logo

туризм

МУҶАССАМАҲО. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Нақшҳо ва тасвирҳо дар  деворҳо, қасрҳо, хонаҳои  даври суғдиён ба мо ҳикоят  мекунанд,  ба мо аз он  замони  бисёр  дур ва аҷиб қисса менамоянд. Панҷакенти қадим,  кайҳо боз таваҷҷуҳи олимону  бостоншиносони  оламро  ба худ  кашида,  ба онҳо  аз он  даврони  мозӣ  саду як  ривояту  достон  мегӯяд. Махсусан,  муҷассамаи  раққосаи маҳлиқо вақте ки  пайдо  шуд,  савту навои суғдӣ гӯё  ба гӯшу  ҳуши  бинандагону шоҳидон  танин андохт.
Ҳама  чашмҳо,  ҳама  ақлҳо ба он  муҷассама  пайвастанд, ҳазору  як аксу  тасвиргирӣ  пеш омад.
Ин  раққосаи  парипайкар  як муъҷиза, як  шоҳкории  он  мардумони  зебопарасту  ҳунарманди мо  буда.
Як худи ин муҷассама  ба оламиён  мегуфт, ки  «Суғдиён аз азал  дилдодаи  санъатанд, дар ҳунару  ҳунарварӣ ҳамто надоранд. Санъати  онҳо  чун Хуршед, чун  оташи дили  ошиқон  ҳамаро  тасхир  карда,  нурафшонӣ  дорад.
Шунидам, ки  дар лаҳни хунёгарӣ
Ба рақс андаромад парипайкаре.
 «Муҷассамаҳои  раққосаҳои  Панҷакент -  образи ҷолиби  он  рақсҳои  зебоест, ки  хориҷиён  онро  «рақси  гирдбодвор»  номидаанд.  Раққосаҳо аз Чаҷа, Кумеда, Кеша, Маймурға ва бахусус, аз Самарқанд  ҷамъ мешуданд, дар хонае  аксҳое ёфт шуданд, ки дар онҳо  4 зан  суруд  мехонанду  якеашон  асбоби  мусиқӣ менавозад. Мусиқӣ  дар ҳаёти  мардуми  Суғди  қадим  нақши бузургеро мебозад.  Он вобаста  бо оину  маросимҳои  динӣ  мавқеи  муҳимеро  дар зиндагияшон  дошт.  Дар Панҷакент  9 асбоби  мусиқии тории  ҳархела  пайдо карданд, ки  яктои  он  нафасӣ, сетои  он зарбӣ ва панҷтои  он ба  гурӯҳи  асбобҳои  мусиқии худсадо  шомиланд.  Ба гурӯҳи  асбобҳои  мусиқии торӣ  кифар,  уд ва  барбат  дохиланд.  Удҳои  камоншакл дар расмҳои  Панҷакент  дар се нусха  тасвир  ёфтаанд.  Ба гурӯҳи  асбобҳои  мусиқии  зарбӣ  табли дутарафа шомил аст. Маълумот  роҷеъ  ба санъати  мусиқии Осиёи Миёна  дар қуруни  вусто  дар сарчашмаҳои  хитойӣ  низ вуҷуд  доранд.
Дар мусиқӣ ба гурӯҳи  асбобҳои  пешоҳанг: торӣ - барбат, уд ва нифар, нафасӣ - най ва найи Пана; зарбӣ - табл, худсадо - зангӯла ва дафу дойира дохиланд. Дар  ҳафриётҳои  Панҷакенти  бостон  18 намуди  асбобҳои  мусиқӣ  кашф шуданд.
Таҷрибаи  навозандагӣ  дар ин асбобҳо муддати  чанд  аср  тадқиқ мешаванд, вале  дар айни замон истифодаи  аз ҳама  муқаддамтари  онҳо  ба асрҳои  IV -III то мелод  тааллуқ доранд.  Корбурди аз ҳама  дертари  асбобҳои  мусиқӣ,  дар навиштаҷоти  Панҷакенти  асри VI-VIII ва дар ёдгориҳои  таърихии  Хитойи асри VII - IX сабт ёфтааст.
Дар солнома  хитойии  «Тайшу» омада, ки «Сокинони Суғд  майлу рағбате ба шароб дошта, рақсу сурудхониро дар кӯчаҳо  дӯст медоранд… Ҳангоми  2 - рӯза шудани моҳ  бо доираву  даф  ба рақсу сурудхонӣ  баромада,  сарморо  талаб  карда ва ба  якдигар  обпошӣ  мекарданд». Сатҳи баланди  инкишофи  санъати  мусиқӣ  боис шуд, ки санъаткорони  боистеъдоди  касбӣ  ба воя расанд. 
Бостоншиносон Б. И. Маршак ва ҳамсари ӯ В.И. Распопова ҳангоми  ҳафриёти  шаҳраки  Панҷакенти  қадим муҷассамаи  саворазани  олиҳа  Наннаро  пайдо карданд.  Нанна  чор даст  дорад, ки  бо онҳо  Офтоб  ва Моҳро  дошта истодааст.  Дар ин ҷо  муҷассамаи  шоҳи ҳайвонот  низ ёфт шудааст. Шери зинкардашуда ба олиҳа Нанна итоат  мекунад. 
Тимсоли  зани  чордастаи  олиҳа  дар иконографияи  динии  асримиёнагӣ дер боз  таваҷҷуҳи  мутахассисонро  ба худ  ҷалб  кардааст.  Дар нақшҳои  Панҷакент диққати  махсусро  ба худ  тахти  аждармонанд, ки болои  он Худо  нишастааст, ҷалб мекунад.
Агар ин ҳамаро аз наздик дидан хоҳед, ба Панҷакент биёед. Ин як ҳақиқати зебо аз ҳазорон аст, ки дар Тоҷикистон аст. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард. Ба ҳангоми ошноӣ ҳатман ба қадима будани ин миллати мутамаддин бори дигар эътимод мекунед ва бовар ҳосил менамоед, ки ин диёр на ба як дидан, балки ба ҳазор дидан меарзад. Диёрест пур аз ҳақиқат ва афсонаҳои ширин. Диёрест зебову дилрабо.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 78

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед