гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ барин ҳунарҳои миллӣ рӯ ба инкишофанд. Маҳсули ҳунармандон  чандин намоишгоҳу фестивалҳои ҷумҳуриро бо ҷилои фарҳангӣ пурғановат кардааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

 

 

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 210

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед