logo

иҷтимоиёт

ОСОРХОНА БАРОИ ОСОРХОНА?!

Осорхонаи геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 40 – уми қарни гузашта бо мақсади тадқиқоти илмӣ ва ошноии муҳаққиқони бахши геология ба фаъолият пардохтааст. То имрӯз дар  бинои он  3 ҳазор намунаи сангу металлҳои қиматбаҳои сарзамини Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст, ки  дар пешбурди  корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва дарёфту коркарди ашёи хоми ватанӣ аҳамияти зиёд доранд.
Мунира Шарифова, мудири осорхона, изҳор дошт, ки муассиса аз ҳисоби муштариён ҳеҷ даромад надорад, то ҳадди ақал барои таъмини рӯшноии дохили он фурӯзонак бихарем. 
- Ҳаққи воридшавӣ ба осорхона ҳамагӣ 3 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо баъзе  шаҳрвандон, ҳатто аҳли илму адаб,  вақте мефаҳманд, ки  тамошои дохили осорхона пулакист, аз пардохтани ҳамин маблағи ночиз низ худдорӣ менамоянд ва бо баҳонае аз назди дари осорхона бармегарданд. Аз сабаби даромад надоштан солҳо боз қисми бештари воҳидҳои кории осорхона холианд. Барои таъмини пурраи рӯшноии толори сангу металлҳои қиматбаҳо асбобу таҷҳизоти зарурӣ каманд ва бо ин сабаб шаклу намуди маъданҳои кӯҳӣ, ҳатто ҷилои тилло, дар ин ҷо намоён нест. Бисёре аз соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ки мехоҳанд, дар бораи маъданҳои кӯҳии кишвар маълумот дошта бошанд, аз вуҷуд доштани осорхона огоҳ нестанд. Агар кумитаю вазоратҳо зимни ташрифи ҳайати намояндагони иқтисодию тиҷоратии давлатҳои хориҷа боздиди меҳмонон аз осорхонаи геологиро ба барномаи кориашон ворид намоянд, ба манфиати кор мебошад. Ба ин васила хориҷиён бо дороии табиии кишвар беҳтар ошно шуда,  ин амал барои рушди сармоягузории соҳаи коркарди ашёи хоми ватанӣ ёрӣ мерасонад. Дар акси ҳол аз фаъолияти осорхона натиҷае ба даст нахоҳад омад, - гуфт М. Шарифова.
Бархе аз аз шоирону нависандагони муосири кишвар дар осори худ аз лаълу  ёқути диёрамон   тавсиф менамоянд, вале онҳо иқроранд, ки  ин маъданҳои кӯҳии мамлакатро боре аз наздик надидаанд. Ҳадди ақал барои тамошои ганҷинаи сарзамини кишвар маротибае ба осорхонаи геологӣ   ворид нашудаанд. Пас, чӣ расад ба шаҳрвандони дигари  кишвар?
Ба гуфтаи Мунира Шарифова, тӯли чанд соли фаъолият ба тамошои осорхонаи геологӣ омадани адибонро надидааст.
Маъмулан ҳар чизе, ки аз истифода берун мемонад, моли таърих мешавад ва дар гӯшаи осорхонае гузошта мешавад. Ҳоло осорхонаи геологӣ ҳам аз мадди назарҳо  дур мондааст. Аз сабаби он ки  ҳоло ба ин муассисаи илмӣ таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён, олимону адибон ва кормандони давлатӣ коҳиш ёфтааст, шояд нигораю маҳсулоти дигари осорхонаро барои рӯнамоӣ ба осорхонаи дигар супоридан беҳтар аст?!
Имрӯзҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вақти он расидааст, ки на танҳо олимону пажӯҳишгарон, балки донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коргарони соҳаҳои гуногун  ба тамошои осорхона ҷалб карда шаванд. Дар ин ҳол онҳо доир ба ганҷҳои нуҳуфтаи сарзамини мамлакат тасаввуроти дуруст пайдо менамоянд ва чӣ арзиш доштани онҳоро мефаҳманд. Ҳамчунин,  аҳамияти иқтисодии сарватҳои табиии мамлакат  барои онҳо  аён мегардад. Бо ин роҳ соҳибкорону сокинони мамлакат ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ бештар майл пайдо менамоянд ва дар самти саноати коркард нақшаю лоиҳаҳои нав ба вуҷуд меоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 421
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед