logo

иқтисод

ДАРБАНД. РӮ БА ОБОДӢ

Тибқи супориши вижаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иншооти хурду бузург қомат афрохта, он ба як шаҳраки зебою замонавӣ мубаддал мегардад.
Тавре мудири бахши сохтмону меъмории  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Маҳмадроиб Шоев ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, алҳол дар ҳудуди шаҳрак сохтмони як қатор иншооти ҳаётан муҳим ҷараён дорад. Соли ҷорӣ, тибқи нақша, барои корҳои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор 46 миллиону 334 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
То имрӯз аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузор  20 миллиону 540  ҳазор сомонӣ барои сохтмони марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасонию маишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аз худ гардида, дар аксари иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 4 иншоот ба маблағи 1 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта, то имрӯз танҳо барои сохтмони толори маҷлисгоҳ барои 350 ҷойи нишаст дар маркази шаҳрак 264,8 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Айни замон амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009 «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии «НБО Роғун» кӯчондани аҳолии ноҳияи Нуробод» идома дошта, аҳолии минтақаи зериобшаванда дар маҳалҳои бехавф бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.
Тибқи иттилои мудири бахши муҳоҷирати ноҳия Забиҳулло Эшонов,  дар маҷмӯъ 1 ҳазору 248 ҳоҷагӣ аз мавзеъҳои зериобшаванда ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кӯчонда шуданд. Аз ҷумла ба шаҳраки Дарбанд 539,   ноҳияи Рӯдакӣ 261, шаҳри Турсунзода 372 ва ноҳияи Данғара 256 хоҷагӣ кӯчонда шудаанд. Илова бар ин, 399 хоҷагӣ дар шаҳраки Дарбанд, 215 хоҷагӣ дар ноҳияи Файзобод ва 220 хоҷагӣ дар шаҳри Турсунзода қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтанд.
Имрӯзҳо дар шаҳраки Дарбанд, тибқи нақша ва муқаррароти асосии шаҳрсозӣ – сохтмонӣ, бунёди як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ, асфалтпӯш кардани роҳҳо, ҷобаҷогузории  қубурҳои обгузар, чароғон намудани кӯчаҳо ва  таъмини аҳолии шаҳрак бо оби ошомиданӣ идома дорад.                                              
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 124

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед