logo

иқтисод

РАШТ. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вобаста ба талаботи давру замон ҷиҳати ба роҳ мондани шаклҳои нави боғдорӣ ва зироаткорӣ, тарзи нигоҳубин ва нигоҳдории  маҳсулоти хушсифат, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару - тозаи кишоварзӣ,  инчунин, содироти он ба хориҷа, як қатор тадбирҳо роҳандозӣ намудааст.
Муовини раиси ноҳия Ғайниддин Маннонов зимни суҳбат гуфт, ки алҳол зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ кардани майдони боғот, аз ҷумла майдони боғҳои интенсивӣ, барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироат, бахусус кишти картошка ва хушзоткунии чорво дар мадди аввал қарор доранд. Имсол дар 70  гектар боғи нав бунёд, 161 гектар боғҳои куҳна барқарор гардид ва майдони кишти картошка ба 1205 гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 205 гектар зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ 61 миллиону 576  ҳазору 400 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои ҷорӣ) 697 ҳазору 300 сомонӣ зиёд аст.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли ҷорӣ  дар майдони 3108  гектар зироатҳои баҳорӣ кишт шуд.
Соли ҷорӣ кишоварзони  ноҳия дар бозори «Ховарон» - и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда, 29 тонна картошка, 5 тонна мева, 2,5 тонна сабзӣ  ва 550 кг гӯштро бо нархҳои нисбатан арзон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод  карданд.
Ба ғайр аз ин, дар маркази ноҳия - шаҳраки Ғарм хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 6 маротиба ярмаркаи фурӯши ниҳол гузаронда, 6  ҳазору 500 бех ниҳоли мевадиҳанда ва сояафканро ба фурӯш бароварданд.
Ҷиҳати беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар мавзеи Дашти Беоби Ҷамоати  деҳоти Ҳоит ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ ва ба масофаи 800 метр хобондани қубури  обгузар  ба  анҷом  расонда шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ясман канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км ва канали “Ҳисорак-1” ба масофаи 6 км  бо ҷалби соҳибкорон таъмир карда шуд. Инчунин, пойгоҳи обкашии «50 - солагии Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир ва 250 гектар замин  бо оби полизӣ таъмин гардид.
Бо дастгирии обистифодабарандагон наҳрҳои Сари Шӯхон ва Зуҳбед дар Ҷамоати деҳоти Аскалон, Шӯрак ва Яхакпаст дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва наҳри Қамбариён бо пойгоҳи обкашиаш дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда, ба истифода дода шуданд.
Дар ноҳия  барои  нигоҳдории  маҳсулоти  кишоварзӣ, бахусус картошкаю  мева,  айни  замон 17 анбор бо  ғунҷоиши  14710 тонна  мавҷуд  аст, ки  7 ададаш  бо ғунҷоиши  1400 тонна таъмирталабанд. Тибқи  «Барномаи  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия  барои солҳои  2017 - 2020»  дар  назар аст, ки соли  2019  анборҳо  ба  пуррагӣ  таъмир  карда  шаванд.
Илова  бар ин,  соли  ҷорӣ  аз  ҷониби  Агентии  захираҳои моддии давлатии    назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон    бо  ғунҷоиши  2000 тонна  маҳсулот сардхона сохта  ба  истифода  дода  мешавад.
Сохтани сардхонаҳои нав, таъмири анборҳое, ки барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ зарур арзёбӣ мешаванд, ҷалби техникаву  технологияи зарурии ҳозиразамон, таъмини заҳрхимикатҳо ва ҳалли проблемаҳои дигари соҳа мушкили деҳқононро бартараф намуда, барои рушду нумуи кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ имконоти хуб фароҳам меоранд.                                                                  
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 85

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед